Тибқи иттллои шӯъбаи ҳаҷи Кумитаи дини Тоҷикистон нархи имсолаи сафари ҳаҷ 3 ҳазору 629 доллар муқаррар шудааст, ки назар ба соли гузашта яксаду ҳаштод доллар бештар мебошад. Аммо ин нархномаро ҳанӯз Кумитаи зиддиинҳисорӣ (зиддимонополӣ)-и Тоҷикистон тасдиқ накардааст.
Масъулони шӯъбаи ҳаҷ иллати гароншавии нархи сафар ба маконҳои муқаддаси исломиро дар боло рафтани нархи билети ҳавопаймо марбут донистанд. Гуфта мешавад, нархи маводи сӯхт барои ҳавопаймоҳо баланд рафта ва онҳо ногузир нархи сафар ба ҳаҷро боло бурдаанд.
Дар зимн, имсол маблағи сафари ҳаҷ танҳо бо асъори миллӣ, яъне сомонӣ пардохта мешавад ва бар тибқи маълумоти расида аз Кумитаи дин ҳоло ин нарх 17 ҳазору 600 сомонӣ муқаррар шудааст.
Раванди сабтиноми зоирон аз аввали моҳи ҷорӣ сар шуда, то охири он идома мекунад. Имсол аз Тоҷикистон 6 ҳазор нафар ба сафари Хонаи Худо мераванд, ки назар ба солҳои пештара 500 нафар бештар аст. Сафари зоирон тавассути ҳавопаймои ширкатҳои "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" аз фурудгоҳи шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд анҷом дода мешавад.
Дар оғози моҳи май Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо судури як фатво додани ришва барои зиёрати ҳаҷро "ҳаром" донист. Атовулло Қосимов, як масъули ин ниҳод гуфт, раёсати фатвои Шӯрои уламо ахиран дар пайи муроҷиатҳои чандинкаратаи мардум фатво содир кард, ки додани ришва, чӣ дар корҳои дунявӣ ва чӣ динӣ хилофи дини Ислом аст.
Довталабони зиёрати "хонаи Худо" аз Тоҷикистон сол то сол бештар мешавад ва ба ин далел мақомоти ин кишвар барои ҷилавгирӣ аз эҷоди мушкил феҳристи афроди хоҳишмандро тартиб дода ва барои онҳо навбат муқаррар кардааст.