Гузоришгари махсуси Созмони Милал бо мақомоти тоҷик мавзӯи риоят шудани ҳуқуқи мардум ба беҳдоштро баррасӣ хоҳад намуд. Ин сафари Ананд Гровер бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон сурат мегирад ва то якуми июн идома хоҳад кард.
Ӯ қабл аз сафараш ба Тоҷикистон бо пахши изҳороте гуфт, ки ният дорад, таваҷҷӯҳи ҳукумат, шарикон ва ҷомеаи шаҳрвандиро ба ҳалли масъалаи хизматрасонии беҳдоштӣ дар Тоҷикистон ҷалб кунад. Ӯ ба ин назар аст, ки хароҷоти беҳдоштии мардуми ин кишвар аз се ду ҳиссаи бахши хароҷоти куллии беҳдоштро ташкил медиҳад.
Гузоришгари вижаи СММ афзудааст, дар баробари ин, мавзӯи риоя шудани ҳуқуқи беморони рӯҳӣ ва ҳам гирифторони силро ба хизматрасонии тиббиро бо мақомоти тоҷик дар миён хоҳад гузошт.
Дар муддати иқомати худ дар Тоҷикистон, гузоришгари вижаи СММ талош мекунад, ки бо шахсони масъули ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон роҳҳои мубориза бо амроз, муолиҷаи бемориҳо ва ҳуқуқи башарро низ баррасӣ намояд.
Ананд Гровер сафари худро рӯзи 31-уми май бо баргузории як нишасти хабарӣ дар қароргоҳи идораи Барномаи рушди Созмони Милал дар Душанбе ҷамъбаст хоҳад кард. Анан Гровер аз Озарбойҷон ба Тоҷикистон меояд.
Гузоришгари вижаи СММ коршиносии мустақил буда, аз сӯи Шӯрои ҳуқуқи башари СММ барои кӯмак ба кишварҳо ва ниҳодҳо дар амри боло бурдан ва ҳимояти ҳуқуқ сокинон ба беҳдошт интихоб шудааст.