Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Ричард Ҳолбрук


Субҳи 20-уми феврал Ричард Ҳолбрук, намояндаи вижаи ИМА дар Афғонистон ва Покистон, бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, мулоқот анҷом дод.

Душанбе яке аз истгоҳҳои навбатии силсиласафари фиристодаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон ва Покистон буд. То имрӯз ӯ бо мақомоти Исломободу Кобул ва Бишкеку Тошканд вохӯрд. Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Амрико, Ҳолбрук аз Тоҷикистон ба Туркманистон ва Қазоқистон меравад ва тарки Осиёи Марказӣ карда, ба Қафқоз ба Гурҷистон ва аз он ҷо ба Берлин хоҳад рафт.

Аммо дар Душанбе Ричард Ҳолбрук, фиристодаи вижаи Амрико дар умури Осиёи Ҷанубиву Марказӣ, хатари ал-Қоидаро ба Осиёи Марказӣ бештар аз Толибон арзёбӣ кард. Ӯ, ки ба суоли «оё дар Осиёи Марказӣ зуҳури гурӯҳҳои наздик ба Толибонро мебинад?» посух мегуфт, афзуд, ал-Қоида замоне террористони байнулмилалиро тарбият мекард. Оқои Ҳолбрук афзуд:
«Аммо ин масъалаи нигаронии умумии Иёлоти Муттаҳида ва тамоми кишварҳои минтақа аст. Ба ин кишварҳо ман Покистону Чин ва Ҳиндустонро низ ҳамроҳ мекунам»

Фиристодаи вижаи Амрико гуфт, раисҷумҳури Тоҷикистон барои ӯ маълумоти муфассалеро дар бораи вазъи Осиёи Марказиву Тоҷикистон ироа кард. Вай афзуд, аз бунёди пули бузурги рӯи дарёи Ому, ки Афғонистону Тоҷикистонро васл мекунад, аз Амрико сипосгузорӣ карда, хостори мусоидати Вашингтон барои сохмони як пули дигар, хатти баландшиддати барқи CASA – 1000 ва дигар тарҳҳои барои иқтисоди Тоҷикистон муҳим шудааст. Дипломати амрикоӣ гуфт, бо Эмомалӣ Раҳмон дар бораи масоили обу энержӣ, бахусус истифодаи зарфиятҳои Тоҷикистон барои ҳалли бӯҳрони обу энержӣ дар дигар қисматҳои минтақа, бахусус Покистону Ҳиндустон сӯҳбат кардааст. Оқои Ҳолбрук гуфт:
«Аз лиҳози қавмӣ, ҷуғрофӣ ва стратегӣ Тоҷикистон кишвари фавқулодда муҳим аст, агар кас як Афғонистони орому осоиштаро дидан хоҳад».

Ин вохӯрии саввуми Ричард Ҳолбрук, фиристодаи вижаи Амрико дар умури Покистону Афғонистон бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон тайи шаш моҳи ахир аст. Коршиносон мегӯянд, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷанги зидди террор муттаҳиди Амрикову НАТО ҳастанд ва силсиласафари фиристодаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон ва Покистон ҳамоно як заминасозиест, ки ба таҳаввулоти навин дар Афғонистони ноамн рабт дорад. Ба бовари онҳо, арзёбии ал-Қоида хатаре бузургтар аз Толибон барои Осиёи Марказӣ бозгӯи пуштибонии Вашингтон аз мусолиҳаи ҳукумати Афғонистон бо мухолифонаш аст.

Дар ҳамин ҳол, Абдуғаффори Камол, таҳлилгари тоҷик мегӯяд,:
«Ҷои пои ал-Қоидаро дар Тоҷикистону минтақа мо надидем. Шояд фурсат надошт ва ба ҳар ҳол, дар Афғонистон саркӯб шуд. Баъзе таҳаррукоте, ки аз сӯи Ҳаракати исломии Ӯзбакистон дар минтақа шуда буд, замоне сурат гирифт, ки мо намедонем бо ал-Қоида робитае доштанд ё не. Аммо Толибон хатар доранд. Агар дар Афғонистон ба қудрат расанд, на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои Осиёи Марказӣ хатар доранд. Ҳатто метавонам гӯям, ки ин хатари физикӣ аст. Он худхоҳиҳо ва баландпарвозиҳо, ки Толибон дар гузашта аз худ нишон доданд, яъне ҳанӯз Кобулро нагирифта, изҳорот дар бораи ин тарафи Омӯ мекарданд, нишон медиҳад, ки ҳам худ хатар доранд ва ҳам дигар кишварҳо метавонанд аз вуҷуди онҳо дар Афғонистон барои бесубот кардани Осиёи Марказӣ истифода баранд»

Аммо коршиносони тоҷик бар ин назаранд, ки ҳузури нерӯҳои Амрикову НАТО дар Афғонистон ҳамоно ягона сипар аз хатари тундгароёни Толибон ва террористони ал-Қоида аст. Онҳо мегӯянд, агар Амрико тавонад Толибонро тариқи ба қудрат овардани намояндагонашон дар Афғонистон ором кунад, низ аз муваффақиятҳои ҷомиаи ҷаҳонӣ хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG