Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафтиши "амри маъруф". Акнун дар телефони донишҷӯён


Бархе аз масъулони донишгоҳҳои Тоҷикистон гуфтаанд, ки донишомӯзон набояд дар телефонҳои ҳамроҳашон "амри маъруф"-и рӯҳониёнро ҷой диҳанд.

Баъзе аз донишҷӯёни донишгоҳҳои пойтахт мегӯянд, раҳбарияти донишгоҳҳо намегузоранд, ки дар телефонҳои мобилашон навори садо ё видеои "амри маъруф"-и рӯҳониён мавҷуд бошад.

Як донишҷӯ, ки худро Мӯъмин, донишомӯзи Донишгоҳи политехникӣ муаррифӣ кард, гуфт, ноибони ректор таъкид кардаанд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ дар телефонҳояшон "амри маъруф"-и рӯҳониёнро сабт накунанд, вагарна "ҷазо" хоҳанд гирифт.

Ӯ илова кард, ки телефони ҳамроҳи чанде аз ҳамсабақонашро маъмурони донишгоҳ тафтиш карда, навори аудиоии мавъизаи рӯҳониёро дар онҳо пок кардаанд. "Аз роҳбарияти донишгоҳ омаданд, телефонҳои моро тафтиш карданд ва навори "амри маъруф"-ҳоро тоза намуданд. Мегӯянд, ки беҳтараш мусиқӣ ё ягон чизи дигар сабт кунед",-баён дошт ин донишҷӯ.

Дар яке аз донишгоҳҳои пойтахт мушоҳида кардем, ки ҷавононон тавассути телефони ҳамроҳашон ба якдигар садо ва навори видеоии мавъизаи рӯҳониёни маъруфро табодул мекунанд.

Сиддиқ Муборак, масъули дафтари матбуоти Вазорати маорифи Тоҷикистон
Сиддиқ Муборак, масъули дафтари матбуоти Вазорати маорифи Тоҷикистон
Аммо Сиддиқ Муборак, сухангӯи Вазорати маорифи Тоҷикистон, мегӯяд, ин ниҳод барои тафтиши телефони ҳамроҳи донишҷӯён ва пок кардани мавъизаҳо ягон супорише надодааст. Ҷаноби Муборак ба Радиои Озодӣ гуфт, "истифода аз телефони мобилӣ ҳангоми дарс барои донишҷӯён ва ҳамроҳ овардани он барои мактаббачагон мамнӯъст. Вале донишҷӯён ҳангоми танаффус метавонанд аз телефони ҳамроҳ истифода баранд. Телефон моли шахсии ҳар фард аст ва ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки дохили онро тафтиш намояд ва чизи дохили он бударо пок кунад."

Сухангӯи Вазорати маорифи Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, дар бораи ягон ҳодисаи тафтиш шудани телефони мобили донишҷӯён ба онҳо шикоят ё гузорише нарасидааст.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:38 0:00
Линки мустақим


Ин дар ҳолест, ки бархе аз устодон аз истифодаи бемавқеи телефонҳои ҳамроҳ миёни донишҷӯён шиква мекунанд. Амриддин, яке аз устодони ҷавони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, воқеан, бархе аз ҷавонон ҳангоми дарс ва танаффус садои телефони ҳамроҳи худро баланд, мекунанд, ки ба кори тадрису таълим ва атрофиён халал мерасонад. Вай мегӯяд, "мутаассифона, ҳастанд нафароне, ки занги телефонашон бисёр гӯшхарош асту дигаронро нораҳат месозад, ба рафти дарс халал мерасонад. Шарт нест, ки ин гуна чизҳоро дар ҷойи ҷамъиятӣ шунавад, метавонад мусиқӣ ё мавъизаи рӯҳониёнро дар манзили худ гӯш бикунад."

Cе сол пеш, пас аз интиқод аз тарафи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Вазорати маориф истифодаи телефонҳои мобил дар мактабу донишгоҳҳои ҷумҳуриро манъ кард.

Вале ин нахустин бор аст, ки донишҷӯён аз мушкили марбут ба сабти амри маъруфи рӯҳониён дар телефонҳои ҳамроҳи худ хабар медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки дар чанд соли охир забт ва шунидани амри маъруф ё мавъизаи рӯҳониёни дохиливу хориҷӣ дар телефонҳои мобили ҷавонон ба як мӯд табдил шудааст. Ҳатто бархе аз онҳо "гудок" ё занги телефонҳояшонро низ бо "амри маъруф"-и рӯҳониён иваз кардаанд.
XS
SM
MD
LG