Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати тандурустӣ: Фалаҷи кӯдак рафъ мешавад


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то 15 рӯзи дигар хатари полиомелит ё фалаҷи кӯдак аз кишвар рафъ хоҳад шуд.

Аъзам Мирзоев, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, далели чунин итминон ширкати густардаи мардум дар маъракаи эмкунӣ аст, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз фалаҷи кӯдак имрӯз дар кишвар шурӯъ шудааст.

Дар ҳоли ҳозир, маъракаи эмкунии атфол дар шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он - Рӯдакӣ, Ҳисор, Варзоб ва Ваҳдат идома дорад ва дар бақия навоҳии умдатан ҷанубу ғарби Тоҷикистон идома пайдо хоҳад кард.

Тибқи иттилои вазорати тандурустии Тоҷикистон, 4 миллион ваксине, ки аз Бунёди байнулмилалии атфоли СММ дарёфт шудааст, то 5 июни моҳи оянда ба мардум расонида хоҳад шуд.

Бозгашти фалаҷи кӯдакон баъд аз 13 сол


Тоҷикистон соли 2002 худро кишвари орӣ аз фалаҷи кӯдак эълом карда буд. Тибқи иттилои расмӣ, охирин нишонии полиомелит ё фалаҷи кӯдак дар Тоҷикистон соли 1997 ба ҳисоб гирифта шуда, аммо саросарӣ набудааст.

Хуруҷи ин маризӣ ба моҳи апрели соли равон рост меояд, ки то ба ҳол, тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии беҳдошт 12 кӯдакро ҳалок карда, аз 172 нафари таҳти муроқибат, дар 32 нафар нишониҳои полиомелити ваҳшӣ ошкор шудааст. Бузургтарин нафари гирифтори ин мариз 24 – сола будааст.

Омӯзиши маризӣ


Дар ҳамин ҳол, Аъзам Мирзоев, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон, бар он аст, ки барои ниҳодаш муҳимтар аз ҳама дақиқ кардани ин маризӣ буд.

Вай гуфт, «акнун шумора нақш намебозад, зеро маризӣ аниқ шудааст. Мо кор мекунем. Дигар чӣ рақам пеш меояд, муҳим нест, зеро мо медонем, ки бо кадом маризӣ сарукор дорем. Худо хоҳад, то 15 рӯзи дигар ин хатар аз Тоҷикистон нест мешавад».

Вуруди беморӣ аз Ҳиндустон

Оқои Мирзоев мегӯяд, то ба ҳол маълум шудааст, ки манбаи фалаҷи кӯдак барои Тоҷикистон иёлати Уттар-Прадеши Ҳиндустон аст, аммо то ба ҳол маълум нашудааст, онро кӣ ба кишвар овардааст.

Як ҳайати коршиносони Созмони ҷаҳонии беҳдошт низ ҷиҳати омӯзиши вазъ дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ки эълом доштаанд онҳо на фақат полиомелит, балки дигар маризиҳои сироятиро низ таҳқиқ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG