Маъмурони милиса субҳи имрӯз тазоҳуроти муштариёни фиребхӯрдаи ширкати хонасозии "Мовароуннаҳр”-ро дар назди бинои додситонии кулли Тоҷикистон пароканда карданд.
Даҳҳо нафар аз ин муштариён бо талаби раҳоии раиси ширкати “Мовароуннаҳр” Ҷӯрабек Охунов гирди ҳам омаданд, вале мегӯянд, касе аз мақомоти додситонии кулл ҳозир нашуд, арзи онҳо шунавад.
Ҷӯрабек Охунов ҳафтаи гузашта боздошт шуд. Ширкати “Мовароуннаҳр”, аз бузургтарин ширкатҳо дар бозори хонасозии пойтахти Тоҷикистон, дар ивази пардохти 50 дарсади қимати хона ваъдаи дар се сол ба муштариён супурдани манзили навро медод, вале имсол дучори варшикастагӣ шуд.