Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хисороти обхезӣ дар Покистон


Мақомоти Покистон бо рафъи хисороти обхезиҳои ин кишвар машғул ҳастанд, ки ҳаёти 1100 нафарро аз байн бурдааст. Ба қавли мақомот, дар манотиқи офатзада бемории вабо сироят кардааст, вале то ҳанӯз ҳазорҳо нафар имкон надоранд, ки минтақаи хатарзоро тарк намоянд.

Борони сел хотима ёфт, вале вазъи тахминан як миллион сокини манотиқи шимолу ғарбии Покистон ҳамоно риққатбор боқӣ мемонад. Шоҳидон мегӯянд, аз замони соҳибистиқлолии Покистон ин кишвар бо чунин боронҳои пайдарпай ва обхезиҳо мувоҷеҳ нашуда буд.

Floods In Pakistan
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:27 0:00
Линки мустақим


Мақомоти Покистон фавти камаш 1100 нафарро тасдиқ кардаанд, вале эҳтимол шумораи қурбониҳо ба маротиб бештар бошад, зеро гурӯҳҳои наҷот то деҳоти дурдасти вилояти Хайбар Пахтунхва нарасидаанд.

Хашми мардум аз бетаваҷҷуҳии мақомот

Мардуми наҷотёфта аз он ба ғазаб омадаанд, ки онҳоро бидуни кадом шароити муносиб дар урдугоҳҳо ҷо додаанд. Як зан дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт:

"Ман аз деҳаи офатзадаи Ҷабба омадаам. Ҳама чизамонро аз даст додем. Ҳеҷ чизро наҷот надодаем. На либос дорему на пойафзоле. Фарзандонамон луч нишастаанд. Вақте ба ин мансабдорон мегӯем, фарзандонамон аз гуруснагӣ гиря доранд, онҳо мегӯянд, ки кумакашон ба мо тибқи ҷадвали вақтӣ хоҳад расид. Ба мо чизе бештар аз пойафзолу либос лозим нест."

Ба гуфти рӯзноманигорон, ҳазорҳо сарбозу афсар ва ходимони наҷот барои кӯмак ба мардуми офатзада сафарбар шудаанд, вале миқёси фоҷеа чунон бузург аст, ки кӯшишҳои ҳукумат кифоят намекунад.

Ҳосили кишоварзӣ маҳв гардид, ҳайвоноти хонагӣ ғарқ шуд, мошину пулҳо ва молу мулки ҳазорҳо нафар зери об мондааст.

Миён Ифтихор Ҳусайн, вазири иттилооти вилояти Хайбар Пахтунхва изҳор намуд, ки дар манотиқи офатзада сирояти бемории вабо ба қайд гирифта шудааст.

Хавфи сирояти бемориҳои сироятиро ходимони созмонҳои байналмилалии мустақар дар макони фоҷеа тасдиқ кардаанд.

Хабарнигорон ёдовар мешаванд, ки мардуми водии Свот қабл аз обхезӣ ҳам ҳаёти чандон осоиштае надоштанд, зеро дар он ҷо артиши Покистон бар зидди Толибон ва ҷангҷӯёни исломӣ амалиёт пеш мебурд.

Кӯмаки ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба офатзадагон

Дабири Кулли СММ Бан Кӣ Мун аз фоҷеа дар Покистон "таассуфи амиқ" иброз дошта, ваъда дод, ки ба мардуми ниёзманд ба маблағи 10 миллион доллар кумак ирсол мекунад.

ИМА ҳам изҳор намуд, ки ба Покистон кумак хоҳад кард. Дар шаҳри Пешавар консули кулли ИМА хонум Елизабет Роод гуфт:
«Имрӯз мо ба воситаи низомиёни ИМА 62 ҳазор порс озуқаи ҳалолро тавзеъ мекунем. Ин таоми омодааст, ки истеъмоли он душворие надорад. Миқдори зиёди ҳамин гуна таом дар роҳ аст."

Сафорати ИМА дар Исломобод ҳамоҳагсозии интиқоли ёриҳои ИМА ба Покистонро таҳти назорат қарор додааст.

Дар ҳамин ҳол ҳукуматҳои Канада ва Чин ҳам ваъда додаанд, ки ба ҳамин зудиҳо ба Покистон кумак мерасонанд.
XS
SM
MD
LG