Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯйдодҳои як ҳафтаи Тоҷикистон дар оинаи матбуот


Нашрияҳои чопи Душанбе ин ҳафта ҳамоиши вазирони хориҷаи САҲА дар Алмаато, идомаи муосираи иқтисодии Тоҷикистон аз сӯи Узбакистон, роҳи пулакӣ ва духтари президент Заринаи Раҳмон - гӯяндаи телевизионро сармақолаҳои худ интихоб кардаанд.

Нашрияи «Фараж» дар мақолаи худ бо номи «Оё Созмони амният ва ҳамкории Аврупо мушкили роҳро ҳал мекунад?» аз ҷумла менависад, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ зимни суханрониаш дар ҳамоиши вазирони хориҷаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар шаҳри Алмаато аз ин созмон дархост намуд, ки барои ҳалли мушкилоти қатораҳои Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон иқдоме рӯи даст бигирад. Ин нашрия ҳамчунин вокуниши коршиносон ва таҳлилгаронро дар ин маврид гирд овардааст, ки аксари онҳо аз ин иқдоми Зарифӣ истиқбол ва пуштибонӣ кардаанд.

Ҳамин нашрия дар мақолаи дигари худ - «Матбуот меҷакад, Иноветив Роуд Солюшенз мегузарад» бо ишора ба қонунӣ дониста шудани фаъолияти ин ширкат аз ҷониби Додситони кулли Тоҷикистон навиштааст: «Қонун мушаххас муаян кардааст: Сармоягузори хориҷӣ - шахсияти ҳуқуқӣ ё воқеии давлати хориҷӣ, ки саромояашро ба муддати дароз барои фаъолияти хоҷагии кишвари дигар мавриди истифода қарор медиҳад. Дар асл бошад ширкати Иновайтив Роуд Солюшенз барои сохтмони ин роҳ, нақбҳо, пулҳо, иншоотиҳои тарманигаҳдор ҳатто як сомонӣ масраф накарда, бо гузоштани дидбонгоҳҳо маблағ ҷамъ мекунад ва агарчӣ ягон амалаш ба талаботи қонуни мазкур ҷавобгӯ набошад ҳам, фоидаи бедардимиён ба даст меорад».

Ншрияи русзабони «Азия-плюс» дар мақолаи худ бо номи «Донорҳо кӯшиши кушодани гиреҳҳои Афғонистонро доранд» дар мавриди конфронси байнулмилалии Кобул андешаҳои сиёсатшиноси тоҷик Рашид Ғанӣ Абдуллоро ба нашр расонидааст, ки муаллиф аз чунин як иқдоми кишварҳои абарқудрати ҷаҳон дар роҳи сулҳу субот ва пешрафти кишвари ҷангзадаи Афғонистон истиқбол карда, мегӯяд, агарчӣ ин марҳила кори чандон осне нест, вале маблағгузории кишварҳои ҳампаймон ва ё донор ба монанди ИМА барои зербинои иқтисодии Афғонистон аз иқдомоти беҳтарин ва қобили дастгирӣ мебошад.

Ин нашрия дар мақолаи дигари худ – «Оё ҳаводиси Қирғизистон метавонад дар Тоҷикистон низ ба амал ояд?» аз қавли таҳлилгарон навиштааст, бӯҳрони иқтисодие, ки интиҳояш ба назар наменамояд, корупсия, роҳи пулакӣ, набуди боварӣ ба ояндаи беҳтар ва талошҳои ночизе дар роҳи баровардани кишвар аз ин бӯҳрон - ин ҳама мушкилоте ҳастанд, ки хатари такрори ҳодисаҳои Қирғизистонро дар минтақа ба маротиб меафзояд. Агарчӣ ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба ҳайси як воксине дар роҳи ҷунбиши мардум нақши муҳимро то имрӯз бозӣ кардааст, аммо наметавон ба абадияти нақши ин воксин эътимод баст, -навиштааст «Азия-плюс».

Нашрияи «Нигоҳ» дар мақолаи худ бо номи «Дастдарозӣ ба операторони мобилӣ корӣ кист?» як мушкилоти умдае, ки имрӯзҳо мардуми кишварро нигарон кардааст, мавриди баҳсу баррасӣ қарор додааст. Нашрия зимни овардани назарҳои мухталифи таҳлилгарон ва коршиносон менависад, «ҳукумати Тоҷикистон ба порлумони кишвар лоиҳаи қонунеро пешниҳод кардааст, ки андози аксизиро ба рақамҳои телефонӣ пешбинӣ мекунад. Гуфта мешавад, лоиҳаи қонуни мазкур соли 2007 низ ба порлумон пешниҳод шуда буд, аммо баъд аз баҳсҳои зиёд қабули ин қонун ба таъхир афтод. Ба гуфтаи коршиносон, дар сурати қабул шудани ин қонун, арзиши хидматрасонии алоқаи мобилӣ дар кишвар ба маротиб боло хоҳад рафт, ки танҳо ба зарари мардуми оддӣ хоҳад буд, -навиштааст ин ҳафтанома.

Мавзуи дигаре, ки рӯзҳои ахир сари забонҳост ва маҳофили Тоҷикистонро гарм нигоҳ медорад, ба телевизиони Тоҷикистон ба кор омадани Заррина - духтари хурдии Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ин ҳафта аз назари нашрияҳои чопи Душанбе низ дур намондааст.

Ҳафтаномаи «Озодагон» дар мақолаи худ, ки «Заррина - падидаи нав дар сиёсатҳои Осиёи Марказӣ» ном дорад, аз ҷумла навиштааст, «Заррина - духтари 16-солаи президенти Тоҷикистон шояд фикр ҳам накунад, ки чӣ таҳаввулеро дар минтақа ба вуҷуд овард. Ва онҳое ҳам, ки ба ӯ маслиҳати ровигиро дар шабакаи авали телевизиони Тоҷикистон додаанд. Ин ки коршиносону расонаҳо дар дохилу хориҷ ҳадсҳо задаанд, ки ӯро раиси оянда кумитаи телевизион ва радио дидаанд, ба ҷуз ҳарфи ҳавоӣ чизи дигаре буда наметавонад. Зеро сӯҳбатҳое, ки шуд, асли матлаб набуд ва ин падидаи беназирро ҳам аксаран рабт доданд ба президенту оилааш ва ширкати фарзандонаш дар умури ҳукумат», - навиштааст «Нигоҳ».

Ва аммо ҳафтаномаи «Пайкон» дар ин бора менависад, «ҳафтаи гузашта тамоми расонаҳо аз Зарринаи Раҳмон чеҳранигорӣ карданд ва ҳадсҳо заданд. Вале мардуми оддиро кам ин ба ҳайрат овард. Зеро барои онҳо муҳим нест, кӣ як шахси оддӣ вазифа мегирад ё ягон шахси маъруф. Чунки аз ягонтоаш барои онҳо фида нест. Аммо як умед ҳаст. Шояд Заррина дар ояндаи наздик раиси кумитаи телвизион ва радио шаваду ба гузоришҳои мадҳиясароӣ ва шахсиятпарастӣ дар шабакаҳои телевизионӣ роҳ надиҳад».
XS
SM
MD
LG