Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли муфлисшавии ду ширкати мобилии Тоҷикистон


Хадамоти назорат ва танзими соҳаи алоқаи Тоҷикистон аз эҳтимоли дар рӯзҳои наздик муфлис эълон шудани ду ширкати мобилии кишвар – «М-Теко» ва «Телеком Инк», ё «Скайтел» иттилоъ медиҳад.

Қадамҷон Сафиев, сардори хадамоти назорат ва танзими вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон мегӯяд, дар номае додгоҳ ба вазорат хабар додааст, ки ширкати Телеком инк маъруф ба SkyTel муфлис эълон мешавад ва азбаски ин ширкат аз вазорат қарздор аст, ки ба ҷои қарз метавонад амволи ширкати мобилиро аз худ кунад. Вай афзуд, вазорат аз ширкати М-теко ба додгоҳ шикоят бурдааст, ки қарзҳояшро пардохт карда наметавонад:

«Ин ду ширкат ҳам барои истифодаи басомадҳо қарздоранд ва ҳам аз ҳисоби пардохти зангҳои воридотиву содиротӣ, ки бар пояи созишномаи миёни ширкатҳо сурат мегирад, қарздоранд».

Оқои Сафиев гуфт, баррасиҳои додгоҳӣ дар ҳоли анҷомёбист.

М-теко ва Телеком инк маъруф ба SkyTel, аз 9 ду ширкати мобилии Тоҷикистон ҳастанд, ки аз соли 2004 ба ин сӯ аз рӯи стандарти СДМА хизмат мерасонанд. Муштариён мегӯянд, хизматрасонӣ дар онҳо арзонтарин дар Тоҷикистон аст.

Аммо Фирӯз, корманди як маркази дилерӣ дар шаҳри Душанбе дар посух ба ин суол, ки охирин маротиба кай барои рақамҳои муштариёни М-теко ва SkyTel маблағ гузарондааст, гуфт: Дар хотирам нест, ки кай охирин маротиба онҳо муроҷиат карда буданд. Шаш моҳ пеш буд? Дар ёд надорам».

Шикоят аз сифати хизматрасонии «М-теко»


Абдуллоҳи Ҳаким, корманди маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсатиҷумҳури Тоҷикистон, аз собиқ муштариёни М-теко мегӯяд, сифати хизматрасонии ин ширкат хеле паст буд:

«Масалан, агар ягон нафар ба ман занг мезад, телефон посух медод, ки муштарӣ дар дастрас нест ва мо ба ӯ паём мефиристем. Аммо паём хеле дер меомад. Яъне тамоси зиндаи як инсон, ки зиёд робитаи мобилӣ дошта бошад, ғайримкон шуд».

Оқои Ҳаким гуфт, ин вазъ дар равобити ӯ бо дӯстону наздиконаш низ халал ворид кардааст.

Кӯшишҳои мо барои тамос бо раҳбарони М-теко ва SkyTel то лаҳзаҳои охирини омода шудани гузориш беҳуда буданд, зеро аз хат фақат посух меомад, мунтазир бошем, ки хат банд аст.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон далели муфлисшавии ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистонро қабл аз ҳама рақобати бузург унвон мекунанд. Ба қавли онҳо, феълан дар Тоҷикистон 9 ширкати мобилӣ фаъолият доранд ва тибқи иттилоъи расмӣ, теъдоди умумии муштариёни ин ширкатҳо аз марзи 5 миллион гузаштааст, ки беш аз 70 дарсади нуфуси Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Рақобати шадиди ширкатҳои мобилӣ

Ғафур Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон теъдоди муштариёни М-теко ва SkyTelро аз 4 то 15 ҳазор тахмин мезанад ва ин ҳам дар ҳоле, ки теъдоди муштариёни ширкатҳои дигар ба марзи 2 миллион нафар расидааст. Вай мегӯяд, мушкил дар хизматрасонии ин ширкатҳо буд:

«Дар ҳоли ҳозир, он фанновариҳои ҷадиде, ки дар стандарти JSM вуҷуд доранд, дар стандарти СДМА такрор намешаванд. Масалан, хизматрасонии роумингро ин ширкатҳо надоранд, дар ҳоле ки дар стандарти JSM, ба ҷуз роуминг, фиристодани ММS, хадамоти интернетӣ ва ғайраҳоро дорад. Хуб, ин бозор аст. Дар бозор фақат қудратмандҳо мемонанд».

Аммо Қадамҷон Сафиев далели заъфи ширкатҳои М-теко ва SkyTelро дар муноқишаҳои дохили ширкатҳо миёни саҳмдорони ватаниву хориҷӣ мебинад:

«Байни онҳо ҳам муноқишаҳои дохилӣ вуҷуд дорад, ки кор то додгоҳ расидааст. Инҳо ширкатҳои ватанӣ ҳастанд. Сармоягузорон бояд нисф аз Тоҷикистон бошанд, нисф аз хориҷ. Хориҷиҳо ҳам як рӯз саҳмашонро ба хориҷии дигар мефурӯшанд ва он хориҷӣ боз ба хориҷии дигар. То имрӯз аниқ нест, ки кӣ чӣ қадар дар ин ширкатҳо саҳм дораду соҳиби аслиаш кӣ мешавад».

Аммо коршиносон эҳтимоли як шудани ду ширкатро баъид намедонанд, зеро ҳарду аз рӯи як стандарт ҳастанд. Ба қавли онҳо, ин роҳи асосии ҷилавгирӣ аз қатъи фаъолияти онҳост, ба шарте сармоягузори мувофиқ пайдо шавад. Сармоягузори кунунӣ, ба иттилоъи расмӣ, ширкатҳои Қазоқистон ҳастанд.
XS
SM
MD
LG