Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо ва интихоботи Тоҷикистон


Намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз беҳбуд наёфтани фазои интихоботӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардаанд.

Тибқи иттилоъи масъулони дафтари Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе омодагӣ ба интихоботи порлумонии Тоҷикистон дар меҳвари музокироти ҳайати баландпояи ин созмон бо масъулони аҳзоби сиёсии кишвар қарор доштааст.

Марк Фумагалӣ, мушовири сиёсии дафтари Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе низ ошноӣ бо фазои қабл аз интихоботи порлумонии 2010 дар Тоҷикистонро аз ҳадафи аслии сафари ин ҳайат, таҳти сарпарастии Ян Аксел Нордландер, сафири Шведсия дар умури ҳуқуқи башар унвон кард. Дар гузашта Иттиҳоди Аврупо эълом карда буд, ки ба Тоҷикистон дар баргузории раванди интихоботи порлумонӣ кумаки фаннӣ хоҳад кард.

Аммо Шамсуддини Саид, ки ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар музокирот бо ҳайати Иттиҳоди Аврупо намояндагӣ кардааст, мегӯяд аъзои ҳайат дар қиболи фазои интихоботии кишвар изҳори нигаронӣ дорад, «дар ин суҳбат он чӣ ман эҳсос кардам, нигаронии Иттиҳоди Аврупо аз тағйир наёфтани қонуни интихобот ва ояндаи он, ки ширкати мардум дар интихоботро зери суол мебарад. Изтироби ҳайати Иттиҳоди Аврупо ба мушоҳида мерасид».

Ин дар ҳолест, ки ҳарчанд пешнависи қонуни ҷадиди интихоботи порлумонӣ дар ҳоли баррасии Маҷлиси намояндагон қарор дорад, аммо порлумон лоиҳаи пешниҳодии ҳизби коммунистро, ки бақия азҳоби мухолиф низ аз он пуштибонӣ кардаанд, рад кард. Лағви гаравпулии ҳангуфти интихоботӣ ва шомил кардани намояндагони аҳзоби сиёсӣ ба комиссияҳо, ҳавзаҳо ва учаскаҳои интихоботӣ аз пешниҳодоти аслии ин тарҳ будааст, ки заминае барои баргузории интихоботи одилона ва демократӣ дар Тоҷикистон дониста мешавад.

Сафиаллоҳ Субҳонев, узви раёсати ҳизби коммунисти Тоҷикистон бар ин назар аст, ки Иттиҳоди Аврупо ҳеҷ мусоидате барои беҳбуди баргузории интихобот дар Тоҷикистон карда наметавонад, «ягон чӣ дигаргун намешавад.Зеро қонуни интихобот ҳамон тавре ки буд хоҳад монд. Пешниҳод дорам, созмонҳои байналмилалӣ ба умури давлати Тоҷикистон дахолат накунанд. Зеро ин созмонҳо нуфузу эътибор надоранд. Ҳадафи онҳо тафриқаандозӣ миёни аҳзоби сиёсӣ аст, коре дигаре карда наметавонанд».

Аммо Хоҷаназар Имомназаров, намояндаи ҳизби ҳокими халқӣ - демократи Тоҷикистон мегӯяд Иттиҳоди Аврупо созмони дастурдиҳанда нест, «он чӣ мавриди таъкид аст, ки намояндагони Иттиҳоди Аврупо таъкид карданд, ки мо на барои он омадаем, ки бо ангушт ба ҳар масъала ишора карда бигуем, ки ин корро кунед. Онҳо гуфтанд, ки барои ҳамкорӣ омадаанд ва танҳо дар ҳамкорӣ метавонанд мушкилотиро ҳал кунанд. Иттиҳоди Аврупо дастур намедиҳад, балки ҳамкорӣ мекунад».

Ин дар ҳолест, ки Шамсуддини Саид, намояндаи ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мӯътақид аст, ки "Иттиҳоди Аврупо набояд дар қиболи мушорикати мардуми ин кишвар дар интихоботи қарибулвуқуъи порлумонӣ бетафовут бошад, агар мардуме, ки то имрӯз дар чорабинҳои сиёсӣ бо руҳияи болида ширкат мекарданд ва дида мешавад рӯз аз рӯз эътимоди онҳо кам мешавад ва мардум худро дар идораи давлат ва қонунгузорӣ саҳим намедонад, оҳиста –оҳиста табдил мешаванд ба як нерӯҳое, ки метавонанд гурӯҳҳои дигари ифротӣ аз онҳо истифода кунад».

Аммо Шокирҷони Ҳаким, муовини раҳбари ҳизби сосиал – демократи Тоҷикистон ба мавқеи Иттиҳоди Аврупо назари дигар дорад, «воқеан Иттиҳоди Аврупо яке аз созмонҳои байналмилаии бонуфуз аст ва нодида гирфтани эродҳои ин созмон тавассути давлати Тоҷикистон пас ба иӯтисоди кишвар таъсири манфӣ хоҳад гузошт. Ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон кам шуда ва эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ коҳиш хоҳад ёфт. Аз сӯи дигар таъсири Иттиҳоди Аврпуо тавассути давлат бояд ба назар гирифта шавад. Зеро он мушкиле, ки дар муносиботи миёни давлати Тоҷикистон ва Россия ба вуҷуд омадааст, водор мекунад Тоҷикистон ба ҳарфи ин созмон гӯш андозад».

Таҷрибаи баргузории маъракаҳои интихобот дар Тоҷикистон гувоҳи он аст, ки бештари созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо натоиҷи ин тадобирро муғоир ба мавозини байналмилалӣ арзёбӣ кардаанд. Аммо бо гузашти замоне дида мешавад, мақеъи ин созмонҳо дар ин замина тағйир кардааст. Соҳибназарон мегуянд кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо бештар моиланд то бо Тоҷикистон ҳамкориро густариш бидиҳанд ва ба ин восита ҳузури бештаре дар минтақа дошта бошанд.
XS
SM
MD
LG