Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шартҳои оштии Тӯраҷонзодаҳо ва Шӯрои уламо


Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Сайидмукаррам Абдулқодирзода дар додгоҳи Исмоили Сомонӣ
Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Сайидмукаррам Абдулқодирзода дар додгоҳи Исмоили Сомонӣ

Хонаводаи рӯҳониён Тӯраҷонзодаҳо омодагии худро барои мусолиҳа бо Шӯрои уламо изҳор карданд.

Имрӯз, 26 январ, додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баррасии даъвои хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо аз болои Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои маркази исломиро оғоз кард. Додгоҳ дар шурӯи ҷаласа ба ҷонибҳо пешниҳод дод, ки бо ҳам оштӣ кунанд.

Бародарон Тӯраҷонзодаҳо гуфтанд, ки барои мусолиҳа ё оштӣ бо Шӯрои уламо омодаанд, вале ҳамзамон се шарт доранд.

Онҳо гуфтанд, аввалан қарори Шӯрои уламои маркази исломӣ, ки хонаводаи Тӯраҷонзодаҳоро ба шиагароӣ ва барангехтани ҷанги дохилӣ муттаҳам карда буд, бекор шуда, раҳбари Шӯро аз онҳо узрхоҳӣ кунад.

Дар акс: Бародарон Нуриддин ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаҳо
Дар акс: Бародарон Нуриддин ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаҳо
Дувум, масҷиди "Муҳаммадия", ки фаъолияташ маҳдуд шудааст, дубора ба унвони масҷиди ҷомеъ фаъол гардад. Сеюм, бародарон -- Маҳмудҷон ва Нуриддин Тӯраҷонзодаҳо дар мақоми пешинаи худ, яъне имоматии масҷиди "Муҳаммадия" барқарор шаванд.

Ҷониби Шӯрои уламои Тоҷикистон низ имкони мусолиҳа бо бародарон Тӯраҷонзодаҳоро сарфи назар накардааст. Ин тараф аз додгоҳ хостааст, то барои баррасии шароити мусолиҳа ба онҳо 10 рӯз мӯҳлат бидиҳад. Аммо раҳбари Шӯрои уламо дарҳол гуфтааст, имкони иҷрои пешниҳоди Тӯраҷонзодаҳо дар бораи масҷиди "Муҳаммадия"-ро надорад. Зеро ба гуфтаи ӯ, ин мавзӯъ ба Кумитаи дин рабт мегирад, на онҳо.

Ҳамакнун баррасии даъвои Тӯраҷонзодаҳо аз болои раҳбари Шӯрои уламо ба рӯзи 6-уми феврали соли ҷорӣ гузошта шуд, то ҷонибҳо дар ин муддат ба хулосае биоянд.

Баҳси додгоҳии Тӯраҷонзодаҳо ва раиси Шӯрои уламо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:48 0:00
Линки мустақим


Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 6-уми декабри соли гузашта дар баёнияе, ки онро хабаргузории давлатии “Ховар” ба нашр расонд, аз баргузории маросими азодории “Ошӯро” дар масҷиди “Муҳаммадия” ва нақши хонадони Тӯраҷонзодаҳо дар ин иқдом шадидан интиқод кард ва ин хонадонро ба "тағйири мазҳаб" муттаҳам намуд.

Хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо ин даъвои Шӯрои уламоро рад карда ва гуфтанд, ки ёдбуди қатли набераи паёмбари ислом дар масҷиди "Муҳаммадия" даҳ сол ба ин сӯ идома дорад ва онро наметавон маросими "Ошӯро" номид. Ба гуфтаи онҳо, изҳороте, ки аз номи Шӯрои уламо пахш шудааст, бо аъзои он ҳамоҳанг нагашта ва аз тарафи онҳо пуштибонӣ наёфтааст.

Ҷои ёдоварист, ки охири соли гузашта додгоҳи шаҳри Ваҳдат бародарон Нуриддин ва Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзодаҳоро барои носазо гуфтан дар ҳаққи раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ба маблағи умумии 700 сомонӣ ҷарима кард.

Ба иттилои мақомоти тафтишотӣ, намозгузорони масҷиди "Муҳаммадия" дар ноҳияи Ваҳдат рӯзи ҷумъаи 9 декабр зимни ворид шудани намояндагони ҳукумат ва муфтии Тоҷикистон нисбат ба онҳо беэҳтиромӣ зоҳир карда ва муассисони масҷид, ки бародарон Тӯраҷонзодаҳо ҳастанд, аз ин амали пайравони худ ҷилавгирӣ накардаанд ва зиёда аз ин дар ҳаққи раиси Шӯрои уламо носазо гуфтанд.

Додситонии ноҳияи Ваҳдат дар ҷараёни тафтиши ин парванда Нуриддин Тӯраҷонзода ва бародараш Ҳоҷӣ Акбарро ду бор мавриди бозпурсӣ қарор дод.

Баъд аз он Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода низ аз болои раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва аз болои раиси шаҳри Ваҳдат, раиси Кумитаи дин ва раиси Шӯрои уламо ба Додситонии кул шикоят бурда буд.
XS
SM
MD
LG