Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҷасади Худойназар Одинаев, раҳбари гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ, ки рӯзи 25-уми март дар шаҳри Душанбе кушта шуд, ба сардхона супорида шудааст.
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати дохила ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асари инфиҷори норинҷак Одинаев ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар роҳ ба беморхона фавтидааст. Ба гуфтаи ӯ, наздиконаш метавонанд ҷасади ӯро аз сардхона (морг) бигиранд.
Худойназар Одинаев, сокини 45-солаи шаҳри Ваҳдатро мақомот сарвари гурӯҳи шашнафарае унвон мекунанд, ки дар роҳзанӣ, куштор, ва бандтизм даст доштааст. Аз ҷумла ин гурӯҳ дар ҳамла ба шаҳрвандони Чин, дар корхонаи "Обшорон"-и шаҳри Душанбе муттаҳам мешавад, ки 7 нафар аз онҳо ҷароҳати вазнин бардоштаанд.
Мақомоти милиса ахиран панҷ узви гурӯҳро боздошт карда, дар пайи сарвари он буданд ва ахиран дар маҳалли "Автовокзал"-и шаҳри Душанбе бо ӯ даргир шуданд. Бино ба манобеи расмӣ, Одинаев ҳангоми боздошт норинҷаки дасташро инфиҷор додааст, ки боиси марги худи ӯ шудааст.
Боздошти Худойназар Одинаев дар рӯзи аслии таҷлил аз Наврӯзи байнулмилалӣ дар Душанбе иттифоқ афтод, ки чаҳор президенти кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони беш аз 50 кишвару созмонҳои хориҷиву байнулмилалӣ дар он ширкат доштанд.