Александр Бортников, раиси Хадамоти федеролии амнияти Русия, гуфтааст, ки Маскав ба мақомоти Тоҷикистон барои боздошти маҳбусони фироркарда кӯмак хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, раисиҷумҳур Дмитрий Медведев ба сохторҳои қудратии кишвар амр кардааст, ки бо мақомоти Тоҷикистон дар ҷустуҷӯ ва дастгир кардани маҳбусони фироркарда ҳамкорӣ намоянд.
"Фирор аз маҳбас"
Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ зимни нашри як баёнияи матбуотӣ эълон доштааст: "Рӯзи 22 августи соли 2010, соати 22-10 дақиқа гурӯҳи ҷинояткорон, ки дар маҳбасхонаи тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нигоҳ дошта мешуданд, дар натиҷаи бемасъулиятӣ ва ба вазифаҳои хеш хунукназарона муносибат кардани нозирони маҳбасхона яроқҳои онҳоро тасарруф намуда, ба онҳо ҳуҷум намуданд. Дар натиҷа яке аз нозирони маҳбасхона кушта шуда, 25 нафар маҳбусони яроқнок либосҳои худро бо либосҳои ҳарбии саҳроӣ иваз намуда, аз маҳбасхона фирор намуданд.
Соатҳои тақрибан 01-10 дақиқаи рӯзи 23 август ин гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткорон ба дидбонгоҳҳои маҳбасхонаи тафтишотии Вазорати адлия ҳуҷум намуда, 4 нафар нозиронро ба қатл расонида, бо истифода аз нақлиёти автомобилӣ ба самти номаълум ғайб заданд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии ҷумҳурӣ баҳри муайян кардани самти ҳаракат ва дастгир кардани ин гурӯҳи ҷинояткор ҳайати шахсии худро ба ҳолати омодабош гузаронида, тадбирҳои бетаъхири фаврӣ-ҷустуҷӯӣ андешида истодаанд».
Ба думболи ин баёния, раҳбарияти Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон зимни баргузории як нишасти кӯтоҳи хабарӣ ҳодисаи сарзадаро як иттифоқи фаромиллӣ унвон кардааст.
Қосимҷон Ғаффоров, муовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон гуфтааст: "Таҳлил нишон медиҳад, ки ҷинояти мазкур, (яъне фирори зиндониён) характери трансмиллӣ дорад".
Ӯ ҳамчунин аз маҳбусон Насриддинов Иброҳим, зодаи ноҳияи Румӣ, Ахмедов Магомед, шаҳрванди доғистонитабори Русия ва Азизов Ҳикмат, зодаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба унвони созмондиҳандагони фирори зиндониён ном бурдааст.
Барои шунидани сухнони бештари оқои Ғаффоров инҷоро нохун бизанед:
Ҷасалаи фаврӣ дар ҳузури президент
Субҳи рӯзи душанбе дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон вобаста ба вазъияти пешомада ҷаласаи изтирорӣ доир шудааст.
Бо мақсади расидагӣ ба вазъияти пешомада ситоди фаврӣ бо роҳбарии вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров дода шудааст.
То замони таҳияи ин матлаб аз натиҷаи кори ин ситод дар робита ба таъқиб ва ошкор намудани маҳбусони фирорӣ хабаре мунташир нашудааст.
Ҳуввияти маҳбусони фирорӣ
Манобеъи ғайрирасмӣ хабар додаанд, ки дар миёни маҳбусони фироркарда Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи собиқи Горди миллии Тоҷикистон, писарони Мирзо Зиёев, вазири собиқи умури изтирорӣ ва бародарони Неъмат Азизов низ ҳастанд.
Бародарони Неъмат Азизов ва ду писари Мирзо Зиёев барои даст доштан дар ҳаводиси соли гузаштаи шарқи Тоҷикистон маҳкум ба зиндон шуда буданд.
Ҳамроҳ бо ин афрод ҳамчунин чанд тан аз 46 нафаре, ки ахиран дар чаҳорчӯби парвандаи рӯйдодҳои Тавилдара ҳукми зиндон гирифтанд, низ фирор кардаанд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта 46 нафарро бо ҷурми ширкат дар ошӯбҳои тобистони соли гузашта дар Тавилдара ба мӯҳлати аз 10 то 30 сол ва 2 тани дигар аз онҳоро барои умрбод маҳкум ба зиндон кард.
Бархе манобеъ дар нерӯҳои қудратӣ ба хабаргузориҳо гуфтанд, ки худи Ғаффор Мирзоев ва Ёқуб Салимов дар миёни фирориён аз маҳбас нестанд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон Абдурасул Мирзоев, бародари генерал Ғаффор Мирзоев, собиқ фармондеҳи Горди президентии Тоҷикистонро рӯзи 20 июли соли ҷорӣ ба муддати 30 сол аз озодӣ маҳрум карда буд. Ӯ дар талоши барои табадуллоти давлатӣ, нигаҳдории силоҳ ва бархе дигар амалҳои ғайриқонунӣ муҷрим дониста шуд.
Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи собиқи Горди миллӣ ва раиси собиқи Оҷонси назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон, дар таърихи 12 январи соли равон аз Дубай ба Душанбе истирдод шуд.
Мақомоти Тоҷикистон Абдурасул Мирзоевро дар як силсила ҷиноёти сангин муттаҳам карда, қаблан се корхонаи марбут ба ӯ - корхонаи гӯшти шаҳри Душанбе, тарабхонаи “Ҷоми Ҷамшед” ва мағозаи “Кооператор”-и шаҳри Кӯлобро давлатӣ карданд.
Омодабоши нерӯҳо
Дар ҳоли ҳозир, барои боздошти маҳбусони фирорӣ нерӯҳои ва назоратии вазорати умури дохила ва Кумитаи амнияти милии сафарбар шудаанд.
Дар пойтахт, шаҳри Душанбе ва роҳҳои атрофи шаҳр посгоҳҳоро башиддат тақвият додаанд ва тамоми мошинҳоро тафтиш мекунанд. Гуфта мешавад, эҳтимолан ин унсурҳо ҷониби шарқи Тоҷикистон ҳаракат намуда бошад.
Бино ба охирин хабарҳои тайидношуда дар ҳудуди ноҳияҳои Файзобод ва Нуробод, дар шарқи Тоҷикистон миёни посгоҳҳои милиса ва афроди ношинохта даргирӣ ба вуҷӯъ пайваста аст. Аммо ҳоло маълум нест, ки ин афроде, ки бо нерӯҳои милиса даргир шудаанд, маҳбусони фирорӣ ҳастанд ва ё не.
Бино ба хабарҳо нерӯҳои интизомӣ ва амниятӣ дар саросари Тоҷикистон ва инчунин воҳидҳои марзбонӣ дар марзҳо дар ҳолати омодабош қарор гирифтаанд.
Назарҳо ба ҳодисаи фирори зиндониён
Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси тоҷик мегӯяд, ки ин гурӯҳи зиндониёи фирорӣ талош хоҳанд кард, ки агар битавонанд, аз марзҳои Тоҷикистон хориҷ шаванд. Зеро ин гурӯҳи қодир ба коре дар дохили Тоҷикистон нахоҳад буд. Оқои Бекмуҳаммад мегӯяд, агарчанд истисно нест, ки қудтарҳо ва гурӯҳҳои фурсатталабе талоши истифода аз ин фурстаро хоҳанд кард:
Ҳикматулло Сайфуллозода, коршиноси маркази таҳлилии «Диалог» мегӯяд, бо эҳтимоли зиёд ин ҳодиса, яъне фирори зиндониён аз маҳбасе, ки таҳти назорат ва муҳофизати шадид аст, шояд бо мудохила аз берун сурат гирифта бошад. Ба назари оқои Сайфуллозода сар задани ҳадисаи мазкур ҷудо аз шароити рақобати қудратҳо ва авзои ҳокими амниятии минтақа нест.