Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё истиқлолият яки Шуморо ду кард?


Бархе аз сокинони Тоҷикистон мегӯянд, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар соҳиби ҷойи кору манзили хуб шудаанд.

Вале иддае дигар ҳам мегӯянд, ки ин давраи мушкилтарини зиндагии онҳо буд. Зеро дар ин давра ҳам ҷои кори худро аз даст доданд ва ҳам хонаводаашонро.

Яке аз ин сокинон, ки ҳоло ба ҷорӯбфурӯшӣ машғул аст, мегӯяд, ба иллати бекорӣ натавонистааст маишати хонаводаи худро таъмин кунад ва ҳамсараш бо чаҳор фарзанд ӯро тарк намудааст.

Гурӯҳе дигар аз сокинон мегӯянд, ҳам даврони истиқлол ва ҳам даврони Шӯравии пешин барои онҳо яксон аст. Чунки онҳо дар Шӯравӣ ҳам аз рӯи ихтисоси худ кор мекарданду миёнаҳолона мезистанд ва ҳоло низ ҳамин гунаанд.

Назари сокинонро дар ин навори видео бубинед:


Истиқлолият 1-и Шуморо 2 кард?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG