Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи Сурияро Маҷмааи кулли СММ баррасӣ мекунад


Рӯзи панҷшанбе дар Маҷмааи кулли СММ раъйдиҳӣ ба тарҳи қатъномае баргузор мешавад, ки дар он мақомоти Сурия барои хушунат алайҳи мардуми осоишта маҳкум шудаанд. Дар ин бора дипломатҳои СММ хабар доданд. Ба гуфтаи онҳо, дар тарҳе, ки Арабистони саудӣ ва Қатар пешниҳод кардаанд, ҳамчунин ба зарурати таъсиси мақоми намояндаи вижаи СММ оид ба Сурия ишора шудааст.

Дар тарҳи қатънома аз раисиҷумҳури Сурия Башор Асад даъват шудааст, ки ба истеъфо равад.

Қатъномаи Маҷмааи кулли СММ, дар қиёс бо тасмимҳои Шӯрои амнияти СММ, аз тавсия беш нест. Тарҳи ахири Шӯрои амният оид ба ҳалли мусолиматомези низоъ дар Сурия ачанд рӯз пеш з сӯи Русия ва Чин рад шуд.

Дар ҳамин ҳол хушунат дар Сурия идома дорад. Дирӯз дар шаҳри Ҳумс бар асари бархӯрди нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифин дасти кам 19 нафар ба ҳалокат расиданд.

Ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия хабар доданд, ки бештари кушташудагон сокинони осоиштаанд. Нерӯҳои ҳукуматӣ даҳ рӯз боз ин шаҳрро тирборон мекунанд.
XS
SM
MD
LG