Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти Ботақозиев норавшан боқӣ мемонад


Неъматулло Ботақозиев, ҳомии ҳуқуқи башари қирғизистонӣ
Неъматулло Ботақозиев, ҳомии ҳуқуқи башари қирғизистонӣ

Бо гузашти як моҳ аз боздошти Неъматулло Ботақозиев, ҳомии ҳуқуқи ӯзбактабори Қирғизистон, дар Душанбе сарнавишти ӯ ҳанӯз норавшан боқӣ мемонад.

Зариф Ализода, омбудсмен ва ё ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон мегӯяд, қазияи Ботақозиев ҳанӯз таҳти баррасии ниҳодаш қарор дорад ва як далели таъхир рӯзҳои ахири истироҳат будааст.

Вокуниши созмонҳои байналмилалӣ


Ахиран нигарониҳои созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи башар дар мавриди сарнавишти Неъматулло Ботақозиев, ҳомии ҳуқуқи Қирғизистон афзудааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки аз нигаҳдории ӯ дар боздоштгоҳи муваққатӣ як моҳ мегузарад ва тибқи қонунгузории Тоҷикистон, ӯ бояд раҳо карда шавад. Созмонҳои байнулмилал аз он нигаронанд, ки мақомоти Тоҷикистон эҳтимол ӯро ба Қирғизистон таслим хоҳанд кард.

Аммо дар сӯҳбатҳои бидуни микрофон мақомоти Тоҷикистон то ба ин марҳала расидани қазияро рад карданд ва аз ироаи тафсилоти бештар ҳам худдорӣ меварзанд.

Дар ҳамин ҳол, Бозорбой Одилов, вакили дифои Ботақозиев, ки то ба ҳол натавонистааст бо ӯ вохӯрад, мегӯяд, нафари таҳти ҳимояташро хадамоти махсуси Қирғизистон таҳти бозпурсӣ қарор додаанд. Вай афзуд, барои вохӯрдан бо нафари таҳти ҳимояташ ӯ ба Додситони Кулли Тоҷикистон ва сафорати Қирғизистон мактуб навиштааст.

Неъматулло Ботақозиеви 43-сола, ки аз соли 2004 дар созмони «Адолати додгоҳӣ - Ҳақиқат»-и мустақар дар шаҳри Ӯш кор мекард ва бо масоили ақаллияти ӯзбакҳо ва мардуми муттаҳам дар тундгароӣ дар ҷануби Қирғизистон ихтисос дошт.

Мақомоти Қирғизистон соли 2008 дар баробари аъзои Ҳизбуттаҳрир сӣ корманди созмони «Адолати додгоҳӣ - Ҳақиқат»-ро низ дар баргузории тазоҳуроти ғайриқонунӣ дар ҷануби Қирғизистон муттаҳам карданд.

Саргузашти Ботақозиев дар Тоҷикистон

Неъматулло Бӯтақозиев як сол аз тақиби мақомот паноҳ бурд ва аввали соли 2010 бо зан, се фарзанд ва бародараш ба Тоҷикистон омад.

Аммо рӯзи 26 феврал дар шаҳри Душанбе баъд аз хуруҷ аз бинои дафтари комссариати олии СММ дар умури паноҳандагон ӯ бе ному нишон шуд ва танҳо 15 март маълум шуд, ки ӯ дар боздоштгоҳи муваққатие дар Душанбе ба сар мебарад.

Масъулини дафтари комссариати олии СММ дар умури паноҳандагон дар Душанбе мегӯянд, кӯшишҳои онҳо низ дар бораи рӯшан кардани қазия натиҷа надодааст, аммо дар баробари дигар созмонҳои байнулмилал, аз ҷумла Дидбони ҳуқуқи башар ё Ҳюман Райтс Вотч аз он нигаронанд, ки Ботақозиев ба мақомоти Қирғизистон таслим нашавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Қирғизистон ҳоло дар баҳсҳои минтақавӣ, қабл аз ҳама баҳси обу сохтмони тарҳҳои бузурги энержӣ ҳамчун кишварҳои болооб дар як сангар қарор доранд. Ҳамчунин боздошт ва додугирифти ҷинояткоронро ба ду кишвар қарордоду созишномаҳо дар доираи ИДМ ҳамвор мекунад.

Нигарониҳо аз имкони истирдоди ҳомии ҳуқуқи башар

Аммо Тоҷикистон зери ду санади байнулмилалӣ, яке Эъломия алайҳи шиканҷа ва бадрафторӣ ва дигарӣ, Эъломияи муҳоҷирин низ имзо гузоштааст. Тибқи ин санадҳо, Тоҷикистон муваззаф аст ягон нафарро ба кишваре таслим накунад, ки он ҷо шиканҷаву бадрафторӣ алайҳи боздоштшудагон вуҷуд дорад.

Қирғизистонро созмонҳои байнумилал ҳамин гуна кишвар арзёбӣ мекунанд. Тоҷикистон низ истисно нест, аммо тибқи иттилои Дафтари муҳоҷирати СММ, ин кишвар ҳанӯз нафареро ба кишвари дигар таслим накардааст.

Абдуғанӣ Муҳаммадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, мегӯяд, ҳамчунин масъала, ки Ботақозиев ба Қирғизистон таслим карда шавад, миёни ду кишвар вуҷуд надорад:

«Дар ҳарду кишвар чунин шаҳрвандонро, ки ба дифои ҳуқуқи башар машғуланд, на фарзанди «худӣ», балки «угай» меҳисобанд, онҳоро хуш надоранд. Аз ҳамин хотир, таслим кардан ё додугирифти ин қабил афрод дар сиёсатҳои ду кишвар таъсири муайян надорад»

Коршиносон мегӯянд, дар ҳоле ки ду кишвар дар талошҳои минтақавӣ барои дифоъ аз манофеи умумимиллӣ дар як сангар қарор доранд ва пуштибонии байнулмилалиро меҷӯянд, бо ин муомилаи ночиз наметавонанд дар баробари кишварҳои ҳамсояашон, минҷумла Ӯзбакистону Қазоқистон ва Туркманистон, ки дар таъқиби ҳомиёни ҳуқуқ аз онҳо пешгомтар ҳастанд, қарор гиранд.

Бо гузашти як моҳ рӯшан нашудани сарнавишти Бӯтақозиев дар Душанберо низ онҳо кашол додани қазия унвон мекунанд, ки оқибат бо раҳоияш анҷом хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG