Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоби раиси нави "Медиа Алянси Тоҷикистон"


Хуршед Атовулло
Хуршед Атовулло

Раиси тозаинтихоби Созмони журналистии «Медиа-алянс» Хуршеди Атовулло, муаасис ва сардабири нашрияи «Фараж» эълом дошт, ки тибқи барномаи амали ин эътилофи матбуотӣ, дар даҳ рӯзи оянда тарҳи алтернативии қонуни матбуоти Тоҷикисонро таҳия ва дар саҳифаҳои нашрияҳои таҳти Медиа алянс ба чоп хоҳад расонид.

Ассотсиатсияи журналистон мавсум ба «Медиа Алянси Тоҷикистон» - яке аз муассисони ин созмон, сардабири ҳафтаномаи «Фараж» Хуршед Атовуллоро (Хуршед Ниёзов) дабири кулл интихоб намуд.

Роҳбари нав тағйирот оварданист

Вай гуфт, мушкилоти умдае, ки дар роҳи татбиқи қонуни матбуот ва фаъолияти расонаҳои мустақили кишвар монеъа эҷод мекунад, ҳамин аст, ки дар бобҳои мухталифи ин қонун норушаниҳо ва номуайаниҳо ва нукоти баҳсбарангез зиёд аст. Хуршели Атовулло раиси Медиа алянс гуфт:

«Маҳз ҳамин номуаяниҳо ва норушаниҳо боиси фишорҳо ба расонаҳои мустақил ва журналистон мегарданд. Масалан дар моддаи 6-ми қонун омадааст: тарғиби қама гуна порнография манъ аст, аммо гуфта нашудааст, ки порнография чист? Вакте норушанӣ зиёд аст суолҳо бештар аз ҷавобҳо мешаванд ва монеъаҳо низ дар кори мо ба маротиб меафзоанд. Ба ҳамин хотир зарур медонам, ки бояд ба зудтарин фурсат мо тарҳи алтернативии қонуни матбуотро таҳия ва пешниҳод кунем»

Бино ба иттилои Медиа алянс, телевизиони мустақили Тоҷикистон ё СМТ ҳам дар ҳамоиши ахир ба ин Созмон шомил шуд. Ба ин тартиб, дар ҳайати ин созмон нашрия ва студияҳои телевизионҳои мухталиф шомил ҳастанд.

Аз ҷумла беш аз 10 васоити ахбори омма, аз қабили нашрияҳои мустқили «Фараж», «Боргоҳи сухан», «Озодагон», «Вечерний Душанбе», «Факти и коментарий», «Бизнес и политика», хабаргузории «Авесто», Ширкати радио ва телевизиони Ватан, телевизиони Регар, телевизони мутақили СМТ мебошанд.

Хуршеди Атовуллоҳ дар ин вазифа Зафар Абдулло-мудири хабаргузории «Авесто» -ро иваз кард. Интихоби раёсати нави Медиа алянс, дар анҷумани панҷуми аъзои ин созмони журналистӣ сурат гирифт.

Зафар Абдуло яке аз журналистҳои маъруфи Тоҷикстон аст, ки бо навиштаҳои худ дар мавзуҳои мухталифи Тоҷикистон, дар саҳифаҳои матбуоти кишвар, шинохта мебошад.

Бо кӯшиш ва талоши ӯ, Медиа алянс тавонистааст дар саҳнаи матбуоти Тоҷикистон, чеҳраи худро бишиносонад. Ва дар маъракаҳои муҳими сиёсии кишвар, борҳо изҳори назар намуда масъалаҳои ҷиддӣ пешниҳод кардааст.

Интизороти бештар аз ин созмони рузноманигорӣ

Вале ба қавли бархе аз рузноманигорон, Медиа алянс метавонист аз ин ҳам бештар фаъолияти муассир дошта бошад.

Зинатуллои Исмоилиён- муассиси телевизиони мустақили СМТ, дар суҳбат бо РО гуфт, вай нисбат ба ин созмони журналистони кишвар хушбин аст, зеро Медиа алянс ягона созмоне буд, ки дар баробари монъеи эҷодшуда дар роҳи фаъолияти ин телевизиони мустақил, садо баланд кард ва ҳалли мусбии ин қазияро аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо кард.

Вай инчуни ба пуштибонии ин созмон аз дигар васоити ахбори оммаи аъзои ин алянс ишора карда ва гуфт, аз раёсати нави ин созмон интизороти зиёде дорад ва итинон дорад, ки ин созмон дар оянда бо фаъолитҳои рушану муассир чеҳраи худро муаррифӣ мекунад.

«Ман бовар дорам,ки раёсати нави ин созмон аз барпо кардани мизҳои гирд ва бахшҳои омузишӣ,ки самари на он қадар қилхоҳ доштааст гузашта ба корҳои амалӣ даст мезанад ва ба вазъи расонаҳои мустақил таваҷҷуҳ зоҳир мекунад ва мушкилоти онҳо ва ҳалли ин мушкилотро ҷасурона дар пешорӯи мақомот мегузорад».

Хуршеди Атовулло, раиси нави ин созмон мегуяд, ӯ зимни фаъолияти худ дар ин созмони журналистӣ талош меваррзад, ки сарварии ӯ дар ин созмон на ба хотири фиреби назар, балки иҷрои корҳои мушаххас бошад ва тавониста бошад Медиа алянсро аз як созмони камфаъаолият ва норӯшан ба як созмони бонуфуз ва пуштибони воқеъии расонаҳо ва журналистон табдил диҳад.

Ва аммо коршиносони соҳа, нақшу таъсири ин созмонро дар ҳаёти расонаҳои мустақил, дифоъ аз ҳуқуқи журналистон дар баҳсҳои додгоҳӣ ва таҳаввулоту ҳаводиси ҷомеъа, чандон рушан намедонанд.

Алянс чандон фаъол набудааст

Иршод Сулаймонӣ сардабири нашрияи мустақили «Миллат» мегӯяд, абатта ин созмон дар роҳи ҳалли мушкилоти пешомада талошҳое кардааст, аммо ин корҳо ва ин талошҳо чандон муаасир ва муваффақ набудааст.

«Чанд корреро ин созмон анҷом додааст, агарчӣ ночиз аст, вале муҳим аст. Ман дар назар дорам, гузоштани як лавҳаи ёдгорӣ ба ёди журналистони қурбоншуда дар ҷанги шаҳрвандӣ, пуштибонии телевизиони Регар, ки барои барномаҳои танқидӣ аз хатти барқ бенасибаш карда буданд, баъзе вокунишҳо сареъ дар робита ба селхезиҳои пурқурбонии Кулоб, вале албатта ин ҳануз кофӣ нест, ки аз Медиа алянс ба ҳайси як созмони муҳими журналистӣ ёд кунем. Ба назари ман ҳоло ин созмон ба дарвозаи аслии ниёзҳои журналистон ва расонаҳои хабарӣ табдил наёфтааст».

Ба назари рузноманигорон ва журналистоне, ки бо фаъолияти Медиалянс ошноии бештар доранд, ин созмон метавонад дар озодии баёну сухан ва матуботи озод нақши ҷиддӣ дошта бошад, вале ҳанӯз аз худ чунин иқдоми ҷиддӣ нишон надодааст.

Ин созмон аслан ба пиёда кардани лоиҳаҳои созмонҳои байналмиллӣ ва омӯзиши журналистони ҷавон машғул будааст ва таъсири он ва мавзеъгирии онро дар руйдодҳои муҳими ҳаёти сиёсиву иҷтисодии кишвар ба монанди интихоботҳои сиёсӣ, сохтмони Роғун ва масъалаи банд мондани вагонҳои Тоҷикистон дар Узбкистон ва дар мавриди чанд масъалаи мубрами ҷомеаи кишвар рушантар намебинанд.

Раёсати нави Медиа алянс таъкид бар он дорад, ки ин созмон дар оянда дар канори созмониҳои дигари масоили матбуот, ба мисли Иттиҳодижурналистон, НАНСМИТ, Хазинаи гиромидошти журналистон ва анҷумани расонаҳои электронии мустақили Тоҷикистон, талош хоҳад кард, ки дар рушд ва таҳким бахшидани озодии сухан дар кишвар, боло бурдани донишҳои ҳуқуқии журналистон ва ҳимоят аз ҳуқуқҳои онҳо, ба вуҷуд овардани иттиҳоди воқеъӣ миёни расонаҳо ва журналистони мустқили Тоҷикистон, саҳми ҷиддӣ гузорад.
XS
SM
MD
LG