Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндон ва ҳаёти пур аз хавф барои шӯхӣ


Дар кишварҳои зиёди олам шӯхии сиёсӣ паёмади аламовар дорад. Яке аз маъруфтарин базлагӯёни сиёсии ИМА Ҷон Стюард дар сӯҳбате бо Радиои Озодӣ иброз дошт, ки ӯ дар бораи таъсири иҷтимоии шӯхиҳояш ҳеҷ гоҳ фикр намекунад, вале марказҳои омӯзиши афкори умуми Амрико мегӯянд, Стюард яке аз чор рӯзноманигори мавриди эътимоди мардуми ин кишвар аст.

Стюард меафзояд: "Ба фикри ман, мардум шӯхиро дӯст медорад. Шӯхиро ҳам онҳое, ки бо сиёсат сару кор доранд ва ҳам онҳое, ки бо сиёсат коре надоранд, дӯст медоранд. Ҳадафи асосии мо ҳам ин аст, ки мардум аз шӯхии мо барои худ хулосае барорад. Яъне, ба ақидам ман, шумо метавонед бар асоси як иттилои аҳмақона ва ё шӯхиомез дарёбед, ки шумо бахше аз ин олам ҳастед. На бештар аз он. Фаҳмидед, ки мақсади ман чист? Яъне, ман фикр намекунам, ки онҳо шӯхии моро дида, аз он нерӯ мегиранд ё фикр мекунанд, ки воқеият ҳамон аст"

Аммо дар кишваре шабеҳи Эрон, ки дар рӯ ба рӯи интихоботи президентии 12 июн қарор дорад, шӯхиву мазҳака ҳамчун силоҳ арзёбӣ мешавад.

Иброҳим Набавӣ як марди хурдест, ки бо эҳсоси бузурги шӯхиву мазҳака ду дафъа зиндонӣ шудааст. Ӯ мегӯяд, бо навиштаҳояш ба яке аз ҷанбаҳои зидду нақизи Ҷумҳурии Исломӣ посух медиҳад. Набавӣ конфронси ахири СММ бахшида ба мубориза бо фашизмро хотирнишон мекунад, ки дар он президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод суханронӣ намуд.

Набавии 50-сола шаш соли ахирро дар Белгия сипарӣ намудааст, зеро шӯхиҳои ӯ ҳаёташ дар Эронро тоқатфарсо карда буданд. Набавӣ мегӯяд, ӯ ҳадаф надошт, базлагӯй ва ё ба истилоҳ "ҷосуси душманон" шавад, вале ин интихоб барояш ногузир будааст.

Дар ҳоле, ки Эрон ба интихоботи президентии 12 июн омодагӣ мегирад, Набавӣ дар бораи маъракаи ташвиқу тарғиб дар телевизиони давлатии Ҷумҳурии Исломӣ изҳор намуд.

Набавӣ дар солҳои 1998 ва 2000-ум бо иттиҳоми тавҳин ба раҳбарони Эрон ва таҳдид ба амнияти кишвар муддате дар боздошт будааст. Ба ҳар ҳол, Набавӣ умед дорад, ки рӯзе дар Эрон ҳукумати мӯътадил рӯи кор омада, имкон медиҳад, ки ӯ ба ватан баргардад.
XS
SM
MD
LG