Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамаддуни ҷаҳони ислом дар бузургтарин осорхонаи Ню-Йорк


Гӯшаи ҷадиди фарҳангу ҳунари кишварҳои арабӣ, Туркия, Эрон, Осиёи Марказӣ ва Африқои Ҷанубӣ дар Осорхонаи Метрополитени Ню-Йорк боз шуд.

Ба таъкиди Томас Кампбелл, раиси Осорхона, ин амр заминаро барои ошноии амрикоиҳо ва меҳмонони хориҷӣ ба осори гаронмояи сарзаминҳои исломӣ, хосса, дар мавқеияти ҳассоси имрӯз фароҳам хоҳад кард.

Он гуна, ки Марям Ихтиёр, масъули бахши осори ҳунарии кишварҳои арабӣ, Туркияву Эрон, Осиёи Марказӣ ва Африқои Ҷанубӣ дар Осорхонаи Метрополитени Ню-Йорк ба "Озодӣ" гуфт, "ҳоло ин голерӣ шомили 15 толори бошукуҳ аст, ки тайи такрибан 10 сол умури омодагӣ, таҳияи он ҷараён дошт ва билахира мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин ҷо, албатта, тамаддуни мухталиф, аммо асли он даврони исломро дар бар мегирад. Осори ин бахш аз қарни 7 то 19-ро дар бар мегирад. Дар маҷмӯъ, ҳудуди 1 ҳазору 200 ашёи мухталифи осори ҳунарии сарзаминҳои исломӣ ба маърази тамошо гузошта шудааст."

Чаро тамаддуни исломӣ ва он ҳам дар бузургтарин осорхонаи Амрико? Хонум Ихтиер, ки ҳашт сол боз дар ин музей фаъолият дорад, дар посух ба ин суол гуфт, "фарҳангу ҳунари исломӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ аст. Чун давраи хеле муҳим аст ва муддати тӯлонии таърихро фаро мегирад. Муштариён низ ба ин осор таваҷҷуҳ дооранд ва дар ин авохир низ ислом ва таърихи пурғановати он бештар дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор гирифтааст."

Ин дар ҳолест, ки бино ба иттилои масъулони Музей барои мавриди баҳрабардории голерии осори ҳунарии кишварҳои арабӣ, Туркияву Эрон, Осиёи Марказӣ ва Африқои Ҷанубӣ ҳашт сол сарф шуда ва ҳазинаи ин тарҳ беш аз 50 миллион долларро ташкил медиҳад.

Аммо бо он ки ин голерӣ даврони ислом ном гирифта, комилан осори мазҳабии ин давр нест. Зеро ҳама ашёро, шурӯъ аз бутҳои даврони Фиръавн то меҳроби масоҷид ва минбарҳои шоҳони даврони мухталифи таърихи даврони исломӣ, метавон дар он ҷо пайдо кард. Бахше ҳам ба осори адибони давр ихтисос ёфта, дар ин зимн пораҳое аз достони "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ низ ба маърази тамошо гузошта шудаанд.


Зимнан, Музейи Метрополитени Ню-Йорк дорои беш аз 2 миллион нигора ва ашё аст. Тибқи иттилои масъулони Музей ҳамарӯза садҳо нафар сокинону меҳмонони НюЙорк аз ин макон дидан мекунанд ва бо тамаддуну фарҳанги мухталифи ҷаҳонӣ ошно мешаванд.
XS
SM
MD
LG