Рӯи кор омадани шахсе ки ба қавли коршиносон аз наздикони Президент аст, эҳтимол баъзе сару садоҳо дар бораи такия ба хешу ақраборо афзоиш медиҳад.
Саймуддин Дӯстов, коршинос дар умури сиёсӣ мегӯяд, ба ин вазифаи бояд нафаре таъин мешуд, ки дар амалӣ кардани сиёсати давлати Тоҷикистон дар ду соли оянда ва ҳимоят аз сохтмони нерӯгоҳи Роғун мусоидат карда тавонад. Вай афзуд: “Ба вазифаи раиси Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон бояд нафаре таъин мешуд, ки бо марказҳои гуногуни тасмимгирӣ дар Тоҷикистон баробар ё болотар аз онҳо сӯҳбат карда тавонад. Интихоби Матлубхон Давлатов вобаста ба ин сифатҳо ба назар гирифта шудааст.”
Оқои Дӯстов афзуд, Матлубхон Давлатов дар берун омадан аз бӯҳрони иқтисодӣ ва беҳтар шудани нишондодҳои иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон дар соли 2009 нақши муҳим бозидааст.
Матлубхон Давлатови 60 - сола номзади улуми иқтисод аст. То соли 1994 дар Академияи улуми Тоҷикистон ва Шӯрои Вазирони Тоҷикистон кор кардааст. Устоди иқтисод дар Донишнгоҳи давлатии Тоҷикистони буд. Аз соли 1993 то 2001 муовин ва раиси Кумитаи давлатии идораи амволи давлатӣ ва то соли 2006 раиси Кумитаи назорати давлатии молиявии Тоҷикистон буд.
Аз соли 2006 то ба ҳол вазифаи мушовири давлатии сиёсати иқтисодии раисҷумҳури Тоҷикистон иҷро мекард.
Коршиносон фаъолиятҳои ӯ дар Кумитаи давлатии идораи амволи давлатиро торик арзёбӣ мекунанд, ба он далел, ки маҳз дар ин марҳала як давраи хусусигардонӣ дар Тоҷикистон анҷом ёфт. Ба қавли онҳо, ин раванд суолҳоеро бар ҷой гузоштааст, ки то ҳол посухи худро пайдо накардаанд.
Матлубхон Давлатов дар симати раиси Дастгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон Амиршо Миралиев, яке дигар аз мансабдорони «дарозумр» -и ҳукумати Эмомалии Раҳмонро иваз мекунад, ки ахиран дар садри рӯйхати Ҳизби халқӣ - демократӣ намояндаи парлумон шуд.
Коршиносон мегӯянд, ин ба он маънист, ки Давлатов низ мисли Миралиев аз афроди наздик ба раисҷумҳури Тоҷикистон аст.
Амнияти Абдулназар, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ мегӯяд, дар вазифаи раёсати Дастгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон солҳои ахир танҳо афроди вафодор ба шахси раисҷумҳур таъин мешаванд: «Ҳама чӣ вобаста аст ба садоқати ин фард ба ҷаноби раисҷумҳур ва бояд як риштаи хешигарӣ ба ӯ дошта бошад. Ба ҳамин хотир интихоб шудааст, на ба он хотир, ки ин шахс дар Тоҷикистон маъруф аст ва метавонанд корҳои дастгоҳро ба як ҳолати хуб биёранд»
Иддае аз коршиносон ба раисии Дастгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон таъин шудани Матлубхон Давлатовро ба ҷуз таҷриба, дар қаробати хешовандии ӯ бо раисҷумҳур низ арзёбӣ мекунанд. Расман ин иттилоъ таъйид нашудааст ва дар ин маврид танҳо дар расонаҳо гуфта мешавад. Аммо коршиносон мегӯянд, аз ҷумлаи хешовандони раисҷумҳур дар ҳукумати Тоҷикистон чанд нафар фаъолият мекунанд, аз ҷумла писари ӯ Рустами Эмомалӣ ва духтари ӯ Озода Рахмонова, ки муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон аст.
Ҳамчунин ахиран домодҳои раиси ҷумҳур Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молия ва Маҳмадзоир Соҳибов, директори Оҷонси хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди ҳукумати Тоҷикистон таъин шуданд.