Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Конгресс: "Пули Амрико ба дасти ошӯбгарон мерасад"


Дар як гузориши нави Конгресси ИМА таъкид шудааст, ки бо ҳадафи таъмини амнияти корвонҳои икмолоти сарбозони эътилофи байнулмилалӣ дар Афғонистон ниҳодҳои Амрико аз шабакаи начандон рӯшани ҷангсолорҳои афғон истифода мебаранд.

Зеркумитаи амнияти миллӣ ва умури хориҷии Конгресси ИМА баъди пажӯҳиши шашмоҳаи таъминоти сарбозони ИМА ва паймони НАТО дар қаламрави Афғонистон изҳор намуд, ки ниҳодҳои ҳукуматии ИМА дар таъмини амнияти корвонҳои икмолоти низомиён аз кумаки шабакаи ҷангсолорҳои шубҳабарангези афғон истифода мебаранд.

Муҳофизони корвонҳои НАТО - қумондонҳои афғон

22-юми июн ҳангоми баҳси масъала дар Конгресс вакили демократ Ҷон Тиерний гуфт, вазорати мудофиаи ИМА назорат ва раҳбарии таъминоти сарбозон дар хоки Афғонистонро ба ширкатҳои хусусӣ дода, вазъи фоҷеабор ба вуҷуд овардааст:

"Вазорати мудофиа назорати тақрибан тамоми унсурҳои фаъол дар шабакаи таъмини озуқа, маводи сӯхт ва таҷҳизоти заруриро ба маҳал интиқол додааст. Зиёда аз он сарфи назар аз дастури муроқибати шадиди муҳофизони хусусӣ дар манотиқи ҷангзада вазорат назорати иҷрои вазифаҳоро ба ниҳодҳои хусусие супурдааст, ки ин ҷангсолорҳоро киро кардаанд."

Феълан вазорати мудофиаи ИМА як ширкати хусусии амрикоӣ бо номи "Host Nation Trucking"-ро масъули амнияти корвонҳои икмолотӣ таъйин кардааст, ки дар навбати худ ҷангсолорҳо, қумондонҳо ва раҳбарони гурӯҳҳои ниманизомии афғонро дар таъмини амнияти корвонҳо истифода мебарад.

Ба қавли муфаттишон, аз Конгресс корвонҳое, ки ба ин ҳомиён пешакӣ пул намепардохтаанд, аснои ҳаракат мавриди ҳамла қарор мегирифтаанд.

Тиерний мегӯяд, ин шакли ҳамкорӣ боиси авҷи ҷангсолорӣ, фасод ва ҳатто таъмини молии душманон шудааст, зеро пули андозсупорони амрикоӣ ҳамчун ҳаққи заҳмат барои таъмини амният ба гурӯҳҳои номаълум супурда мешавад.

Сарчашмаи молӣ барои Толибон?

Дар гузориши конгресси ИМА ин маблағ яке аз сарчашмаҳои таъмини молии Толибон унвон гирифтааст. Тибқи гузориш дар баъзе минтақаҳои вилояти нооороми Ҳилманд муҳофизони хусусӣ ба хотири таъмини амнияти як мошини боркаш то 15 000 доллари амрикоӣ талаб кардаанд.

Коршиносон мегӯянд, нерӯҳои паймони НАТО ва сарбозони амрикоии мустақар дар Афғонистон хоҳу нохоҳ аз кумаки ширкатҳои хусусӣ дар интиқоли корвонҳои икмолотӣ кор мегиранд, зеро пойгоҳҳои эътилофи байналмилалӣ дар беш аз 200 минтақаи аксаран дурдасти Афғонистон ҷойгир шудаанд.

Намояндагони вазорати мудофиаи ИМА, ки аснои баҳси масъала дар Конгресс ҳузузр доштанд, иттиҳоми сӯйистифода аз муҳофизони хусусиро инкор намуданд. Вакили ҷумҳурихоҳ Ҷеф Флейк ба ҷавобҳои низомиён фаҳмиш нишон дод, вале дар айни замон афзуд:

"Ман хурсанд мешудам, агар касе мегуфт, ки "ҳой мардум ин нархи ҳузур дар Афғонистон аст". Ин ҳамон корест, ки мо карда метавонем. Мо набояд мисли Шӯравиҳо аз чор се ҳиссаи нерӯҳоямонро барои ҳифзи корвонҳои икмолот масраф намоем. Тавре онҳо ҳангоми ишғоли Афғонистон карда буданд. Мо ин масъаларо мефаҳмем, вале тавре мебинем чизи зиёде барои шунидан нест."


Таъмини амният бар души артиши миллӣ мегузарад

Намояндагони вазорати мудофиаи ИМА хотирнишон карданд, ки дар ду соли оянда масъулияти таъмини амният дар роҳҳои Афғонистон бар дӯши артиши миллии ин кишвар мегузарад. ИМА барномаҳои дарозмуддати эҳёи Афғонистонро мадди назар гирифта, аз ниҳодҳои мулкии амрикоӣ борҳо дархост намудааст, ки дар Афғонистон боқӣ монанд.

Бо афзоиши шумори қурбониҳо дар байни сарбозони эътилофи байналмилалӣ дар мамолики ғарбӣ ва аз ҷумла ИМА пуштибонии мардумӣ аз ҷанг дар Афғонистон коҳиш меёбад.

Таҳлилгарон бо ишора ба мусоҳибаи ахири фармондеҳи нерӯҳои ИМА генерал Стенлӣ Мак-Кристал ба як маҷаллаи амрикоӣ, ки дар он маъмурияти президенти ИМА мавриди интиқод қарор гирифтааст, тағйири фармондеҳони низомии ИМА дар Афғонистонро аз эҳтимол дур намедонанд. Онҳо меафзоянд, ки дарёфти фармондеҳи нав дар муқоиса бо решакансозии фасод аснои интиқоли корвонҳо душвортар хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG