Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меҳмони нави боғи вуҳуши Душанбе: Турсунбой-баҳмут


Хабаргузории «Азия-Плюс» мегӯяд, ки дар боғи ҷонварони Душанбе меҳмони нав – баҳмуте маскан гирифт, ки аслан зодаи Австралия буда, вале аз Қирғизистон ба Тоҷикистон оварда шудааст. Баҳмут Турсунбой нома дошта, як тонна вазн дорад ва дар давоми рӯз 40-45 кг меваву сабзаҷот истеъмол мекардааст. Маъмурияти боғи вуҳуши Душанбе бар ивази ду уқобу ду каргас ё лошахӯр тавонистааст баҳмути ҳафтсоларо ба Тоҷикистон овардаанд. Орзу Саидджамол, мудири боғи ҷонварони Душанбе дар сӯҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» гуфтааст, ки баҳмут 11 рӯз пеш ба ин ҷо оварда шуд, вале то ҳанӯз эҳсос мешавад, ки ба ҷои наваш одат накардааст. Аз гармии шадид аксаран дар дохили ҳавзи об ва ё дар соя нишастанро дӯст медорад.
XS
SM
MD
LG