Қонуни «Дар бораи афв» бо раъйи мувофиқи 56 вакили Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон ки дар иҷлоси имрӯз ширкат доштанд, қабул гардид. Шерхон Салимзода, намояндаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар порлумони ин кишвар гуфт, тибқи бандҳои ин қонун афв дар нисбати 10 ҳазор аз афроди маҳкумшуда ва таҳти тафтишу таъқиббуда мавриди иҷро қарор мегирад, ки аз онҳо чаҳор ҳазор сарбозоне ҳастанд, ки аз хизмат дар Артиш фирор кардаанд.
Ба гуфтаи оқои Салимзода, бар асоси қонуни ҷадиди афв, дар маҷмӯъ на камтар аз 3 ҳазор нафар аз зиндон ва тафтишу таъқиб раҳо шуда ва дар нисбати бақия афрод мӯҳлатҳои адои ҷазо коҳиш хоҳад ёфт. Ба ин тартиб интизор меравад, дар қадами аввал занҳо, кӯдакони ноболиғ, мардони аз 55-сола боло, маъюбони гурӯҳҳои 1, 2 ва 3, гирифторони бемориҳои сил, иштирокчиёни Ҷанги бузурги ватанӣ ва садамаи Чернобил шомили афв қарор гирифта ва озод хоҳанд шуд.
Ҳамзамон Абдуманон Холиқов, раиси Кумитаи дифоъ ва амнияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, тафовути қонуни ҷадиди афв аз қонунҳои қаблиро дар бардоштани маҳдудият нисбати афроде, ки аз беэҳтиётӣ даст ба ҷиноят задаанд ва заноне, ки сӯиқасд ба куштор кардаанд медонад ва мегӯяд, ин гуна ҷинояткорон озод ва ё шомили афв хоҳанд шуд. Аммо Холиқов гуфт, афроде, ки ҷиноятҳои вазнин назири куштор, хиёнат ба ватан ва ғайра кардаанд, дар нисбати онҳо қонуни афв татбиқ намешавад,
Аммо суоли матраҳ ин аст, ки афроди алоҳида, назири Ғаффор Мирзоев, Ёқуб Салимов ва Маҳмадрӯзӣ Искандаров, аз фармондеҳони собиқи Фронти Халқӣ ва Иттиҳоди мухолифони пешини давлат шомили афв хоҳанд шуд ё хайр?
Чанд рӯзе пеш Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ибрози умедворӣ карда буд, ки қонуни афв ба размандагони пешини Иттиҳоди мухолифони тоҷик ва силоҳбадастдони Фронти халқӣ ва низ ба нафароне чун Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Ёқуб Салимов ва Ғаффор Мирзоев татбиқ шавад.
Лоиҳаи қонун «Дар бораи афв» ҳафтаи гузашта тавассути Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба муносибати 15–умин солгарди Қонуни асосӣ ва бахшида ба гиромидошти Соли Имоми Аъзам Абуҳанифа Нӯъмон ибни Собит – пешвои мазҳаби ҳанафӣ ба порлумон ироа шуда буд
Ҳамин тавр бар асоси қонун, ниҳодҳои марбутаи давлатӣ дар муддати се моҳ афвро дар нисбати афроде, ки шомил он ҳастанд маврид иҷро қарор медиҳанд. Ҳарчанд дар қонунҳои қаблӣ муҳлати маврид амал қарор додани қонуни афв шаш моҳ дар назар гирифта шуда буд. Бархе аз вакилони порлумон гуфтаанд, ин мӯҳлат барои мавриди амал қарор гирифтани қонуни афв кофӣ нахоҳад буд. Аммо мақомоти давлатӣ мегӯянд, ин пешниҳод тавассути ниҳодҳои марбутаи давлатӣ сурат гирифта имкон хоҳад дод, то ҳар чи зудтар ин раванд анҷом бигарад.
Дар ҳамин ҳол пайомади мавриди афв қарор гирифтани теъдоди зиёде аз зиндониён ва афроди таҳти тафтишу таъқиб нигарониҳое дар миёни ҷомеа, ба хусус дар ҷиҳати афзудани мизони ҷинояткорӣ ба бор овардааст.
Бар асоси охирон қонуни афве, ки соли 2007 қабул шуда буд, 6731 нафар аз маҳбасҳои Тоҷикистон озод шудаанд. Ҳамакнун бар асоси омори расмӣ, теъдоди зиндониён дар Тоҷикистон дар ҳудуди 11 ҳазор нафар рақам зада мешавад. Аммо созмонҳои байнулмилалӣ ин рақамро 14 ҳазор хондаанд.
Ба гуфтаи оқои Салимзода, бар асоси қонуни ҷадиди афв, дар маҷмӯъ на камтар аз 3 ҳазор нафар аз зиндон ва тафтишу таъқиб раҳо шуда ва дар нисбати бақия афрод мӯҳлатҳои адои ҷазо коҳиш хоҳад ёфт. Ба ин тартиб интизор меравад, дар қадами аввал занҳо, кӯдакони ноболиғ, мардони аз 55-сола боло, маъюбони гурӯҳҳои 1, 2 ва 3, гирифторони бемориҳои сил, иштирокчиёни Ҷанги бузурги ватанӣ ва садамаи Чернобил шомили афв қарор гирифта ва озод хоҳанд шуд.
Бар асоси қонуни ҷадиди афв, дар маҷмӯъ на камтар аз 3 ҳазор нафар аз зиндон ва тафтишу таъқиб раҳо шуда ва дар нисбати бақия афрод мӯҳлатҳои адои ҷазо коҳиш хоҳад ёфт ...