Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси кумитаи ҷавонон бо ширкати саёҳии "Алп-Наврӯз"


Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон гуфтааст, аз фаъолиятҳои ғайриқонунии ширкати саёҳии «Алп-Наврӯз» ба додгоҳ шикоят мебарад. Ин ширкат ба фаъолият бидуни иҷозатнома айбдор мешавад.

Кумитаи ҷавонон ширкати саёҳиро ба додгоҳ мекашад

Лочин Файзуллоев, муовини раиси ин кумита дар умури сайёҳӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, қаблан ин ширкат аз стандарти давлатӣ нагузашта буд, аз ҳамин хотир, фаъолияташро Кумиссиюни ҷавоздиҳии кумитаи мазкур манъ кард:

«Аммо дидаву дониста, ки ширкати Алп-Наврӯз дар соҳаи саёҳат ҳаққи фаъолият надорад, ғайриқонунӣ ва беҷоӣ сайёҳонро даъват кардааст, ки дар натиҷа бубинед, чӣ оқибатҳои ногувор ба бор овард. Алп-Наврӯз дар назди қонун ҷавобгар аст ва мо ба мақомоти дахлдор дар ин бора муроҷиат кардем»

"Алп-Наврӯз" ширкатест, ки сафари се кӯҳнаварди украин ба Тоҷикистонро ба роҳ монда, ҳоло тибқи иттилоъи расмӣ, сарнавишти яке аз онҳо — Олег Монсар норӯшан аст. Ба гуфтаи ҳамраҳонаш, ӯ дар атрофи пиряхи Федченко аз ҷар афтидааст ва зинда будани ӯ маълум нест.

Шикояти мақомот аз ин ширкат дар ҳолест, ки як рӯз қабл Раъно Собирова, сарвари Алп-Наврӯз, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистонро барои бемасъулиятӣ муттаҳам карда онро монеаи рушди фаъолиятҳои ширкаташ унвон карда буд.

Се шаҳрванди украинии ахиран гумшуда низ бо мусоидати "Алп-Наврӯз" вориди Тоҷикистон шудаанд
Александр Барков, аз Маҳфили сайёҳии Донишгоҳи политехникии шаҳри Киев, ҳамкори Алп-Наврӯз гуфт, онҳоро ахирӣ даъват карда буд: «Агар мо ба сафар меравем, дар Тоҷикистон шаҳрванди хориҷӣ ҳастем. Мо бояд ҳам даъватнома ба Тоҷикистон ва ҳам иҷозанома барои минтақаи наздимарзӣ дошта бошем. Агар гап дар бораи Помир аст, гап дар бораи марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва Афғонистон ҳам ҳаст. Алп-Наврӯз ин ҳамаро омода кард. Ҳамчунин таҳияи нақлиёт аз Душанбе то Помир ҳам бар дӯши онҳо буд».

Дар бораи санаи гум шудани Олег Монсар низ иттилоот зиддунақиз аст. Иддае ин санаро 7 август, иддаи дигар 31 июл мегӯянд. Аммо чархбол барои раҳоии ӯ рӯзи 12 август аз Душанбе парвоз кардааст. Оқои Барков аз саҳлангории мақомоти Тоҷикистон шикоят мекунад, ки имкон доштанд як рӯз пеш ба ҷустуҷӯяш бираванд, аммо таъхир кардаанд.

Вокунишҳои сусти ҳукумат дар қазияи кӯҳнавардон

Лочин Файзуллоев мегӯяд, рӯзи аввали дарёфти хабар, гурӯҳи халабонҳо омода набудааст ва танҳо баъд аз фароҳам омадан, чархболҳои вазорати дифоъи Тоҷикистон ба сӯи Помир парвоз кардаанд.

Коршиносон аз заъфи мақомоти зиддахли Тоҷикистон, бахусус Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ дар чунин ҳолатҳо мегӯянд, ки бо вуҷуди хадамоти махсуси наҷот доштанаш, дар шароити кӯҳсор аксар вақт вокуниши сареъ нишон дода натавонистааст.

Дар ҳамин ҳол, Дӯстмурод Забиров, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон мегӯяд, шӯъбаи вижаи кӯҳнавардӣ дар Кумита вуҷуд дорад, ки асосан тамринҳояшро дар километри 18 шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ баргузор мекунад:

«Дар ҳар куҷои кишвар, ки ягон фалокат шуд, ҳамин гурӯҳ меравад»

Оқои Забиров гуфт, ин гурӯҳ ба ду тақсим шуда, яке дар водии Зарафшон ва дигарӣ дар мавзеъи Гипшари дараи Девлахари Ҷиргатол, қисмати ғарбии пиряхи Федченко, он ҷо, ки кӯҳнаварди украинӣ гум шудааст, корҳои наҷотдиҳиро пиёда мекунад.

Тибқи иттилоъи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ин танҳо амалиёти мақомоти Тоҷикистон барои наҷоти кӯҳнавардон нест.

Моҳҳои гузашта ду кӯҳнаварди хориҷиро дар пиряхҳои Федченкову Бирси Ҷиргатол наҷот додаанд.

Мақомот мегӯянд, барои фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ дар бошишгоҳи кӯҳнавардии давлатӣ мавсум ба "Масквина" дар Помир, ҳоло ҳудуди 200 нафар омодагӣ мебинанд, ки тариқи ширкатҳои қонунӣ омадаанду боз дигарон ҳам меоянд. Коршиносон низ мегӯянд, умдатан онҳое ба фалокат дучор меоянд, ки бо ширкатҳои ғайриқонунӣ меоянд.

Тайи соли равон Кумиссиюни ҷавоздиҳии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон аз 165 ширкати саёҳӣ, 106-тои онро аз муҷаввиз маҳрум кардааст.
XS
SM
MD
LG