Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи гӯштии миллӣ дар аксҳо


Муҳаммад Абдураҳмонов
Муҳаммад Абдураҳмонов

Рӯзи 22-юми март дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мусобиқаи гӯштии миллӣ бахшида ба Иди Наврӯз баргузор шуд.

Дар ин мусобиқаи паҳлавонӣ, ки яке аз суннатҳои наврӯзист, беш аз 100 гӯштигир аз ҳамаи манотиқи кишвар ширкат карданд. Мусобиқа бо ҳузури беш аз 20 ҳазор тамошогар дар ду гӯруҳ доир шуд.

Дар сабқати паҳлавонони вазнашон то 80 кило, варзишгарони Душанбе Шералӣ Бозоров ва Фарҳод Раҳимов ба қувваозмоии ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Шералӣ Бозоров бо бартариии начандон калон рақибашро мағлуб сохт ва соҳиби мошини сабукрави хориҷӣ гардид.

Дар сабқати паҳлавонони вазнашон беш аз 80 кило низ ду нафар паҳлавонони маъруфи кишвар-Муҳаммад Абдураҳмонов ва Набимуҳаммад Хоркашев (ҳар ду аз Душанбе) барои ҷоизаи олӣ талош карданд.



Ин қувваозмоӣ низ хеле тӯл кашид ва бо афзалияти ночизи Муҳаммад Абдураҳмонов хотима ёфт.

Бояд тазаккур дод, ки Абдураҳмонов дар мусобиқоти наврӯзии соли гузашта ҳам дар шаҳри Душанбе ва ҳам дар ноҳияи Данғара ғолиби мутлақ гардида буд. Ӯ низ бо мошини тамғаи хориҷӣ сарфароз гашт. Ба ғолибони мутлақи мусобиқа инчунин Ҷоми (ғолиби Наврӯз-2011 ) супурда шуд.

Ин мусобиқаро мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии Тоҷикистон барпо
Набимуҳаммад Хоркашов
карданд. Ҷоизаҳоро ба ғолибони мутлақи мусобиқа Насрулло Хайруллоев, муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе ва Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии Тоҷикистон тақдим карданд.

Кирсан Илюмжинов, раиси Федерастияи байналмилалии шоҳмот ва Раҳимқул Малахбеков, муштзани маъруфи тоҷик, ки бо сафари серӯза аз Русия ба Тоҷикистон омадаанд, дар ин маросим ширкат доштанд. Ба ин меҳмонони фахрӣ, масъулини соҳа либосҳои идонаи миллии тоҷикӣ тӯҳфа карданд.

Дар доираи мусобиқоти идонаи наврӯзӣ, рӯзи 23-юми март дар Наврӯзгоҳи пойтахт (собиқ Ипподроми Душанебе) мусобиқаи аспдавонӣ баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG