Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи орому сокити Иди меҳнат дар Тоҷикистон


Ҷашни Рӯзи байналмилалии меҳнаткашон 1-уми май дар шаҳри Душанбе бидуни маъракаҳову ҷамъомадҳои идона сурат гирифт. Дар ин рӯз ҳатто ҳузури мардум дар кӯҷаву хиёбонҳо ва ҳаракати нақлиёт дар қиёс бо рӯзҳои корӣ камтар ба назар мерасад.

Таҷлили 1-уми май, маъруф ба Иди меҳнат ва ё иди якдилии заҳматкашони дунё, ки тайи даврони Шӯравӣ ва ибтидои истиқлолият дар Тоҷикистон ботантана ҷашн мешуд, сол то сол камранг мешавад.

Имрӯз дар Душанбе кӯчаҳои як замон пур аз шӯру валвала ва тантанаҳо сокиту хомӯшанд. Овезаву шиорҳои якумимайӣ ба чашм намехӯранд. Ба ҷуз овезаҳои марбут ба Роғун ва шиорҳои ватандӯстӣ дар пойтахт ҷо–ҷо овезаву шиорҳои марбут ба 9 май - Иди Ғалабаро дидан мумкин аст.

Иди меҳнат ҳамраъйии меҳнаткашон аз 1 майи соли 1886 ибтидо мегирад, ки дар шаҳри Чикагои Амрико коргарон бо талаби рӯзи кории 8 – саоата ба майдон рехтанд ва ин тазоҳурот ба задухӯрди хунин бо пулис анҷом ёфт. Соли 1889 Кунгураи порисии Интернатсионали II дар бораи ҳамасола баргузор кардани намоишҳо дар ин рӯз қарор баровард ва аввалин намоишҳои ҳамраъйии меҳнаткашон соли 1890 дар Австро-Венгрия, Белгия, Олмон, Дания, Испания, Италия, ИМА, Норвегия, Франция, Швеция ва дигар кишварҳо баргузор шуданд.

Ҳукумати Шӯравӣ баъд аз соли 1917 иди меҳнат ва ҳамраъйии меҳнаткашонро дар амри муборизаҳои идеологиаш бо «ҷаҳони сармоя» яке аз идҳои муҳим медонист ва таҷлили онро дар саросари Шӯравӣ ба роҳ андохт.

Тоҷикистон, ки қисмате аз Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумор мерафт, ин идро то истиқлолият бо шукӯҳу тантана ҷашн мегирифт ва ба истиснои чанд соли оғози даврони нав ҳоло ин рӯз агарчи рӯзи истироҳат эълом шудааст, тадобири вижае барои баргузории ин ид андешида намешавад.
XS
SM
MD
LG