Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кабирӣ: “Баъзеҳо мехоҳанд дар оби лой моҳӣ доранд”


Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ ва узви Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ ва узви Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон

Раиси Ҳизби наҳзати исломӣ гуфт, баъзе гурӯҳҳо пайти муносиб меҷӯянд, то ин ташаккули сиёсиро бо мақомот вориди низоъ кунанд.

Ба дунболи баҳси бархоста миёни Шӯрои уламои Тоҷикистон ва хонаводаи рӯҳониён -- Тӯраҷонзодаҳо, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддини Кабирӣ низ бо паёме аъзо ва ҷонибдорони ҳизбашро аз пешомади ҳар гуна фитна ва иғвову низоъ ҳушдор дод.

Ин паёми ҷаноби Кабирӣ дар нашрияҳои даврии Тоҷикистон ҳам ба чоп расида, мавриди баҳси хонандагону соҳибназарон қарор гирифтааст.

Муҳиддин Кабирӣ: “Ҳадаф аз пахши ин баёния ва паём ба аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар он буд, ки пеши роҳи ҳама гуна фитна гирифта шавад. Мо бояд нагузорем, ки аъзо ва ҷонибдорони ҳизб вориди як низоъ ва муноқишаи бемаънӣ бо имомхатибони муҳтарам, ки баъзе ҳарфҳоро дар масоҷид алайҳи мо гуфтанд ва мақомоти давлатӣ, гарданд. Зеро баъзе аз душманони ваҳдати миллии мо дар камин нишастаанд ва ба ҳар роҳу васила тавтиа мекунанд, то нерӯҳои аслии ҷомеа, ба вижа ҳукумат ва ҳизби наҳзати исломӣ, ки ду тарафи сулҳанд, вориди як низои навбатӣ шаванд ва онҳо аз ин фурсат ба нафъи худ истифода баранд ва дар ин оби лой мехоҳанд моҳӣ бидоранд. Мутаассифона, баъзе аз мақомоти давлатӣ ва баъзе имомхатибони масоҷид бидуни таҳқиқ ва фаҳмидани масъала ҳарчи дар дасташон доданд, қироат мекунанд ва ба самъи мардум мерасонанд. Набояд, ки аъзо ва ҷонибдорони мо ба ин сатҳ поён бифароянд ва вориди баҳс шаванд. Ҳадаф аз пахши паём ҳамин буд.”

Радиои Озодӣ: Ба ҳар ҳол фикр мекунед, дар барангехтани ин гуна фитна ё низоъ киҳо даст доранд ва чӣ мехоҳанд?

Муҳиддин Кабирӣ: “Он касе, ки қадри сулҳро медонад, аз тарафи ӯ алайҳи ҳизби мо тавтиа нахоҳад шуд. Ҳамчуноне ки ҲНИТ алайҳи касе тавтиа нахоҳад кард. Вале ҳастанд дар ҷомеаи мо касоне, ки ин тавтиаҳоро алайҳи ҳизби мо мехоҳанд. Зеро барояшон мақбул нест, ки ҲНИТ дар ҷомеа обрӯи зиёд касб карда истодааст. Агар дар майдони рақобати сиёсӣ натавонистанд моро заиф гардонанд, баъзеҳо мехоҳанд, ки бо роҳи эҷоди фитна дар байни мардум корҳоеро анҷом диҳанд. Мутмаинан ин ба натиҷа нахоҳад расид. Наметавон бо ҳизби наҳзат чунин бозиҳо кард. Афсӯс, ки дар ҷомеа метавонанд боз як фитнаро ба вуҷуд оранд. Албатта, умеди мо он аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон ба ҳадде расидааст, ки дигар ба ин гуна фитнаҳо дода нашавад ва ба ин гуна дурӯғҳо бовар накунад. Вале боз ҳам мардум як идда авом ҳастанд ва метавонанд фиреби як идда дасисаҷӯёнро бихӯранд.”

Радиои Озодӣ: Бисёриҳо тахмин мезананд, ки вазъи ба вуҷудомада ба интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, ки қарор аст, соли 2013 баргузор шавад, рабт дорад. Шумо чӣ мегӯед?

Муҳиддин Кабирӣ: “На, фикр намекунам, ки вазъи ба вуҷудомада ба интихоботи президентии оянда рабт дошта бошад. Зеро на раисиҷумҳури Тоҷикистон ва на ҳизбҳои сиёсӣ зарурат ба ин гуна корҳои паст ва моҳиятан фитнаомез надоранд. Барои ҳамин, ҳеҷ гоҳ ин масъалаҳо рабт ба интихобот надорад. Танҳо метавонад кори дасти баъзе доираҳои хориҷӣ бошад, ки барояшон сулҳу ваҳдати Тоҷикистон лозим нест. Онҳо мехоҳанд бо эҷоди ин фитнаҳо байни қишрҳои асосии ҷомеа тафриқа андозанд, онҳоро аз ҳам ҷудо кунанд ва дар лаҳзаҳои лозимӣ зарбаро ба кишвару миллати Тоҷикистон бизананд.”
XS
SM
MD
LG