Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши фирори сарбозон аз артиши Тоҷикистон


Додситонии низомии вилояти Хатлон 16 сарбози нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро ба фирор аз ҷузвутомҳои артиш ва сарпечӣ аз хидмати ҳарбӣ айбддор кардааст. То ҳоло парвандаи 6 нафар барои муҳокима ба додгоҳ ирсол шудааст. Аксари сарбозоне, ки аз хидмат фирор кардаанд, онҳое будаанд, ки ба тариқи зӯроварӣ ё, ба истилоҳ «облава» ба хидмати низомӣ сафарбар шудаанд. Яке аз сарбозони фирорӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, мавҷудияти муносибатҳои ғайриқонунӣ ё «дедовшина» ва бархӯрди афсарон ба сарбозон ӯро водор кардааст, то аз хидмат дар артиш бигурезад. Ин дар ҳолест, ки ахиран бархе аз созмонҳои иҷтимоии Тоҷикистон ҷорӣ намудани хизмати алтернативии низомиро дар кишвар матраҳ кардаанд.
XS
SM
MD
LG