Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон мегӯяд, ҳадафи асосии ислоҳоти нерӯҳои мусаллаҳи кишвар тақвияти фаннии артиш ва таъмини он бо таҷҳизоти навтарини низомӣ мебошад.
Ӯ афзуд, "ҳеҷ кас артиши худро бад намегӯяд. Ман ҳам ҳамин тавр. Аммо дар тамоми дунё вазир ва нерӯҳои мусаллаҳ мекӯшанд, ки пурқувват бошанд, то ватани худро аз душманони эҳтимоливу воқеӣ ҳимоят карда тавонанд."
Вазири дифои Тоҷикистон, ки пас аз паради низомӣ дар 19-умин солгарди Артиши миллии Тоҷикистон сӯҳбат мекард, гуфт, ҳазинаи ин ислоҳот ҳамон қадар хоҳад буд, ки барои сулҳу суботи Тоҷикистон зарур аст. То ба имрӯз Тоҷикистон иттилоъ дар бораи хароҷоти низомиашро эълон накардааст. Дар феҳристи буҷаи кишвар дар соли 2012 дар баробари хароҷоти низомӣ навишта шудааст - "на барои матбуот".
Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегии Бритониё дар ҳисоботе таҳти унвони "The military balance" овардааст, ки низомишавӣ дар Тоҷикистон дар қиёс бо кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ба маротиб коҳиш ёфтааст. Тибқи ин манбаъ, агар соли 2009 1,46 дарсади ММД (Маҷмаи маҳсулоти дохилӣ)-и Тоҷикистон барои хароҷоти низомӣ сарф шудааст, соли 2010 ин рақам каме бештар то 1,5 дарсад афзудааст (тақрибан 95 миллион доллар). Ин ҳам дар ҳолест, ки бино ба ин ҳисобот, соли 2001 хароҷоти низомии Тоҷикистон 17 миллион ва соли 2004 55,4 миллион доллар (беш аз 3%-и ММД)-ро ташкил мекард.
Дар ҳамин ҳол, нашрияи "Коммерсант"-и Русия соли 2008 Тоҷикистонро ба ҷумлаи 10 кишвари хароҷоти низомиашон аз ММД-ашон зиёд ворид карда буд, ки буҷаи низомиаш 144 миллиону 768 ҳазор долларро ташкил мекунад. Ин нашрия хароҷоти низомии Тоҷикистонро дар соли 2007 дар баробари ММД 3,7 дарсад нишон медиҳад.
Аммо коршиносон мегӯянд, хароҷоти низомии Тоҷикистон, ки эҳтимолан дар қиёс бо дигар кишварҳо хеле ночиз аст, пинҳон дошта мешавад.
Амруллоҳи Собир, коршинос дар умури низомӣ мегӯяд, манобеи хориҷӣ то андозае аз ҳақиқати ҳол метавонанд огоҳ бошанд, зеро онҳо дастрасӣ ба иттилоъ доранд ва тарзи таҳлил кардани ин арқомро доранд. Вай афзуд, воқеан буҷаи артиш кофӣ нест: "Зеро вазъи иқтисодии Тоҷикистон хуб нест. Ин пулҳое, ки барои артиш ҷудо мешаванд, ночиз ҳастанд, шояд кам ё зиёд нишон дода шаванд. Тавре зиндагии мардум қашшоқона аст, артиш ҳам як вазъи ногуворро аз сар мегузаронад."
Ҳамчунин манобеи расмии Тоҷикистон дар бораи теъдоди ҳайати низомии артиш иттилоъ намедиҳанд, дар ҳоле ки манобеи хориҷӣ теъдоди фаъоли онро 8 ҳазору 800 нафар нишон медиҳанд. Аз нигоҳи таҳлилгарони хориҷӣ ин теъдод барои Тоҷикистон кофӣ нест ва дифои кишвар аз артиши хориҷӣ, дар ин маврид пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон вобаста аст, ки 7 ҳазор сарбозу афсар дорад.
Аз нигоҳи коршиносони дохилӣ навсозии артиши миллӣ шояд аз ҳамон тааҳуди Русия бо кишварҳои СПАД (ОДКБ) баромадааст, ки эълом дошта буд, ба тақвияти артиши онҳо кӯмак хоҳад кард. Аммо аз соли 2000 ба ин сӯ Тоҷикистон аз НАТО-ву Амрико кӯмаки низомӣ мегирад.
Имсол Амрико кӯмаки низомиашро аз 800 ҳазор доллари соли гузашта ба 1,5 миллион доллар афзоиш дод.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон бар заъфи дохилии Тоҷикистон низ ишора мекунанд, ки иддае аз сарбозон тариқи "облава" ба артиш ҷалб мешаванд ва ҳам дар хидмат ба муҳити "дедовшина" ворид мешаванд. Ҳамчунин ба сафи артиш умдатан ҷавонон аз оилаҳои камбизоат ва миёнаҳол ҷалб мешаванд ва фарзандони афроди сарватманду мақомдор аз хидмат ба донишгоҳҳо "паноҳ" мебаранд. Аммо барои ҷавонони дигар ҳам роҳи фирор ҳаст, ки ба самти Русия, ба муҳоҷират аст.