Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши афроди мусаллаҳ дар шимоли Афғонистон


Раисиҷумҳури Афғонистон аз вуҷуди иттилоъ дар мавриди интиқоли афроди мусаллаҳи ғайриқонунӣ тавассути чархболҳо дар манотиқи шимол сухан гуфтааст.

Ин дар ҳолест, ки авзои Афғонистон дар ин авохир мояи нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ будааст. Президент Карзай, ки аз тариқи телевизиони миллии Афғонистон сухан мекард, гуфт, «мо гузоришҳое дар даст дорем, ки аз панҷ моҳ бад-ин сӯ ҳелекуптарҳое дар бархе аз манотиқ, аз ҷумла Қундуз, Бағлон, Самангон рафтуомад мекунанд ва афроди мусаллаҳро поин менамоянд. Ин гузоришҳо тавассути ниҳодҳои қудратии кишвар дода шуда ва гузоришҳои тозае дигаре низ дорем, ки ин талошҳо ба таври мармуз дар манотиқи шимол ва ғарб идома гирифтааст. Мо ин мавзӯъро таҳқиқ мекунем».

Аммо гуфта мешавад, ин хабар сокинони Кобулро ба ҳайрат нагузоштааст. Зеро чунин шоеот кайҳо боз дар миёни ин сокинон вуҷуд доштааст. Ҳилол Ҳилолӣ, узви комиссияи амнияти дохилии Вулуси Ҷирга, яъне маҷлиси поёнии порлумони Афғонистон низ чунин сарусадоҳоро таъид кард ва гуфт, «шоеоте дар гузашта тавассути мардум дар мавриди афроди мусаллаҳ вуҷуд дошт. Аммо касе нагуфтааст, ки шахсан худаш дидааст. Ҳамакнун, ки ин бор аз сӯи раисиҷумҳур матраҳ шуд, яқинан дар ин росто ба нерӯҳои амниятӣ иттилоот ва дастурро доданд, фикр мекунам, таҳқиқ хоҳад шуд».

Ҳодисаи бомбаборон шудани шудани васоили нақлияи НАТО дар Қундуз дастак барои Кремлин мешавад, ки дар музокирот бо Тоҷикистон бигӯянд, ки таҳдиди вуҷуд дорад ва ба ин васила онҳо аз пардохти маблағ барои пойгоҳи низомӣ худро канор хоҳанд кашид ...
Ба таъкиди ҷаноби Ҳилолӣ, гурӯхи вижаи вакилони мардумии Афғонистон иттилои Ҳомиди Карзайро тафтиш хоҳанд кард ва дар сурати воқеан ҷой доштани интиқоли Толибон, нерӯҳо ва кишварҳои зидахл дар ин қазия мушаххас хоҳанд шуд.

Ин дар ҳолест, ки Афғонистон дар манотиқи шимол бо Тоҷикистон марзи муштарак дорад. Аммо масъулони Вазорати дифои Тоҷикистон эълом кардаанд, нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дар ин ҳодиса даст надоранд.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон, дар ин бора гуфт, «он гумоне, ки масалан аз тарафи кишвари мо чунин коре сурат гирифтааст, ман қатъиян рад мекунам. Зеро мо ба умури кишвари дигар дахолат намекунем ва ба ҳеҷ кишваре лашкар намекашем».

Исмоил Раҳматов, коршиноси масоили амнияти мантақаӣ, низ дахолати кишварҳои Осиёи Маркази ба умури Афғонистонро рад мекунад, вале бар ин назар аст, ки ба эҳтимоли зиёд афроди мусаллаҳ ба манотиқи шимоли Афғонистон тавассути Покистон интиқол дода шудаанд. Ҳамзамон Раҳматов ҳадс мезанад, ки мумкин аст ин афроди мусаллаҳ аз мухолифони давлатҳои Осиёи Марказӣ бошанд.

Вай гуфт, «нерӯҳое, ки ба шимоли Афғонистон интиқол дода шудаанд, шояд аз мухолифони кишварҳои Осиёи Марказӣ бошанд. Зеро медонем, ки дар манотиқи шимоли Афғонистон ин гуна нерӯҳо, ба хусус аз Ҳаракати исломии Туркистон ва Ҳизби таҳрир, фаъолият мекунанд ва ба сар мебаранд».

Аммо Абдуғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, бо он ки чунин сарусадоҳоро як навъ муборизаи иттилоотӣ медонад, вале ҳамзамон мегӯяд ба ҳамчунин коре бештар Русия алоқаманд аст.

Ба гуфтаи ӯ, «ҳодисаи бомбаборон шудани васоили нақлияи НАТО дар Қундуз дастак барои Кремлин мешавад, ки дар музокирот бо раҳбарияти Тоҷикистон бигӯяд, ки таҳдид вуҷуд дорад ва ба ин васила онҳо аз пардохти маблағ барои пойгоҳи низомӣ дар қаламрави Тоҷикистон худро канор хоҳанд кашид».

Ин дар ҳолест, ки мавзуи пардохти маблағ барои пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои аслии сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав арзёбӣ мешавад. Қарор аст, ин сафар то як ҳафтаи дигар сурат бигирад. Қаблан дар расонаҳо эълом шуда буд, ки Тоҷикистон солона барои пойгоҳи низомии Русия пардохти маблағи 300 миллион доллари амрикоиро дархост кардааст.
XS
SM
MD
LG