Манобеъи интизомӣ гуфтаанд, дар ҳоли ҳозир амалиёти ҷустуҷӯ ва боздошти Мирзохуҷа Аҳмадов идома дорад. Аз сӯи дигар, аз субҳи дирӯз то кунун ҳар гуна иртибот бо минтақаи Рашт қатъ шуда ва имкони тамос бо хабарнигорни маҳаллӣ ғайри мумкин шудааст.
Изҳори ҳамдардии Бердимуҳаммадов ба Эмомалӣ Раҳмон
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон зимни як барқия ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бинобар кушта шудани 25 сарбози вазорати дифоъи Тоҷикистон изҳори ҳамдардӣ кардааст. Дар ҳамин ҳол, аз ҷон додани се нафари дигар аз маҷрӯҳони ҳамлаи рӯзи 19 сентябри Камроб хабар дода мешавад.
Раиси ҷумҳури Туркманистон ба бозмондагон ва пайвандони ҳамлаи хунин рӯзи 19 сентябр таслият гуфта, ҳимояти худро аз онҳо иброз доштааст.
Дар ҳамин ҳол, аз ҷон бохтани се тани дигар аз сарбозоне, ки бар асари ҳамла ба ковони вазорти дифоъ дар Камароб маҷрӯҳ шуда буданд, хабар расидааст. Гуфта мешавад, ин се нафар дар бемористоне дар Душанбе ҷон додаанд ва ба ин тартиб, шумори кушашудагони ҳамлаи Камароб ба 28 нафар расидааст.
Иттиҳоми телевизионӣ алайҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов
Телевизиони Тоҷикистон дар як навори ҳуҷҷатӣ дар барномаи "Ахбор" шоми 22-юми сентябр фармондеҳи пешини мухолифон Мирзохӯҷа Аҳмадовро ба пинҳон кардани Мулло Абдулло дар хонаи худ ва таъсиси шабакаи таълими террористии наврасон айбдор кард.
Дар ин намоиш аз ҳалокати 5 нафар аз тарафдорони Мирзохӯҷа Аҳмадов ва Аловуддин Давлатов иттилоъ дода шуд. Ҳамчунин гуфта шуд, аз манзили Аҳмадов чанд мил силоҳу муҳимот ва маводи мунфаҷира кашф шудааст.
Муаллифони намоиш гуфтанд, Аҳмадов, Мулло Абдулло ва Давлатов даҳҳо нафар аз наврасонро ба таълимгоҳҳои худ, ки дар чанд деҳаи ноҳияи Рашт мавҷуд буда, ҳамеша тағйири макон мекарданд, ҷалб намуда, ба онҳо ислом ва фаъолиятҳои ҷангӣ меомӯзондаанд. Як ҷавон, ки дар чеҳрааш осори латукӯб дошт, дар ин намоиш гуфт, онҳо дар давоми 1 сол иҷоза надоштанд, таҳхонаҳоро тарк кунанд ва тамоми фаъолиятҳои онҳо зери назари шахсе бо номи Мавлавӣ Зикруллоҳ мегузаштааст.
Ин ҷавон гуфт, шабе дар даромадгоҳи мактаби махфӣ Алии Бедакӣ (Аловуддин Давлатов)-ро дида ва ҳамчунин Мирзохӯҷа Аҳмадов низ ба дидани онҳо меомадааст. Бо он ки ин навор намоиш дода шуд, имконияти санҷиши ҳақиқати иттилои он дастрас намебошад. Робитаи телефонӣ бо ноҳияи Рашт, гуфта мешавад, бо "сабабҳои фаннӣ" ғайримумкин аст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ зимни як изҳорот Мирзохӯҷа Аҳмадовро ба таъсиси шабакаи таълими террористии наврасон айбдор кард:
Кушта шудани ҷонибдорони Мирзохӯҷа Аҳмадов
Манобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷараёни амалиёти зиддитеррористӣ дар минтақаи Рашт ба камияш 5 тан аз ҷонибдорони Мирзохӯҷа Аҳмадов, фармондеҳи собиқи мухолифон, кушта шудаанд. Сарнавишти худи Аҳмадов то ҳол равшан нест. Як манбаъ аз вазорати корҳои дохилӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, маълум нест, ки Мирзохӯҷа Аҳмадов аз ин даргирӣ ҷон ба саломат бурдааст, ё кушта шудааст.
Хабари даргириҳои густарда дар ҳоле пахш мешавад, ки ҳамагӣ соате пеш манбае аз минтақаи Ғарм ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар пайи ҳамлаи мушакӣ манзили Мирзохӯҷа Аҳмадов хароб шудааст. Ҳамин манбаъ иттилоъ дод, ки эҳтимолан фармондеҳи дигари собиқи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин Шоҳ Искандаров ба гурӯҳи ситезаҷӯҳо пайвастааст.
Мирзохӯҷа Аҳмадов дирӯз ӯ дар як сӯҳбат бо Озодӣ аз таъқиби сарбозони собиқи мухолифин ва кофтукоби хонаҳои мардуми минтақа изҳори нигаронӣ карда буд. Вай гуфт, дар деҳаи Такоба ҷустуҷӯи хонаҳои сарбозони собиқи ИНОТ сурат гирифтааст. Ба қавли ӯ, наздики 30 нафар аз муҷоҳидини собиқ пас аз он, ки нерӯҳои ҳукуматӣ манзили онҳоро мавриди кофтукоб қарор додаанд, тарки манзил кардаанд.
Қатъи иртиботи телефонӣ ва амалиёти густарда дар Рашт
Дар ҳамин ҳол хабарнигорони Озодӣ иттилоъ доданд, ки имрӯз баъд аз зӯҳр хатти иртиботи телефонӣ бо водии Рашт қатъ шудааст.
Хабаргузории Авесто навиштааст, ки ширкатҳои телефони мобилӣ бо амри мақомот иртиботи телефониро бо водии Рашт қатъ кардаанд. Далели чунин иқдом тавзеҳ дода намешавад.
Ҳамзамон баъзе аз манбаъҳо хабар медиҳанд, ки имрӯз дар водии Рашт амалиёти густардаи ҷӯстуҷӯи террористон шурӯъ шудааст ва ҳоло ҷараён дорад. Нерӯҳои амниятӣ талош доранд, аъзои гурӯҳҳои террористии таҳти раҳбарии фармондеҳони собиқи мухолифин Абдулло Раҳимов ва Алоуддин Давлатовро боздошт кунанд, ки дар куштори 25 нафар сарбозону афсарони артиши Тоҷикстон дар рӯзи 19 сентябр дар дараи Камароб айбдор мешаванд.