Вақте ба ҳавзаи интихоботӣ ворид шудем, ба назар мерасид ,ки корҳои ташкилӣ барои интихобот хуб ба роҳ монда шудаст. Аммо гуфтанист, 3 ғурфаи райъдиҳӣ дар ин ҳавза ба теъдоди интихобкунандагонаш, ки ба беш аз 2000 нафар мерасид, мувофиқат намекард.
Ҳамчунин, иштироки нозирони аҳзоби сиёсӣ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ чандон чашмрас набуд. Баробари ворид шудан ба ин ҳавза мо дидем, ки намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ ва як нозири байналмилалӣ ҳузур доштанд, ки онҳо низ ба сӯҳбати худ машғул буданд. Пасон ба онҳо намояндаи Ҳизби халқӣ - демократӣ ва аз ҳама дер Ҳизби коммунист пайвастанд. Гуфтанист, ҷойи нишасти нозирон низ чандон мувофиқ набуда, онҳо имкони пурраи назорати ҷарраёни райъдиҳиро надоштанд.
Тибқи мушоҳида, нозирони аҳзоби халқӣ - демократӣ ва наҳзати ислом бештар фаъол буданд. Дар соатҳои аввали райъдиҳӣ бархе аз донишҷӯён ҳамзамон ду ва ё се нафарӣ ба ғурфаҳои овоздиҳӣ ворид мешуданд.
Ҳарчанд шумори донишҷӯёне низ кам набуданд, ки оид ба номзадҳои дар варақаҳои интихоботӣ сабт шуда маълумоти кофӣ доштанд, аммо дар баробари онҳо теъдоди дигар, қабл аз даромадан ба ғурфаҳо аз дигарон машварат мепурсиданд.
Ба хотири пайгирии бештари мавзӯъ, аз ҳавзаи рақами 34 ба ҳавзаи 8 пойтахт равон шудем. Ин ҳавза барои райъдиҳии беш аз 600 нафар пешбинӣ шуда буд. Лаҳзаҳои аввали ба онҷо рафтан, ки соат 11 буд, толорро орому бидуни овоздиҳандагон дарёфтем. Ташкилкунандагони маъракаи интихобот дар ин ҳавза ба ҷавононе, ки бори аввал аз ҳаққи райъдиҳиашон истифода мебурданд, китобчаи таърихӣ ва қалам тақсим мекарданд.
Ба гуфти масъулони ин ҳавза, ҳамагӣ намояндаи панҷ ҳизби довталаб ҷараёни райъдиҳиро дар инҷо назорат мекарданд, аммо мо танҳо намояндагони ҳизбҳои дар боло зикр карда ва Сотсиал - демократро дидем.
Дар ин ҳавза бештари райъдиҳандагон солхӯрда буданд. Як зани рус аз он шикоят кард, ки ба ӯ варақаи интихоботиро ба забони тоҷикӣ додаанд ва ӯ мустақилона натавонистааст аз матни варақа истифода кунад.
Дар пайи назорат аз ду ҳавзаи интихоботӣ ба чунин хулоса омадем, ки аз як сӯ шаҳрвандонӣ одӣ дар бораи номзадҳои пешниҳод шуда иттилоъи кам доранд ва аз сӯйи дигар бархе аз шахсони боэътимоди аҳзоб камфаъоланд ва худ дар мавриди тарзи дурусти гузарондани интихобот маълумот надоранд . Дар баробари ин, ҳатто дар ҳолати мушоҳидаи нақзи қонун барои эътироз ҷасорат нишон намедоданд.