Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон намози идро соати ҳафтуними субҳи 31-уми август муқаррар кардааст. Ин дар ҳолест, ки рӯзи 31-уми август ва боз ҳам як рӯз дертар аз аксари кишварҳои мусулмонии дунё, бо шумули Арабистони Саудӣ таъйин шудани таърихи таҷлили Иди Фитр мояи интиқодот аз ниҳодҳои динии Тоҷикистон шудааст.
Зубайдуллоҳи Розиқ, аз шахсиятҳои саршиноси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба Шӯрои уламои Маркази исломӣ, танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво, ҷуръат намерасад.
Ӯ мегӯяд, яке аз корҳое , ки заминаи шаръӣ надоранд, вале дар Тоҷикистон одат шудааст, ҳатман 30 рӯз гирифтани рӯзаи моҳи Рамазон аст ва ин дар ҳолест, ки ҳатто паёмбари Ислом Муҳаммад(с) низ дар умри худ дастикам 4 маротиба 29 рӯз рӯза гирифтаанд.
"Рӯза доштан дар рӯзи идро Ислом ҳаром ҳукм кардааст ва пас онҳое, ки ба тасмими Шӯрои улумо шакк доранд чӣ кунанд: ҳамчунон то 31-уми август рӯза бигиранд ва ё аллакай фардо ид кунанд?",- суол мегузорад Зубайдуллоҳи Розиқ.
Аммо дар Шӯрои уламои Тоҷикистон низ афроде ҷамъ нашудаанд, ки тасодуфӣ ва аз дини мубини Ислом бехабар бошанд. Оё далели онҳо барои интихоби 31-уми август ба ҳайси рӯзи ид чист? Ва сабаб чист, ки дар Тоҷикистон ҳамеша 30 рӯз рӯза мегиранд? Оё ҳукми онҳое, ки дар Тоҷикистон як рӯз пеш ид карданианд, чӣ хоҳад буд?
Оё он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин шабу рӯз дар хориҷ қарор доранд, бояд кай ид кунанд: 31-уми август, тавре Шӯрои уламои Тоҷикистон мефармояд ва ё 30-юми август, агар муфтӣ ё имоми он кишваре ки ба сар мебаранд, чунин ҳукм карда бошад?
Бо ин суолҳо рафтем ба сӯҳбати Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон.
Ба ҳар сурат, як рӯз қабл ё як рӯз дер ин иди саид аллакай дари мову шуморо мекӯбад ва башорат аз поёни моҳи шарифи Рамазон ва аз рӯзи аввали моҳи Шаввол медиҳад.