Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати энержӣ шимоли Тоҷикистонро "гарм" мекунад


Вазорати саноат ва энергетикаи Тоҷикистон тасмим гирифтааст, як Маркази гармидиҳӣ (ТЭЦ)-ро дар шимоли ин кишвар бунёд кунад.

Гул Шералӣ, вазири саноат ва энергетикаи Тоҷикистон, ки дар ҷаласаи ахири порлумон сӯҳбат мекард, гуфт, бар асоси нақша ин ТЭЦ дар васат (миён)-и ноҳияи Конибодом ва шаҳри Исфара бунёд хоҳад шуд.

Ба гуфтаи манбаъ тавоноии Маркази гамидиҳии мазкур баробар ба 300 мегаватт аст, ки барои рафъи эҳтиёҷоти сокинони ин ду ноҳияи пурҷамъияти вилояти Суғд ба гармӣ ва рӯшанӣ хидмат хоҳад кард.

Сабаби дар байни ин ду ноҳияи бунёд шудани Маркази гармидиҳӣ (ТЭЦ) наздикии ин мавзеъ бо кони ангишти Шӯроб дар Исфара будааст.

Давлати Тоҷикистон аз чанд сол ба ин сӯ ҷиҳати раҳоӣ аз мушкилоти энергетикӣ тадбирҳои мухталиферо рӯи даст мегирад ва бунёди ин Маркази гармидиҳӣ ҳам дар шумори ин тадбирҳост.
Вазири саноат ва энергетикаи Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, барои мутахассисони чиноӣ, ки Маркази гармидиҳии шаҳри Душанберо навсозӣ хоҳанд кард, манзили маскунии муваққатӣ сохта шудааст ва онҳо моҳи оянда ба кор шурӯъ мекунанд. Ин маркази гармидиҳӣ бо тавоноии 270 мегавват фаъолаият хоҳад кард.

Сокинони Тоҷикистон чанд сол аст, ки дар шаш моҳи тирамоҳу зимистон аз гармӣ ва барқ маҳрум мемонанд. Дар ин муддат сокинони манотиқи Тоҷикистон дар шабонарӯз танҳо чаҳор ё панҷ соат барқ дарёфт мекунанду тамом. Ҳарчанд пойтахти Тоҷикистон аз лимити нерӯи барқ дар се соли ахир раҳо ёфтааст, аммо ҳамчунон на ҳамаи сокинони шаҳри Душанбе ба оби гарм дастрасӣ доранд.
XS
SM
MD
LG