Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бузургдошти Рӯзи Рӯдакӣ дар Тоҷикистон


Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бузургдошт аз Рӯзи Рӯдакиро омили таҳкими истиқлоли ин кишвар ва густариши раванди худшиносӣ ва худогоҳии миллати тоҷик арзёбӣ кардааст.

Президент Раҳмон ин матлабро дар паёми табрики ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ, ки ҳар сол 22-юми сентябр таҷлил мешавад, баён кардааст. Ин дар ҳолест, ки сӯҳбат бо бархе аз ҷавонон ва наврасон собит кард, ки онон аз Рӯзи Рӯдакӣ ва шарҳи ҳол ва осори ин шоири саршинос шинохти комиле надоранд. Ин дар ҳолест, ки Абӯабдулло Рӯдакӣ, сардафтари адабиёти клосикии форсу тоҷик буда ва соли 2008 дар Тоҷикистон аз 1150 – умин солрӯзи ин абармарди фарҳангу адаб ба таври расмӣ ҷашн гирифта шуд. Афзун бар ин фармони раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи эълом шудани 22-юми сентябр ба унвони Рӯзи Рӯдакӣ ҳанӯз моҳи майи соли 2002 интишор ёфта буд.

Навид, шоири тоҷик бар ин назар аст, ки паёмадҳои ҷанги дохилӣ ва бесарусомонӣ дар низоми таълим дар мадорис ва донишгоҳҳо дар шинохти Рӯдакӣ ба насли ҷавон асар гузоштааст: «Албатта, дар даврони Шӯравӣ дар мавриди Рӯдакӣ дар китобҳои дарсӣ шинохти иҷмолӣ вуҷуд дошт. Ҳамакнун, дар замони истиқлол низ ин шинохт тавассути ҷавонон ва бештари қишри ҷомеъа нокофӣ аст, ки таъсири ҷанги дохилӣ дар кишвар ва ноҳамвориҳо дар таълиму тарбия ба ин таъсир гузоштанд».

Ба эътиқоди Қурбони Восеъ, донишманди тоҷик, эълом шудани 22-юми сентябр ба унвони Рӯзи Рӯдакиро омили густариши худшиносии миллӣ ва боло бурдани маърифати фарҳангии ҷавонону наврасон дар бораи забону адаби бузурги тоҷик, ба хусус падари шеъри форсӣ медонад: «Аслан барои як миллатро миллат сохтан ва давлат сохтан миллати бедордил, огоҳ ва худшинос лозим аст. Ба ин далел Рӯзи Рӯдакӣ низ ба ин хотир аст. Зеро Рӯдакӣ маънавиётгустари тоҷик дар асри даҳ буданд».

Бо ин ҳам бархе аз соҳибназарон бар ин назаранд, ки таърихи хосеро барои бузургдошти чеҳраҳои фарҳангу адаби тоҷик эълом кардани давлати Тоҷикистон пайравӣ ба Эрон аст. Зеро дар тақвими Эрон рӯзҳои хосе барои бузургдошти саромадони фарҳангу адаби форсӣ, назири Ҳофиз, Саъдӣ, Умари Хаём ва ғайра вуҷуд дорад ва то аввалҳои даҳаи 2000 ройзании фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон чунин ҷашнҳоеро бо ширкати донишмандони тоҷику эронӣ таҷлил мекард.

Камол Насрулло, муовини раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон ин иддаоро рад мекунад: «Бакуллӣ нодуруст аст. Зеро аслан бузургдошти Рӯдакӣ ҳанӯз дар даврони Шӯравӣ пайдо шудааст ва ҳар сол дар назди Фарҳангистони илмҳо конфронси бузургдошти Рӯдакӣ баргузор мешуд. Аммо робитаҳо бо Эрон густариш меёбанд ва мо аз ҳамдигар меомӯзем».

Ба ин тартиб, дар муддати чанд соли ахир дар Тоҷикистон бо баргузории конфронсҳо ва сӯҳбатҳои мизи гирд ва мулоқот бо аҳли фарҳангу адаб аз Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Масъулони фарҳангии Тоҷикистон низ чунин тадобирро шароите барои боло бурдани ҷойгоҳи Рӯдакӣ дар миёни ҷомеъа ва ба хусус шинохти бештари насли ҷавон ба осори Рӯдакӣ талаққӣ мекунанд. Аммо Навид, шоири тоҷик мегӯяд, танҳо маҳдуд шудан ба чунин барномаҳои хушку холӣ ҷойгоҳи Рӯдакиро боло нахоҳад бурд, балки беҳтар аст, то маҳфилҳои рӯдакихонӣ дар тамоми муассисаҳои таълимии кишвар, аз боғчаҳои бачагона то донишгоҳҳо роиҷ гардад. Зеро, бо вуҷуди эълом кардани соли бузургдошти Абӯабдуллои Рӯдакӣ шинохти қофиласолори шеъри форсӣ ба сурати қаблӣ боқӣ мондааст. Ҳарчанд, дар соли гиромидошти 1150–умин солрӯзи Рӯдакӣ дар маркази шаҳри Душанбе боғе ба номи устод Рӯдакӣ бунёд шуд, аммо аз мушоҳидаҳо ҳокист, ки ташрифи ҷавонон ба ин чаманистон на ба хотири дарёфти маънавиёт, балки ба манзури тафреҳ аст. Дар ҳоле, ки меҳвари эҷодиёти Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро донишу хирад ташкил медиҳад.

Дар Тоҷикистон ба манзури бузургдошт ва арҷгузорӣ аз ин шахсият ноҳия, пажӯҳишгоҳ, донишгоҳ, муассисаҳои илмӣ ва фарҳангӣ, мактабҳо, кӯчаҳо номи Рӯдакиро дорад. Муҷассамаҳои падари шеъри форсӣ дар назди бархе аз муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ қомат афрохтааст. Ҳамчунин, ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ таъсис ёфтааст, ки барои эҷоди беҳтарин асар ба нависандагон, шоирон ва оҳангсозони тоҷик тақдим карда мешавад.
XS
SM
MD
LG