Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронӣ аз амнияти фазои иттилоотӣ


Дар як ҳамоиш дар шаҳри Душанбе аз густариши пахши барномаҳои расонаҳои кишварҳои ҳамсоя дар қаламрави Тоҷикистон изҳори нигаронӣ шудааст.

Зеро дар ин ҳамоиш таъкид шуд, ки воқеан мавҷи шабакаҳои радиоӣ ва телевизионии кишварҳои ҳамсоя, ба хусус Узбакистон дар манотиқи марзии Тоҷикистон қобили дарёфт аст.

Зафар Амакҷонов, сокини шаҳри Исфараи вилояти Суғд, дар ин бора мегӯяд, «ҳеҷ ҷои пинҳон кардан нест, ки фазои итилоотии мо бо мавҷҳои шабакаҳои радиоӣ ва телевизионии Узбакистон пур шудааст. Масалан шабакаи радиоии «Эхо долини», «Ёшлир», Ёшлар», каналҳои телевизионии «КТР», «ФарғонаТВ» ва ғайра фаъоланд, ки мардум ба роҳатӣ тамошо ва мешунавад. «Ёхо додини» даҳ сол боз пахш мешавад. Ҳатто дар моҳҳои июл – август дар фасли тобистон мардум ҳангоми зардолучинӣ бо худ радио мебаранд ва барномаҳои Узбакистонро гӯш мекунанд ва ҳатто аз тариқи телефон дар ин барномаҳо ширкат мекунанд».

Ин дар ҳолест, ки масъулони Иттиҳодияи ҷамъиятии «Хома» мегӯянд, дар бештари ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон сокинони маҳал на танҳо барномаҳои радиоҳо ва телевизонҳои Узбакистон, балки барномаҳои шабакаҳои радиоҳо ва телевизонҳои Афғонистонро низ ба роҳатӣ мешунаванд ва тамошо мекунанд.

Шаҳло Акобирова, раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии «Хома» мегӯяд, чунин вазъ дар чанд соли ахир ба зеҳнияти сокинони Тоҷикистон низ асар гузошта, ки ҳатто президенти кишвари худро намешиносанд. Вай афзуд, «соли гузашта чанд рӯзномаи тоҷик навишта буданд, ки вақте ки аз як мактаббача дар манотиқи марзӣ суол мекунанд, ки президенти Тоҷикистон кист? Вай дар посух мегӯяд: Ислом Каримов. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки писарбача аз хурдӣ ба тамошои радио ва телевизонҳои Узбакистон одат кардааст. Бадбахтона, ҳоло ҳам ин мушкил вуҷуд дорад».

Ин дар ҳолест, ин мавзӯъ мояи нигаронии куллия ҷомеаи Тоҷикистон, ба хусус созмонҳои рӯзноманигории кишвар шуда, аммо бо ин ҳам он гуна, ки Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттиҳоди журналистон, таъкид кард, дасти онҳо дар ҳалли ин қазия кӯтоҳ будааст. Вай гуфт, «мо дар бораи ин масъала бисёр нишастҳо доир мекунем ва мегӯем, аммо ин кофӣ нест. Мушкили аслӣ низ ин аст, ки чун фазои итилоотӣ холӣ шуд, ҳатман чизи дигар ҷои онро пур мекунад».

МАҲБУБИЯТИ ШАБАКАҲОИ УЗБАКӢ ДАР МАНОТИҚИ МАРЗӢ

Дар ҳамин ҳол Қадамҷон Сафиев, раиси Идораи назорат дар соҳаи алоқа ва иттилоотикунони Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон, ки ниҳоди танзимкунандаи фазои иттилоотии кишвар аст, гуфт, бозрасии муштараки мутахассисони тоҷику узбак дар манотиқи марзии ин кишвар мушаххас кард, ки 26 шабакаи радиоӣ ва телевизонии Узбакистон аз меъёр нерӯмандтар буда, ба пахши барномаҳои восити ахбори Тоҷикистон халал эҷод мекунад.

Вай гуфт, «тамоми санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ омода ҳастанд ва барои мувофиқа ба давлатҳои кишварҳо фиристодем. Умед дорем ин масъала ҳар чӣ зудтар шояд то як ё ду моҳи дигар ҳалли худро пайдо кунад. Фикр мекунам дар сурати дар сатҳи қарордоди миёни давлатҳо ҳал нашавад, танҳо роҳи ҳал насби фиристандаҳои радио ва телевизонӣ дар манотиқи марзӣ аст, ки ба ин васила мо метавонем пахши мавҷи шабакаҳои радиоӣ ва телевизионии кишварҳои дигарро бигирем».

Самад Ҳикматов, муовини раиси Кумитаи давлатии радио ва телевизони Тоҷикистон низ таъкид кард, ки ин ниҳод иқдомотеро ба манзури фарогирии фазои иттилоотии кишвар бо шабакаҳои радиоӣ ва телевизонии давлатӣ дар манотиқи марзӣ бо Узбакистон рӯи даст дорад.

Вай афзуд, «мо масъалаи пахши барномаҳои радио ва телевизионҳои худиро дар тамоми қаламрави Тоҷикистон зиёд карда истодаем. Фиристандаҳои тавоноияшон бузургро дар манотиқи марзӣ насб карда истодаем, ки имкон хоҳад дод, то пахши барномаҳо бештар шавад. Дар Исфара, Ворух, Чоркӯҳ, ки дар манотиӯи марзӣ бо Узбакистон ва Қирғизистон ҳастанд, насб шудааст».

Тибқи итилои ҷаноби Ҳикматов, ҳамакнун танҳо барномаҳои телевизони давлатии мавсум ба «Шабакаи аввал» ҳудуди 95 дарсади қаламрави ин кишварро фаро гирифтааст.

БАРНОМАҲОИ ЯКНАВОХТИ ШАБАКАҲОИ ТОҶИКИСТОН


Ин дар ҳолест, ки масъулони созмонҳои рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон бар ин назаранд, ки танҳо дар сурати пахши барномаҳои ҷолиб ва густариши радиоҳову телевизионҳои мустақил дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон, ба хусус манотиқи марзӣ бо Узбакистон аз пахши барномаҳои радиоҳо ва телевизонҳои ин кишвар метавон ҷилавгирӣ кард.

Зеро ба эътиқоди ин масъулон барномаҳои шабакаҳои радиоӣ ва телевизонии давлати Тоҷикистон рақобатпазир нестанд ва мӯҳтавои ин барномаҳо якнавохт буда ва дар бештари маворид сафарҳо ва суханрониҳои раисиҷумҳур такроран пахш мешавад, ки дар ниҳоят бештари сокинони кишвар рӯ ба дигар каналҳои телевизионии кишварҳои хориҷ оварда ва ҳатто аз шабакаҳои моҳвораӣ истифода мекунанд.

Пажӯҳиши созмони ҷамъиятии «Хома» дар чанд соли пеш собит кард, ки ҳудуди 70 дарсади шаҳрвандони шаҳри Душанбе барномаҳои шабакаҳои телевизионии моҳвораиро тамошо мекунанд. Ин дар ҳолест, ки Кумитаи давлатии радио ва телевизони Тоҷикистон аз ироаи литсензия ё иҷозатнома ба шабакаҳои мустақили радиоӣ ва телевизионӣ худдорӣ мекунад.

«САДДИ ЧИНӢ»-И КУМИТАИ РАДИО ВА ТЕЛЕВИЗИОН

Дар муддати се соли ахир масъулони панҷ радиои мустақил, дар манотиқи ҷануб ва шарқи Тоҷикистон талош карданд, то аз Кумитаи давлатии радио ва телевизион иҷозатнома дарёфт кунанд, аммо ин ниҳоди давлатӣ бо баҳонаи он ки бунёдгузорони ин шабакаҳо созмони хориҷист, онҳоро аз гирифтани иҷозатнома маҳрум кард.

Созмони Амрикоии Интернюс Нетворк омодагии хешро барои муҷаҳҳаз кардани ин шабакаҳо бо таҷҳизоти фаннӣ эълом карда буд. Ҳамакнун бо таваҷҷӯҳ ба «садди чинӣ»-и Кумитаи давлатии радио ва телевизИони Тоҷикистон дар роҳи рушди шабакаҳои мустақили радиоӣ ва телевизонӣ, Созмонҳои рӯзноманигорӣ қасд доранд то ба манзури ҳалли ин мушкил ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон муроҷиат кунанд. Зеро масъулони ин созмонҳо мегӯянд, таҷриба нишон додаст, ки танҳо иродаи раиси ҷумҳур метавонад ҳар гунна монеъагузориҳо тавассути ниҳодҳои давлатиро аз байн бибарад.

Тибқи омори расмӣ, ҳамакнун дар қаламрави Тоҷикистон 21 шабакаи мустақили радиоӣ ва телевизионӣ мавҷуд аст, ки бештари он дар шаҳрҳои калонтарини шимоли Тоҷикистон ва шаҳри Душанбе фаъол аст. Ин дар ҳолест, ки дар кишвари ҳамсояи Афғонистон, ки беш аз 25 сол боз нооромиҳо идома дорад, 30 шабакаи телевизонӣ ва 80 шабакаи родиёӣ фаъол аст.

XS
SM
MD
LG