Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асрори "умрдарозӣ"-и хиштҳои Ҳулбук


Бостоншиносони тоҷик тарзи омода намудани хиштҳои Қасри шоҳони Ҳулбук дар ноҳияи Восеъро пайдо кардаанд.

Дуртар аз маҳаллаи бунёди қалъа маконе ёфт шуд, ки ба эҳтимоли зиёд корхонаи хиштпазӣ барои Қасри шоҳони Ҳулбук будааст.

Бостоншиносон мегӯянд, бо дарёфти ин макон ва кашф шудани равғани рустании зағир дар таркиби болоии хиштҳо асрори беш аз ҳазор сол бе осеб боқӣ мондани онҳоро ошкор кардаанд.

Дар ҳоле асрори омода намудани ин хиштҳо кашф шудааст, ки дар пайи супориши нахуствазири кишвар дар соли гузашта ягон корхонаи истеҳсоли хишт дар Тоҷикистон хишти монанда ба хиштҳои Ҳулбукро ба қавле пӯхта натавонист.

Гузашта аз ин, хиштҳои ҳаммонанде, ки барои деворҳои ин Қаср фармоиш дода шуда буд, дар сардиҳои ду соли ахир осеб дидаанд.

Абдуллоҳ Хоҷаев
Абдуллоҳ Хоҷаев
Абдуллоҳ Хоҷаев, раиси осорхонаи "Ҳулбук" дар мавриди тарзи омода намудани ин хиштҳо гуфт: "Дар Қасри шоҳони Ҳулбук ду навъи хишт истифода шудааст: яке сафедранг ва дигаре сурхранг. Хоки таршударо бо гову аспҳо хеле ҷиддӣ лагад мезаданд. Ду бор онҳо пӯхта мешуданд. Якум бо ба оҳистагӣ ва бори дувум ба зудӣ. Ҳангоми тез пӯхтан дар болои ҳар хишт қабати муҳофизатӣ ба вуҷуд омадааст, ки асрҳо онро аз вайроншавӣ нигоҳ доштааст. Вақте мо хиштҳоро аз зери хок бароварда мебуридем, ба машом бӯи равғани зағир расид. Равғани зағирро дар гармогармии он ба рӯи хиштҳо мемолиданд, ки он хиштро обногузар мекард."

​Хоҷаев инчунин афзуд, онҳо дар ҳайрат буданд, ки ин хок бо наздик будан ба кӯҳи намаки Хоҷамӯъмин намаколуда аст, вале хиштҳое, ки дар сохтмони ин қалъа истифода шудаанд, намак надоранд.

"Мисле, ки мо ҳоло дар ҳавз шолӣ мекунем, устоҳои хиштпаз хокро ҳамин хел таҳи об карда, баъдан обро сар медоданд. Бо такрори ин амал намаки таркиби хокро об шуста мебурд. Мебинем, ки дар тӯли зиёда аз ҳазор сол хиштҳои Ҳулбукро намак нахӯрдааст",-гуфт ӯ.

Хиштҳои Қасри шоҳони Ҳулбук аз хиштҳои маъмулӣ тамоман фарқ доранд. Ғафсии ин хиштҳои чаҳоркунҷа се сантиметр буда, 23 сантиметр дарозӣ доранд.

Қасри шоҳони Ҳулбук дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон аз кӯҳантарин ёдгориҳои таърихӣ дониста мешавад. Ин қаср охирин бор ҳангоми ҳуҷуми туркҳо дар асри ёздаҳи милодӣ оташ зада мешавад, ки то солҳои сиюми асри гузашта зери хок пинҳон буд.

XS
SM
MD
LG