Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷарои хонаи тахрибшуда дар Заркамар


Атовулло Рақибов ҳамроҳи ҳамсараш Гулрӯ Ибодова афзори хонаашро аз зери хоку тахтапораҳо берун меорад
Атовулло Рақибов ҳамроҳи ҳамсараш Гулрӯ Ибодова афзори хонаашро аз зери хоку тахтапораҳо берун меорад

Атовулло Рақибов, сокини деҳи Заркамари ноҳияи Файзобод, ки хонаи ӯ бо амри додситон хароб карда шудааст, мегӯяд, то кунун ба доди ӯ касе нарасидааст.

Феълан ҳафт узви ин хонадон дар ҳавлии хонаи тахрибшуда зери як чодар ба сар мебаранд. Гулрӯ Ибодова, модари ин хонавода, дар бораи ҳодисаи тахрибшавии хонаи онҳо гуфт, як моҳ қабл нисфирӯзӣ як гурӯҳ, азҷумла намояндаи додситони ноҳия ва кормандони милиса бидуни огоҳӣ бо экскватор хонаашро чаппа карданд ва ба ӯ имкон надодаанд, ки маводи ғизоӣ ва афзори хонаашро берун биёрад. Вай мегӯяд, бархе аз ҳамсояҳо низ дар тахриби хонаи ӯ саҳм гирифтаанд.

Ин хонум гуфт, шароити номусоид фарзандонашро бемор кардааст ва яке аз онхо мубтало ба марази хоришак шудааст. Ӯ афзуд, бо чунин аҳвол наметавонад фарзандонашро дар мавсими нави хониш ба мактаб фиристад. Зеро, мегӯяд ӯ, барои харидории лавозимоти хониш ва сарулибос маблағ надорад.

Соҳиби хона Атовулло Рақибов мегӯяд, замони рух додани ин ҳодиса ӯ дар Русия будааст ва бо шунидани ин хабар пул қарз гирифта, ба ватан баргаштааст. Ӯ афзуд, бо вучуди муроҷиатҳои пайваста ба мақомоти марбута, азҷумла ба додгоҳи ноҳияи Файзобод, то ба имрӯз касе ба доди ӯ нарасидааст.

Ва замоне, ки мо аз ин хонахои харобшуда дидан мекардем, хамсояҳои поёнии ӯ ба назди мо омада, аз вазъи сангини ин хонадон изҳори нигаронӣ карданд. Шамъигул, як сокини ин маҳалла, мегӯяд, нисбати ин хонавода адолати иҷтимоӣ сарфи назар шудааст.

Хонаводаи Атовулло Рақибов ҳоло дар зери чодаре дар ҳавлии худ ба сар мебаранд
Ва аммо тахриби хонаашро Гулрӯ Ибодова аз ҳамсояҳои болоии худ мебинад, ки даъвои роҳи мустақими мошингард то дари хонаҳои худро доштаанд. Ин дар ҳолест, ки Гулрӯ Ибодова мегӯяд, як сол пеш аз паҳлуи ҳавлияш барои роҳи хамсояхо 6 метр ҷо додааст.

Ва дар робита ба ин ҳодиса мо ба ҳукумати ноҳияи Файзобод муроҷиат кардем. Зиёратшо Ятимов, муовини аввали раиси ноҳияи Файзобод, мегӯяд, тахриби ин хона дар асоси амри додситонии ин нохия сурат гирифтааст.

Вай гуфт соли 2004 дар асоси моддаи 104-и Кодекси замин, қарори додани замин ба шаҳрванд Рақибов Атовулло аз сӯи ҷамоати Мискинобод бо сабаби дар муддати се сол бунёд нашудани манзили зист дар ин замин бекор карда шудааст. Ба гуфтаи Зиёратшо Ятимов, аммо Рақибов Атовулло соли гузашта дар ин ҳавлӣ хона сохтааст.

Муовини аввали раиси ноҳияи Файзобод меафзояд, моҳи июни имсол дар робита ба худсарона ишғол шудани ин қитъаи замин ва бе иҷоза бунёд гаштани манзили зист дар он додситонӣ ва ҳукумати ноҳия қарор содир карданд, ки ин пораи замин ба ҳолати аввала баргадонида шавад.

Ва аммо Атовулло Рақибов ба ин гуфтаи мақомот розӣ нест. Вай мегӯяд, дар ин ҳавлӣ ҳануз аз соли 2000-ум хона бунёд кардааст ва соли гузашта онро аз нав сохтааст.

Ва дар ҳоле, ки соҳибони манзили зисти тахрибшуда бунёди як хонаи навро аз ҳукумат хостор шудаанд, аммо Зиёратшо Ятимов, муовини аввали раиси нохияи Файзобод, гуфт, ҳукумати ин ноҳия чунин имконро надоштааст.
XS
SM
MD
LG