Улмас Олимов, сармураббии дастаи мунтахаби варзиши сабуки Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, "дар шашумин давраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзишҳои майдонӣ байни наврасон дар шаҳри Брессанон беш аз 1300 варзишгари ҷавон аз 180 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд. Шарафи Тоҷикистонро се нафар - Сӯҳроб Хоҷаев ва Абдуқодир Баротов (гурзандозӣ), Александр Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) ҳимоя карданд".
Сӯҳроб Хоҷаеви 16-сола, донишҷӯи коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, ки дар сабқати интихобӣ дар гурӯҳи «А» панҷум буд, дар даври ниҳоӣ байни 12 варзишгари беҳтарин ҷои дуввумро касб кард. Вай гурзро ба масофаи 73 метру 29 сантиметр ҳаво дод, ки ин натиҷа нисбат ба рекорди пешини инфиродиаш 6 метру 69 сантиметр беҳтар аст.
Хонкю Чен, гурзандози Чин, бо натиҷаи 74 метру 94 сантиметр соҳиби медали тилло шуд. Томаш Кружляк, аз Словакия, бо натиҷаи 72 метру 17 сантиметр бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.
Абдуқодир Баротов бошад дар гурзандозӣ байни 39 нафар дар ҷои 16-ум қарор гирифт. Варзишгари дигари Тоҷикистон Александр Пронженко дар давидан ба масофаи 200 метр байни 66 нафар 42-юм шуд.
Ба гуфтаи Улмас Олимов, гурзандози ҷавони тоҷик Сӯҳроб Хоҷаев ба нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон, ки моҳи августи соли 2010 дар Сингапур баргузор хоҳад шуд, роҳхат гирифт.
Дар сабқати ҷаҳонии наврасон дар Итолиё мунтахаби Кения дар ҳисоби умумидастаӣ бо касби 6 медали тилло, 7- нуқра ва 1- биринҷӣ ғолиб шуд.