Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммадюсуф Исмоилов – маҳбуси сухан


Муҳаммадюсуф Исмоилов
Муҳаммадюсуф Исмоилов

Қазияи ин хабарнигори зиндонӣ аз ноҳияи дурдасти Ашт метавонад Тоҷикистонро дар ақсои олам шармсор кунад.

Акнун номи Тоҷикистонро дар Китоби рекордҳои Гиннес на фақат милаи 165-метрии парчами миллиаш, балки шояд тақозои боварнокардании 16 соли зиндон барои як мақолаи танқидӣ ба Муҳаммадюсуф Исмоилов низ “зеб” диҳад.

Ин ҳомии ҳуқуқ ва хабарнигори 51-солаи нашрияи “Нури зиндагӣ” дар ноҳияи дурдасти Аштро дар баробари тӯҳмату таҳқир ба тамаъҷӯӣ ва маҳалгароӣ низ айбдор мекунанд, вале ба эътиқоди созмонҳои хабарнигорӣ, Исмоилов маҳз ба далели мақолаҳои танқидиаш 11 моҳ боз дар боздошт қарор дорад.

Қазияи ӯ, ки ба баландтарин минбарҳои байнулмилалӣ ва ҳатто ба минбари СММ расидааст, як воқеияти талхи дигар- чӣ қадар оҷиз будани як нафари бепуштибон дар муқобили мошини таъқиботӣ дар Тоҷикистонро низ бармало мекунад.

Дадаи Умед куҷост?

Умед, фарзанди хурдии хабарнигори “Нури зиндагӣ” Муҳаммадюсуф Исмоилов ҳамагӣ чанд моҳ дошт, ки падараш боздошт шуд. Хосият Абдуқодирова, духтарамаки Исмоилов, ки баъди боздошти ӯ саробонии хонаводаашро ба ӯҳда дорад, мегӯяд, дар ин 11 моҳе, ки Муҳаммадюсуф зиндонист, Умед роҳгардон шуд ва акнун бо як лаҳни ширини тифлона “дада” мегӯяд, вале намедонад, ки дадааш куҷост.

Умед, фарзанди кӯчаки Муҳаммадюсуф Исмоилов
Умед, фарзанди кӯчаки Муҳаммадюсуф Исмоилов
Хосият Абдуқодирова афзуд: “Ҳозир якунимсола шуда истодааст. Вақте ӯро ба милисахонаи Ашт оварданд, бурдем, нишон додем. Дид кӯдакашро, вале дидан чӣ фоида, бепадар калон шуда истодааст Умед, кӯдаки якунимсола чиро медонад? Хайр, “дада, дада” мегӯяду тамом. Ҳамагӣ ду бор ё се бор дар милисахонаи Шайдон бачаҳо нишонаш доданд.”

Аз сохтани чайнворд то танқиди мақомот

Муҳаммадюсуф Исмоилов хабарнигори касбӣ нест, балки дар ноҳияи Рӯдакӣ дар соҳаи савдо кор мекард ва шуғли дӯстдоштааш ҳам тартиб додани кроссворду чайнвордҳо буд. Ӯ аз соли 2008 баъди бозгашт ба зодгоҳаш – ноҳияи Ашт ба ҳамкорӣ бо нашрияи мустақили “Нури зиндагӣ” пардохт ва асосан дар бораи камбудиҳои мақомоти ин ноҳия мақолаҳои интиқодӣ менавишт. Охирин матлабе, ки косаи сабри ин мақомотро лабрез кард ва боиси боздошти ӯ дар моҳи ноябри соли 2010 бар пояи шикояти 6 мақоми маҳаллӣ ва боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ бо 4 иттиҳом шуд, матлабе буд бо номи “Ашт валангор мегардад. Ба ин кӣ гунаҳкор аст?”, ки 19 августи соли 2010 дар “Нури зиндагӣ” нашр шуд.

Ҷумъаи Мирзо, сардабири “Нури зиндагӣ” мегӯяд, Исмоилов фурӯшандаи асосии ин нашрия ҳам буд ва бо шарофати ӯ ҳар ҳафта танҳо дар Ашту навоҳии атрофаш беш аз 1000 нусхаи “Нури зиндагӣ” ба фурӯш мерафт. Ин аст, ки вақте Муҳаммадюсуф Исмоилов дастгир шуд, миёни “Нури зиндагӣ” низ шикаст ва баъди чанде аз нашр монд: “Исмоиловро ман аз қабл мешинохтам. Барои “Ҷавонони Тоҷикистон”-у “Оила” ва “Тоҷикистон” кроссворду чайнворд ва муаммоҳо месохт. Соли 2008 буд, ки бо мо дар тамос шуд ва пешниҳоди ҳамкорӣ кард. Аз аввал дар бораи мушкилоти Ашт менавишт. Вақте шинохтатар шуд, ба масоили муҳимтаре, чун фасоду тақсими ғайриқонунии замин, харобии роҳҳои ноҳия рӯ овард. Ва сабаби гирифториаш низ ҳамин чанд мақолаи интиқодие шуд, ки ӯ солҳои 2009-2010 дар “Нури зиндагӣ” нашр кард.”

ТАНҲОИИ ХАБАРНИГОР ДАР МУЗОФОТ

Ҷумъаи Мирзо
Ҷумъаи Мирзо
Исмоилов ҳамчун ҳомии ҳуқуқи инсон низ ном дошт. Аммо қазияи ӯ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо хабарнигорони пойтахт дар як вазъи осебпазиртар қарор доштани хабарнигорони музофотиро низ бозгӯ мекунад, ки як намунааш дар соли 2005 дар пайи нашри як матлаби интиқодӣ дар бораи додситони вақти ноҳияи Айнӣ маҳкум ба зиндон шудани Ҷумъаи Толиб аст, ки баъди раҳоӣ дар Душанбе нашрияи маъруфи “Пайкон”-ро таъсис дод.

Ҷумъаи Мирзо мегӯяд: “Дар музофот хабарнигор танҳост. Он иттиҳоду ҳамбастагие, ки барои мисол, дар Душанбе ё дар маркази вилоятҳо байни хабарнигорон мебинем, дар ноҳияҳои дурдаст нест. Ҳамкасбонаш аз рӯзномаи ноҳиявӣ ҳатто бо чашми ҳасад ба ӯ менигаристанд. Худро танҳо эҳсос ҳам мекард. Вақте мо дар додгоҳи Табошар будем, ҳамкасбонаш аз нашрияи “Шӯҳрати Ашт” ба ҷои ҳимоят баръакс шоҳидиҳое доданд, ки бар зарари Муҳаммадюсуф Исмоилов буд.”

Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ (Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон), ки ҷараёни таҳқиқ ва муҳокимаи парвандаи Исмоиловро аз оғоз пайгирӣ мекард, мегӯяд, ин қазия як мушкили умдаи озодии баён дар Тоҷикистони имрӯз - сӯъитаҳаммули мақомот нисбат ба танқид дар матбуотро боз мекунад. Дар шароити адами додгоҳҳои мустақил, ба эътиқоди Қаршибоев, ба додгоҳҳои шаҳрвандӣ супурдан, яъне декриминализатсияи қазияҳои марбут ба таҳқиру тӯҳмат низ фоида надорад: “Дар Тоҷикистон, ки феълан волоияти қонун ҳанӯз таъмин нест, хафви барои гузоришҳояш зиндонӣ шудани хабарнигор вуҷуд дорад. Сабабаш ин аст, ки мутаассифона, мақомоти давлатӣ худро як сару гардан аз мардуми оддӣ боло гирифта, бо истифода аз мақом метавонанд рӯзноманигорро барои танқид ба ҷавобгарӣ кашанд. Ин бори дигар аз таҳаммулнопазирии онҳо далолат медиҳад.”

ДУ ЛИНГА ГАЗЕТА-ҲАМАИ ДОРОИИ МУҲАММАДЮСУФ

Муҳаммадраҳим Абдуманнофов (аз тарафи чап) ҳангоми сӯҳбат бо наздикони Исмоилов
Муҳаммадраҳим Абдуманнофов (аз тарафи чап) ҳангоми сӯҳбат бо наздикони Исмоилов
Муҳаммадраҳим Абдуманнофов, муовини раиси созмони Ҳизби сотсиал-демократ дар ноҳияи Ашт мегӯяд, Исмоилов дар бораи мушкилоти ноҳия ҳақиқатро мегуфт ва ба ҳамин далел боздошт шуд: “Фаъолияти ҳукумат дар Тоҷикистон хеле заиф аст, аз ҷумла дар маҳаллҳо. Ва онҳо барои рӯпӯш кардани камбудиҳои худ нафаронеро, ки ҳақиқати ҳолро менависанд, таъқиб мекунанд. Ончи, ки Муҳаммадюсуф менавишт, ҳамааш ҳақиқат аст, ягон чизи тӯҳмат ё дурӯғ надорад. Воқеияти имрӯзи рӯзгори моро инъикос мекунад. Он ки ӯро тӯҳмату ҳабс карданд, тӯҳматгарон ҳамин мақомотанд.”

Хосият Абдуқодирова, духтарамаки Муҳаммадюсуф мегӯяд, ӯ манзили падариашро ба ҳамсари аввалаш дода, худ бо ҳамсари кунуниаш Маҳтоббӣ Абдуллоева ва писараш Умед дар манзили як бародарзодааш ба сар мебурд ва рӯзгоре хеле фақирона дошт: “Бечораро зиндагиаш чунон фақирона буд, ки ҳатто хона надошт, дар хонаи бачаи акояш мешинад. Баъди 3 рӯзи маҳкам кардан, аз додситонӣ одам рафт барои кофтукоби хона. Ман омадам, ки ду прокурору нозири милиса онҷо истодаанд. Гуфтанд, ки мабодо яроқ дошта бошад, аз ин рӯ, ҳама чизе ки доред, бароред. Ҳамаҷоро кофтанд, вале ба ғайри ду линга газета чизе наёфтанд. Он ҳам газетаҳои “Нури зиндагӣ”-ву “Оила”-ву “Чархи гардун”. Ҳамон ду лингаро гирифтанду рафтанд. Бо ҳамин 11 моҳ боз маҳкаму маҳкам.”

КОМАНДИРИ БАТАЛЁН” ГУФТАН ТӮҲМАТ АСТ?

Додхудо Саймуддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, ниҳоде, ки ташхиси забоншиносии мақолаҳои Исмоиловро анҷом дода, дар ин матлабҳо аломатҳои таҳқирро дарёфтааст, низ аз 16 сол пурсидани
Додхудо Саймуддинов
Додхудо Саймуддинов
айбдоркунанда чунон таккон хӯрд, ки ба Радиои Озодӣ гуфт: “Охир барои туҳмату таҳқир 16 сол намедиҳанд. Одамро агар бикушӣ, ҳамагӣ 15 солат медиҳанд. Даъвои додгоҳӣ буд ва додгоҳҳо, ки дар марҳалаи охир ташхиси забоншиносӣ мегузаронанд, дар ин маврид низ гузаронданд. Парвандаи ӯ омилҳои дигари ҷиддӣ дорад, ба гумонам. Лекин на барои 2-3 калимае, ки таҳқир ё туҳмат кардаасту онҳоро алфози қабеҳу номуносиб мегӯянд.”

Ташхиси ин кумита дар як ҷумлаи мақолаи “Ашт валангор мегардад”-и Исмоилов, ки муовини вақти раиси ноҳияи Ашт Зафар Мамадҷоновро дар сохтмони, ба таъбири ӯ, “фронти зарбдор”-и бинои додситонӣ ба “командири баталёни сохтмонӣ” ташбеҳ додааст, аломати таҳқир ёфтааст. Далели “маҳалгароӣ”-и хабарнигор банди дигари ин мақолаи ӯст, ки аз ғайриқонунӣ додани беш аз 140 гектар замини кишт ба соҳибкорон аз шаҳри Хуҷанд ва безамин мондани сокинони худи Ашт интиқод мекунад.

ДАЛЕЛИ ТАМАЪҶӮӢ - 4 ТАХТАИ КУҲНА

Аммо сахттарин айби алайҳи хабарнигор гӯё тамаъҷӯии ӯст, ки аз як хешованди соҳибмақоми худ барои пӯшондани боми хонааш 4 тахта ва аз якеи дигар гӯё 200 сомонӣ гирифта бошад. Духтарамаки хабарнигор Хосият Абдуқодирова мегӯяд, мақомоти маҳаллӣ аз Муҳаммадюсуф Исмоилов барои мақолаҳои интиқодиаш қасос меҷӯянд ва ба ҳамин хотир бо ҳар баҳонаи бофтаву сохта мехоҳанд, ки пушти панҷара бимонад: “Ӯ хона мепӯшонд ва азбаски шароити танг дошт, кадом совхоз 4 тахтачӯб ваъда кардааст ва он ҳам 4 тахтаи куҳна. Ҳамонро овард. Вақте дастгир шуд, ман ба ҳамон шикоятгар гуфтам, ки додар, ҳамон
Хосият Абдуқодирова (аз тарафи рост) ва Нуриддин Қаршибоев. Шаҳраки Шайдон, ноҳияи Ашт
Хосият Абдуқодирова (аз тарафи рост) ва Нуриддин Қаршибоев. Шаҳраки Шайдон, ноҳияи Ашт
4 чӯби куҳнае ки додӣ, истодааст, оварда, дар пеши дари ҳукумат холӣ кунам? Не гуфт. Ӯ, ки дар бораи прокурор навишт ва шикоят кард, инҳо қасос гирифта истодаанд. Наход як касе, ки одам накуштааст, моли давлатро надуздидааст, қариб як сол боз дар зиндон хоб равад? Ягон ғизо барӣ, базӯр мегиранд. Агар гап сари ҳамин 4 чӯби куҳна бошад, биёянд, ман аз ҳавлиам 4 чӯб не, 8 чӯб карда, медиҳам.”

Муҳаббат Ҷӯраева, вакили мудофеи Исмоилов мегӯяд, тамоми иттиҳомоти алайҳи ӯ сохта аст ва ин чанд чӯбро бо ҳидояти раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳия ба ӯ додаанд, ки баъдан ҳамчун як мавриди тамаъҷӯии хабарнигор санад мешавад. Хонум Ҷӯраева афзуд, ба маҳалгароӣ айбдор кардани Исмоилов низ даъвое пучу ҳавоист: “Тамаъҷӯияш ҳам дурӯғу маҳалгароияш ҳам дурӯғ. Ӯ дар бораи заминҷаллобӣ навишт ва онҳо мегӯянд, ки ӯ маҳалгароӣ кард, чунки навишт, ки чаро сокини маркази вилоят омада дар Ашт замин гирифт? Дар асл бо қарори раиси ноҳия 148 гектар замин гирифтаанд. Ҳол онки раиси ноҳия на зиёда аз 5 -10 гектар дода метавонаду халос. Аз 16 соле ки додситон пурсид, 10 солаш барои маҳалгароист, 5 солаш барои тамаъҷӯӣ ва маҷмӯан 16 сол. Лекин да асл ягон маҳалгароӣ нест, Исмоиловро ҳаққро навишта буд. Тӯҳмату таҳқираш ҳам дурӯғ.”

МУҲАММАДЮСУФРО АФВ НАКАРДАНД...

Ҷумъаи Мирзо, сардабири ҳафтаномаи баъди боздошти Исмоилов аз нашр бозмондаи “Нури зиндагӣ” мегӯяд, онҳо умедвор буданд, ки Исмоилов таҳти қонуни ахири афв қарор хоҳад гирифт, ки нашуд, ва акнун охирин умеди маҳфилҳои хабарнигорӣ ба раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аст, ки худ ба ин қазияи шармовар мудохила кунад: “Ин даҳшат аст, чунки ҳатто барои онҳое, ки хиёнат ба ватан мекунанд ё одам мекушанд, касе 16 сол талаб намекунад. Дар як соли охир ягон ҳамоише набуд, ки дар он аз қазияи Исмоилов нагуфта бошанд. Чӣ созмонҳои маҳаллии хабарнигорӣ ва чӣ созмонҳои байналмилалӣ. Ва шояд ҳамин иттиҳоди хабарнигорон боис шуд, то мақомоте ки аз ӯ қасд гирифтанианд, асосан мақомоти раҳбарии ноҳияи Ашт ва собиқ додситону раиси низ пешини ноҳия, низ иттиҳод бубанданд, ки то охир мубориза бурда, ҳамин одамро, ба қавле, шикананд.”

Аммо Муҳаммадраҳим Абдуманнофов, аз раҳбарони сотсиал-демократҳои Ашт нисбат ба дурнамои ин қазия зиёд хушбин нест: “Ҳукумат дигар чора надорад. Агар ин мардак сафед шавад, бояд одамоне, ки ӯро туҳмат карданд, ҷазо бигиранд. Ягон иттиҳоме ки алайҳи Исмоилов эълон шудааст, на прокурор ва на дигараш дар додгоҳ исбот карда натавонист. Аммо ҳарчи, ки вакили мудофеъ мегӯяд, қабул намекунанд дигар. Чунки онҳо бо фармони боло кор мекунанд. Мана, аз 16 сол пурсидани додситон чанд рӯз гузашт? То имрӯз давоми мурофиа маълум нест, ки кай доир хоҳад шуд. Бо боло маслиҳаташон ҳанӯз напухтааст, чунки дар ин шабурӯз дар Женева Тоҷикистон аз вазъи ҳуқуқи инсон ҳисобот медод. Мунтазиранд, ки оқибати ин ҳисобот чӣ мешавад.”

БАҲСИ ИСМОИЛОВ ДАР ЖЕНЕВА ВА ВАРШАВА

Ҳайати Тоҷикистон дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал
Ҳайати Тоҷикистон дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал
Дар баҳси вазъи ҳуқуқи башари Тоҷикистон дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар Женева қазияи Исмоиловро намояндаи Амрико Ҷон Маттиз бардошт ва бо изҳори нигаронӣ аз ҳамалоти мунтазам алайҳи матбуот ба давлати Тоҷикистон 5 пешниҳод дод, ки нахустинаш низ марбут ба таъқиби журналистон буд: “Барои беҳбуди озодии баён дар кишвар бояд тадобири изофӣ андешида шавад. Аз ҷумла иттиҳомоти боқимонда алайҳи Урунбой Усмонов бояд ҳазф шавад. Ва мо ба ҳалли беосеби парвандаи журналистоне, чун Муҳаммадюсуф Исмоилов низ даъват мекунем.”

Додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода дар нишасти Женева эътироф кард, ки тайи якуним соли охир дар ин кишвар алайҳи 2 журналист – Урунбой Усмонов аз ББС ва Исмоилов – парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Вале ӯ бахши аъзами посухашро ба Усмонов бахшид, ки ба ақидаи додситони кулл, таъқибаш бо фаъолияти касбии ӯ рабт надорад ва аз ҳар навъ ташреҳи бештари қазияи Муҳаммадюсуф Исмоилов сарфи назар кард.

Вале чанд рӯз пеш вақте вазъи озодии баён дар Тоҷикистон дар нишасти САҲА дар Варшава баҳс мешуд, Содиқ Шоназаров, мушовири раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, агар бегуноҳии Исмоилов дар додгоҳ собит шавад, муътақид аст, ки ӯро сафед хоҳанд кард.

ДОДГОҲИ ТОҶИКИСТОН КАСЕРО САФЕД НАМЕКУНАД

Муҳаббат Ҷӯраева
Муҳаббат Ҷӯраева
Муҳаббат Ҷӯраева, вакили мудофеъи Муҳаммадюсуф Исмоилов мегӯяд, ӯ аз додгоҳ комилан сафед кардани муваккилашро хостааст, вале баъид аст, ки қозӣ ӯро сафед кунад: “Қозӣ болоро нигоҳ карда истодааст, ки бо боло чӣ маслиҳат мешаваду ӯ чи кор кунад. Рӯзи 3-юми октябр ба ҳамин далел мурофиа барпо нашуд. Агар маслиҳат мешуд, кайҳо ҷамъбаст мекарданд муҳокимаро. То ҳол маслиҳат доранд, ки нисбат ба Исмоилов чӣ кор кунанд? Иттиҳомоти таҳқиру туҳмат ва маҳалгароӣ шомили қонуни ахири афв мешавад. Танҳо тамаъҷӯӣ намедарояд. Яқин аст, ки ӯро сафед намекунанд. Дар Тоҷикистон мардум ҳукми сафедро алакай фаромӯш кардаанд. Танҳо агар иттиҳоми тамаъҷӯиро ихтисор кунаду бо се моддаи дигараш қонуни афвро нисбати ӯ татбиқ карда, аз толори додгоҳ озодаш кунанд, боз ҳам беҳтарин натиҷа мешуд. Умеди мо низ ҳамин аст.”

Бо ин ҳол, хабарнигорони тоҷик ба расидагии мунсифонаи додгоҳ ба ин қазия зиёд итминон надоранд. 5 созмони хабарнигории Тоҷикистон дар як номаи муштарак аз раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хостаанд, ки шахсан ба қазияи Исмоилов мудохила кунад.

Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ гуфт, мақомоти Ашт гумон доштанд, ки созмонҳои хабарнигорӣ аз таъқибу боздошти Муҳаммадюсуф Исмоилов бехабар мемонад, вале хушбахтона, тирашон хок хӯрд. Ӯ афзуд, созмонҳои дифоъ аз хабарнигорон ин қазияро дар нимароҳ нахоҳанд гузошт ва то охир, яъне то раҳоии Исмоилов, хоҳанд бурд: “Ин як ваҳшат аст. Худи талаби чунин ҳукми сангин ба ягон ақли солим рост намеояд. Ҳатто агар кас қасдан ҷиноят содир кунад ва он ҳаам ҷинояти хеле сангин, чунин ҳукми сахт намедиҳанд. Бино бар ин, вақте мо аз ҷониби созмонҳои хабарнигорӣ ба раисиҷумҳур муроҷиат кардем, ҳамин чизро дар назар доштем, ки дар сурати қонеъ шудани талаби айбдоркунандаи давлатӣ нисбат ба Исмоилов ин нафақат як хатари ҷиддӣ барои озодии баён дар кишвар аст, балки ба имиҷи байналмилалии Тоҷикистон низ таъсири ҷиддии манфӣ мерасонад.”

ТОҶИКИСТОН БА “ДУШМАНОНИ МАТБУОТ” МЕПАЙВАНДАД?

Нуриддин Қаршибоев
Нуриддин Қаршибоев
Созмонҳои байналмилии дифоъ аз хабарнигорон низ аз қазияи Исмоилов батакрор изҳори нигаронӣ мекунанд. Созмони Хабарнигорони бидуни марз, мақараш дар Порис, гуфт, ҳадафи таъқиби журналисти тоҷик танҳо ва танҳо ниқоргирист.

Роберт Маҳонӣ, муовини раҳбари Кумитаи амрикоии дифоъ аз хабарнигорон гуфт, додситонҳо ба ҷои тақозои 16 сол ҳукми зиндон бояд билофосила тамоми иттиҳомоти алайҳи ӯро лағв ва Исмоиловро раҳо кунанд. Ба гуфтаи ин созмон, дар сурати маҳкумият, Муҳаммадюсуф Исмоилов нахустин журналисте дар Тоҷикистони 10 соли охир хоҳад шуд, ки бо ҷурми таҳқиру туҳмат ҳукм мегирад.

Музаффар Сулаймонов, намояндаи Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти Тоҷикистон аз таҳдиди зиндон барои тарсонидани журналистон ва сохтани сипар болои сари мақомот аз оташи интиқодот истифода мебаранд. Вале ин хатти машш, ба бовари оқои Сулаймонов, Тоҷикистонро дар ниҳоят дар раддабандиҳои байналмилалӣ дар радифи давлатҳои душмани матбуот қарор хоҳад дод, ки ба ҳеҷ сурат ба обрӯяш намеафзояд: “Чунин бархӯрд нисбат ба хабарнигорон қобили қабул нест ва мо аз мақомоти Тоҷикистон талаб ва даъват мекунем, Исмоиловро озод ва ин додгоҳи шармандаоварро қатъ кунанд. Ҳамаи ин додгоҳҳову таъқибҳо ва боздошту зиндонӣ кардани журналистон ба кори боқӣ хабарнигорони мунтақид ва мустақил дар Тоҷикистон асар карда, худсонсуриро дар зеҳни онҳо афзоиш хоҳад дод. Додгоҳҳои зидди Муҳаммадюсуф Исмоилов аз “Нури зиндагӣ”, Урунбой Усмонов аз ББС ва Рамзия Мирзобекова аз “Азия Плюс” нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ба ҷои пешрафт ва намунаи ибрат
ҷустан аз кишварҳои пештоз дар озодии матбуот баръакс роҳ ба сӯи хонаводаи режимҳои душмани матбуот гирифтааст. Ин се додгоҳ ба мақоми кишвар дар раддабандиҳои байналмилалӣ ҳатман таъсири манфӣ хоҳад дошт.”

ҲУШДОРИ АФРӮЗ АЗ ШАРМСОРӢ

Сокинони Ашт мегӯянд, вақте Муҳаммадюсуф Исмоилов аз роҳҳои хароби ноҳия танқид кард, роҳҳоро тармим карданд, вақте аз бегазӣ гуфт, газ ҳам омад. Раҳбари вақти ноҳия Даврон Зоҳидов ва додситонаш Улмасов ҳарду аз кор рафтанд. Исмоилов ба мушкили ҳама мерасид, аммо ҳоло, ки ӯ қариб як сол боз дар боздошт қарор дорад ва додситон ҳам барояш аз додгоҳ 16 сол ҳукми зиндон пурсидааст, оё кӣ ба мушкили худи ӯ хоҳад расид?

АФРӮЗ, Анҷумани хабарнигорони форсизабон, марказаш дар Душанбе, дар изҳороте гуфтааст, агар Исмоилов маҳкум шавад, Тоҷикистон дар ақсои олам шармсор ва бо тӯлонитарин ҳукми зиндон барои рӯзноманигорӣ душмани озодии баён унвон хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG