Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барчидани дискҳои мазҳабӣ аз наворфурӯшиҳо


Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон бар пояи шикояти сокинони Душанбе ба тафтиши наворфурӯшиҳои бархе аз бозорҳои шаҳр шурӯъ кардааст. Хайриддин Зайниддинов, мудири кулли корхонаи «Тоҷиккино» мегӯяд, ин тафтиш дар тамоми бозорҳои пойтахт доир мешавад.

Оқои Зайниддинов мегӯяд ин иқдом бар пояи шикояти сокинони Душанбе амалӣ мешавад: «Аз шаҳрвандон шикоятҳо расид, ки чаро садои мусиқӣ баланд гузошта мешаваду ягон кас роҳи инро намегирад. Имрӯз мо тасмим гирифтем бо шабакаи «Ҷаҳоннамо» дар бозорҳои «Панҷшер», «Саховат» ва «Корвон» тафтиш гузаронем. Саволу ҷавоб кардем, ки чаро шумо ин қадар садои дастгоҳҳоятонро баланд мекунед. Мардум инро хуш надоранд. Ҳамаи ҳаминро фаҳмондем».

Дар ҳамин ҳол, Азиз, яке аз фурӯшандагони бозори «Панҷшер», воқеъ дар паҳлӯи бозори «Саховат» мегӯяд, масъулин ва рӯзноманигорон фақат нуктаҳоеро тафтиш кардаанд, ки дар онҳо сабту наворҳои исломӣ савдо мешаванд.

Вай афзуд, дӯконҳое, ки китобу дигар лавозимоти исломӣ савдо мешаванд, тафтиш нашудаанд:

«Худашон ба мо на ягон ордер ва на ягон ҳуҷҷат нишон доданд. Агар барои ташхис бошад, хуб, метавонанд, ки якдонаӣ аз ҳар диск баранд, ин хел не ки ҳамаи дӯконро бор карда баранд».


Аммо Мирзо, як фурӯшандаи бозори «Панҷшер» гуфт, ки масъулин зимни баргузории ин тафтишот худ қонуну одобро риоят накардаанд:

«Омаданд ҳеҷ гап нагуфта, дискҳоро парешон карданд. Мо ҳайрон шудем, ки чӣ гап бошад. Ҳуҷҷату ҷавозномаи мо ҳама дурустанд. Омаданд, даромаданд, ҳуҷҷат ҳам напурсиданду ҳамаро ҷамъ карданд. Нагуфтанд, ки шумо ки ҳастед, чӣ кор мекунед. Камера овардану панҷ - шаш нафар одами хашин даромаданд. Бо попӯшӣ рӯи ҷойҳое қадам гузоштанд, ки он ҷо мо менишинему нон мехӯрем».

"Дискҳои Эшони Нуриддинро нафурӯшед"

Як фурӯшандаи дигар, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, масъулин ба онҳо дастур додаанд, ки сабту наворҳои Эшони Нуриддин, рӯҳонии саршиноси Тоҷикистонро нафурӯшанд:

«Омаданду гуфтанд, ки фурӯхтани дискҳои Эшони Нуриддин манъ аст. Сабабашро мегӯянд, масалан, ягон сӯҳбатҳои зидди давлат мекунад».

Аммо Хайриддин Зайниддинов, мудири кулли корхонаи «Тоҷиккино» мегӯяд, зимни тафтиш ба фурӯшандагон дастур дода намешавад, ки сабту навори киро фурӯшанд ва киро на.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода

Дар ҳамин ҳол, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, бародари Эшони Нуриддин ва низ аз рӯҳониёни саршиноси Тоҷикистон мегӯяд, бори аввал нест, ки мақомот ин гуна рафтор мекунанд. Вай афзуд:

«Ҳеҷ ҷои айбе нест, инро бояд иҷозат диҳанд. Аммо, мутаассифона, иҷозат намедиҳанду боз чунин маъракаҳои ҷамъ кардани дискҳоро роҳандозӣ мекунанд. Хуб, дигар чӣ кор кунем? Осмон баланду замин сахт. Фақат мегӯем, ки Худо тавфиқашонро диҳад ва аз ин корҳои зиддиисломӣ даст кашанд».

Маъракаҳои тафтиши нуктаҳои фурӯши сабту наворҳои исломӣ дар Душанбе, ба қавли фурӯшандагони ҳамсӯҳбати мо дар бозори «Панҷшер» тайи соли равон бори дуввум аст, ки доир мешавад. Солҳои қабл низ ин гуна тафтишот ба назар мерасид.

Ҷилавгирӣ аз исломӣ шудани ҷомеа?

Коршиносон мегӯянд, ин ҳама аз ҷумлаи иқдомоти ҳукумати Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз исломишавии ҷомеаи Тоҷикистон аст.

Абдулғанӣ Муҳаммадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон мегӯяд, бархӯрди мақомот бо ин масъала нодуруст аст:

«Мақомот мубодилаи афкор ё баҳсҳои ҷамъиятӣ ташкил накарда, роҳҳои на онқадар дуруст, яъне таъқиб ва истифода аз фишангҳои зуровариро истифода мекунад, ки дуруст нест. Ин назари ман аст. Ва фикр мекунам, ин раванд на он қадар хусусияти позитивӣ дорад».

Қодири Рустам, нависандаи тоҷик

Аммо Қодири Рустам, нависандаи тоҷик мегӯяд, исломишавие, ки дар Тоҷикистон ба назар мерасад, раванди мусбӣ нест:

«Он чӣ, ки муллоҳои мо тарғиб мекунанд, он чӣ ки инҳо дар мавъизаҳояшон ба мардум мегӯянд, чизҳоеанд, ки мардумро ба қафо — асрҳои 14, 15 ва 17 мекашонад. Сатҳи дониши онҳо асримиёнагӣ аст. Ба ҳарфи имрӯз мутобиқат намекунад. Ба ҳамин далел, исломишавии ҷомиаи Тоҷикистон рӯз ба рӯз хурофотишавии ҷоме аи Тоҷикистон аст. Ман дар ин ҷанбаи мусбатро намебинам».

Коршиносон мегӯянд, ҳукумати Тоҷикистон бояд бархӯрдаш бо рӯҳониёни кишварро дуруст ба роҳ монад ва он гуна рафтор кунад, ки равандро ба ҷониби салоҳ, на бархӯрд самт диҳад.

Дар ҳамин ҳол, масъулини «Тоҷиккино» мегӯянд, тафтиш бо ширкати тамоми мақомоти зидахли Тоҷикистон рӯзҳои дигар низ идома пайдо хоҳад кард ва ҳадаф ҳамон хоҳад буд: ба танзим даровардани тиҷорати сабту наворҳо дар бозорҳои Душанбе.

XS
SM
MD
LG