Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаттоҳ Саидов: Вазорати маориф фасодзадатарин ниҳод аст


Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бар фасоди Тоҷикистон
Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бар фасоди Тоҷикистон

Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон вазорати маорифи кишварро фасодзадатарин ниҳоди ҳукуматӣ унвон кард. Фаттоҳ Саидов, раиси ин ниҳод, ба хабарнигорон гуфт, тайи ним соли равон дар вазорати маориф 36 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.

Фаттоҳ Саидов, райиси ин Оҷонс ба хабарнигорон гуфт, 7 устоди донишгоҳҳои Тоҷикистон бо ҷурми гирифтани ришват аз сӯи Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бар фасоди ин кишвар боздошт шудаанд.

Азҷумла як устоди Донишгоҳи тиббӣ бо ҷурми ришватситонӣ ба маблағи 20 ҳазор доллар, як декани донишгоҳи Қӯрғонтеппа - бо 3 ҳазор ва як устоди Донишгоҳи техникӣ бо 3,2 ҳазор доллар боздошт шудаанд:

«Рости гап, мо ҳам андеша мекунем, ки барои сабзонидани як одам дар соҳаи маорифу тандурустӣ то сатҳи номзаду доктори илм солҳо ва заҳмати зиёд даркор аст. Аммо онҳо бисёр сӯистифода мекунанд. Аз ҳеҷ кас пӯшида нест, ки ҳаққи воридшавӣ ё «ставка» дар донишгоҳҳо чӣ қадар боло рафтааст, то 15—20 ҳазор! Мо беасос гап намезанем. Ҳолатҳо дар дастамон ҳастанд. Парвандаҳои ҷиноӣ идома доранд. Худи ҳамон ашхос дар маҳбасанд».

Раиси Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бар фасоди Тоҷикистон афзуд, устодон усули гирифтани ришваро хеле мураккаб кардаанд ва онро аз дасти саввуму чорум мегиранд, аммо ниҳодаш аз ин тағйирот огоҳ аст.

Боздошти устодони донишгоҳҳои Тоҷикистон дар ҳолест, ки шурӯъ аз 1 августи ҳар сол дар кишвар имтиҳоноти вурудӣ ба мактабҳои олӣ сурат мегирад ва қаблан вазири маорифи Тоҷикистон бо таъйиди вуҷуди фасод дар макотиби олӣ эълом дошта буд, ки барои хатмкардагони босавод мушкиле эҷод намешавад.

Ниҳодҳои фасодзадатарини Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ низ аз фасодзадатарин ниҳодҳо унвон шудааст
Фаттоҳ Саидов, ки аз натиҷаҳои кори ниҳодаш тайи ним сол сӯҳбат мекард, маорифу тандурустиро фасодзадатарин соҳоти Тоҷикистон унвон кард. Тибқи иттилои ӯ, тайи ним соли ахир дар вазорати маорифи Тоҷикистон 36 ҷиноят, умдатан марбут ба «изофанависӣ» ба қайд гирифта шудааст, ки маблағи 700 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо 34 ҷиноят дар зинаи дуввум меистад. Рӯйхати Оҷонсро вазорати тандурустӣ бо 25 ҷиноят, вазорати саноат - 25, вазорати об - 21, кумитаи заминсозӣ ва геодезия - 18, вазорати дифоъ - 11, хадамоти гумрук — 10 ва додситонӣ — 9 ва ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо - бо 59 ҷиноят идома медиҳанд. Дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон тайи ним сол 3 ҷиноят ошкор шудааст.

Тоҷикистон дар раддабандии Созмони байнулмилалии шаффофият ё Transparency international аз 180 зина дар мақоми 151 ва дар қатори кишварҳои фасодзада ҷой гирифтааст.

Муборизаҳои намоишии ҳукумат бо фасод

Дар ҳамин ҳол, коршиносон муборизаҳои ҳукумати Тоҷикистон алайҳи фасодро намоишӣ унвон мекунанд. Абдулғанӣ Муҳаммадазимов, коршинос дар умури сиёсӣ мегӯяд, дар Тоҷикистон тақлиди мубориза алайҳи фасод вуҷуд дорад: «Мақсад муборизаи ҳақиқӣ нест, балки ба ҷомиаи ҷаҳонӣ нишон додани он ки Тоҷикистон бо фасод мубориза мебарад»

Мақомоти Тоҷикистон вуҷуди фасод дар кишварро таъйид мекунанд, аммо коршиносон бо интиқод аз фаъолиятҳои ҳукумат мегӯянд, фасод қабл аз ҳама дар сатҳҳои боло вуҷуд дорад, аммо онҳое боздошт мешаванд, ки дар сатҳҳои поён кор мекунанд.

Шарҳи боздошти писари собиқ додситони кулл

Баъд аз барканории Бобоҷон Бобохонов аз вазифаи додситони кулл писари ӯ бо иттиҳоми сӯйистифода аз вазифа боздошт шуд
Раиси Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бар фасоди Тоҷикистон дар робита ба боздошти Файзуллоҳ Бобохонов, писари додситони кулли собиқ Бобоҷон Бобохонов гуфт, дар парвандаи ӯ ҳолатҳои нав пайдо шудаанд, ки бар ҷурми додситони собиқи Ҳисор меафзояд:

«Аз он ҷумла чор ҳолати ғасб намудани замин ошкор шудааст. Бо номи хешу ақрабоҳояш заминҳоро барои фурӯхтан ва ё сохтмон ҳуҷҷат кардааст. Як — ду хешутабораш ҳам гуфтанд, ки шиносномаҳояшонро бурда замину мошин харидааст».

Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бар фасоди Тоҷикистон ҳафтае қабл як муфаттиши додситонии ноҳияи Ҳисорро бо иттиҳоми гирифтани ришва ба маблағи 20 000 доллар боздошт карда буд ва тибқи ин манбаъ, гӯё ин нафар баёнот додааст, ки ин маблағро бо Файзуллоҳ Бобохонов бо ҳам дидаанд.

Дар посух ба ин суол, ки чаро писари додситони кулл пас аз барканории падараш ба ҷавобгарӣ кашида шуд, Фаттоҳ Саидов гуфт, он замон далоили кофӣ вуҷуд надошт: «Агар дар замони сари вазифа будани додситони кулл гуноҳи ӯ исбот мешуд, мехост-намехост, боздошт мешуд».

Раиси Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бар фасоди Тоҷикистон дар посух ба он суол, ки оё Бобохон Бобоҷонов, ҳамчун як мақоми баландрутбаи Тоҷикистон ҳақ ба таъин кардани хешовандонаш дар мансабҳои давлатиро дошт, гуфт, дар ин маврид аз хабарнигорон гиламанд аст, ки чаро қонунӣ будани таъини писарашро ҳангоми сари кор буданаш аз ӯ худ суол накарданд:

«Фақат як писараш не, боз писараш ҳаст, домодаш ҳаст, духтараш ҳаст, додараш ҳаст. Чаро як бор суол накардед?».

Хешбозии ҳукуматдорони Тоҷикистон

Фаттоҳ Саидов гуфт, ягон мансабдори баландмақом ҳаққи таъини на фақат наздиконаш, балки хешу ақрабояшро низ ба вазифаҳои давлатӣ надорад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Сӯҳроб Шарипов, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии раёсатиҷумҳури Тоҷикистон ба расонҳои маҳаллӣ гуфта буд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон ҳақ дорад ба вазифаҳои давлатӣ пайвандону дӯстонашро таъин кунад. Дар ҳоли ҳозир, духтари раисҷумҳур Озода Раҳмон, муовини вазири корҳои хориҷа ва писараш Рустами Эмомалӣ, раҳбари яке аз раёсатҳои Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон мебошанд.

Домоди раисҷумҳури Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, муовини вазири молияи Тоҷикистон аст, ки ахиран дар расонаҳои ғарбӣ муассиси ширкати, ба истилоҳ пулғундор дар роҳи Душанбе — Чаноқ мавсум ба IRS (Innovated Road Solutions) унвон шуд. Ӯ ин иттилоъро бадоҳатан рад кард ва молики ширкат ҳам ошкор нашуд.

Олим Бобоев, вазири нақлиёту коммуникатсияи Тоҷикистон гуфт, фош кардани муассиси ин ширкат ҷавобгарӣ дар пай хоҳад дошт. Аммо Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси назорати моливяӣ ва мубориза бар фасод гуфт, номи муассиси Innovated Road Solutions сирри тиҷоратӣ нест ва бояд эълон шавад.
XS
SM
MD
LG