Сӯҳбати мо дар ҳуҷраи кории Мустафо Рустамов дар шаҳраки Ғарм сурат гирифт. Нахустин суоли мо аз ӯ ин буд, ки оё бо гузашти як сол бештар аз анҷоми амалиёти ҷангӣ дар Рашт вазъи амниятии минтақа чӣ гуна аст?
Мустафо Рустамов: "Шукрона, ҳоло вазъ дар минтақа хеле хуб аст. Раёсати умури дохилӣ дар ҳамдастӣ бо дигар ниҳодҳои ҳукуматӣ ҳамаи вазифаҳоеро, ки аз сӯи роҳбари давлат ва раҳбарияти вазорати умури дохилӣ гузошта шуда буду мешавад, сарбаландона иҷро карданду мекунанд. Ҳоло мардуми Рашт дар фазои амну оромӣ бо кору зиндагии худ машғуланд. Сатҳи ҷинояткорӣ ҳам хеле поён омадааст. Дар панҷ моҳи гузашта танҳо як ҳодисаи дуздӣ нокушода мондааст, ки аз рӯи маълумоти ҷамъовардаамон рӯзҳои наздик ошкор хоҳад шуд."
Радиои Озодӣ: Дар фаъолиятҳои худи кормандони раёсати Шумо чӣ тағйирот пеш омаданд? Раёсат шуд, аммо аз гузашта чӣ фарқ дорад?
Мустафо Рустамов: "Тағйирот зиёданд. Масалан, дар маркази Рашт - шаҳраки Ғарм як бинои семанзилаи раёсат сари кор омад. Дар шаҳраки Навобод, Ҳоит, Тоҷикобод, дараи Ҳакимӣ ва Тавилдара биноҳои дуошёнаи шӯъбаҳои нави милиса бунёд мешаванд. Кормандони милисаро бо таҷҳизот пурра таъмин мекунем. Гоҳ-гоҳ бо дигар ниҳодҳо барои такмили таҷрибаи кормандон машқҳои низомӣ баргузор мешаванд."
Радиои Озодӣ: Чун Раёсат нав аст, кормандонатонро аз дохили навоҳӣ ба кор мегиред, ё аз марказу дигар минтақаҳо овардаед?
Мустафо Рустамов: "Кормандони мо, ки ҳамагӣ мутахассис ҳастанд, аз тамоми кишвар - Хатлон, навоҳии тобеи марказ, Душанбе, Суғд, Бадахшон ва аксарият аз худи водии Рашт - ҷамъ шудаанд."
Радиои Озодӣ: Вақте сатҳи ҷинояткорӣ паст аст, фикр мекунед, зарурати, масалан, дар як ноҳияи Рашт ё Нуробод доштани ду шӯъбаи милиса ё як раёсати бузург дар минтақа боз ҳам вуҷуд дорад?
Мустафо Рустамов: "Бале, зеро ин минтақаи махсус аст. Масалан, аз шаҳраки Ғарм то ахири дараи Камароб 135-140 км масофа аст. Дараҳо хеле зиёданд. Агар мо ин дараҳоро таҳти назорат надошта бошем, ҳар нафаре, ки бо мақсади шум ба Тоҷикистон меояд, метавонад роҳ ёбад."
Радиои Озодӣ: Чаро гурӯҳҳои силоҳбадаст маҳз ба Рашт омаданд?
Мустафо Рустамов: "Аз он хотир ки Рашт аз марказ қариб 200 километр дур аст. Дараҳои зиёд дорад. Онҳо, ки асосан ҷинояткорони вазнинанд ва дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон таҳти пайгарди қонун қарор доштанд, ин ҷоро интихоб карданд."
Радиои Озодӣ: Пас аз анҷоми амалиёт дар соли 2011-ум мақомоти болоии Тоҷикистон эълом карданд, ки дар ин минтақа дигар ягон гурӯҳи зиддиҳукуматӣ боқӣ намондааст. Ин дуруст аст?
Мустафо Рустамов: "Сад дар сад. Бидуни баҳс."
Радиои Озодӣ: Ҳоло Шумо чӣ таҳлил доред, оё имкон дорад, ки дар минтақаи Рашт боз гурӯҳҳои силоҳбадаст ё террористӣ пайдо шаванд?
Мустафо Рустамов: "Аз дохил умуман имкон надорад. Аммо бархе сокинони минтақа ҳоло дар Афғонистону Покистон дар гурӯҳҳои ҷиноятпеша фаъолият мекунанд, масалан, ба мо Амриддин Табаров маълум аст, ки онҳоро раҳбарӣ мекунад. Имкони вуқӯи ҳар ҳодиса ҳаст ва мо ҳам ин ҷо барои он фаъолият мекунем, ки аз вуруди онҳо ҷилавгирӣ кунем."
Радиои Озодӣ: Оё иттилоъ доред, ки шумораи онҳо чӣ қадар аст?
Мустафо Рустамов: "Омори муайяне дар дастам нест. Аммо мо дигар онҳоро намегузорем, ки қадам ба хоки Тоҷикистон гузоранд ва оромии мардумро халалдор кунанд."
Радиои Озодӣ: Соли 2014-ум нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон мераванд. Дар матбуоти Ғарб дар бораи ворид шудани нерӯҳои мусаллаҳи тундгаро ба Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама Тоҷикистон, сӯҳбат мекунанд. Ҷои аввал ҳам дар бораи минтақаи Рашт мегӯянд. Ин имкон дорад?
Мустафо Рустамов: "Ба таври гурӯҳӣ ва муташаккилона ворид шуда наметавонанд. Чаро? Аввал, нерӯҳои марзбонии мо дар қиёс бо солҳои пеш хеле тақвият ёфтаанд. Дигар ин ки кормандони нерӯҳои амниятӣ хеле таҷриба пайдо карда, дар набардҳо обутоб гирифтаанд. Аз ҳама муҳим мардум онҳо - террористонро намехоҳад. Мардум мехоҳад, пайи ободии рӯзгораш бошад ва аз сиёсатҳои ҳукумат дастгирӣ мекунад. Ҳамкории мо бо ҷомеа хеле тақвият ёфтааст. Дар ҳодисаҳои соли гузашта чанд ҷангҷӯи террористро маҳз бо кӯмаки мардум боздошт кардем."
Радиои Озодӣ: Чун аз ҳодисаҳои як соли пеш ёдовар шудед, метавонед бигӯед, ки талафоти нерӯҳои давлатӣ чӣ гуна буду гурӯҳҳои ҷангҷӯ то куҷо сарнагун шуданд?
Мустафо Рустамов: "Мо ду талафоти бузург дар Камароб додем, яке 27 афсару сарбози вазорати дифоъ ва дувумӣ, 26 корманди Кумитаи амният ҷони худро барои ватан аз даст доданд. Умуман ҳудуди 70 нафар аз нерӯҳои давлатӣ дар ин даргириҳо ҳалок гаштанд. Аз гурӯҳҳои террористӣ ҳудуди 100 нафар кушта ва дастгир шуданд. Дар додгоҳи дастҷамъие, ки чанд моҳ пеш дар боздоштгоҳе дар Душанбе баргузор шуд, аз 30 нафари онҳо 9 нафарашон ҳукми абад гирифтанд ва бақия ба мӯҳлатҳои 20 то 30 сол зиндонӣ шуданд."
Радиои Озодӣ: Овозаҳо буданд, ё Аловуддин Давлатов ҳам гуфта буд, ки ӯ дар ҳамлаи Камароб даст надорад. Оё пас аз таҳқиқи ин ҳодисаҳо чӣ хулосаҳо бароварда шуданд?
Мустафо Рустамов: "Ин ҳамлаи ноҷавонмардона аз сӯи маҳз гурӯҳи ӯ ва Мулло Абдулло амалӣ шуд. Ягон ҷинояткор ин ҷинояти нангинро ба ӯҳда намегирад. Дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ исбот шуд, ки маҳз афроди мансуб ба ин гурӯҳҳо даст доштанд. Банда шахсан дар задухӯрд бо онҳо ширкат доштам. Пас аз 20 дақиқаи ҳамла худро ба маҳалли ҳодиса расондам. Панҷ дақиқа бо онҳо ҷангидем. Як дӯстам, ки Сайвалӣ Маҳмудов ном дошт, маҳз он ҷо кушта шуд. Агар 10 дақиқаи дигар дер мекардем, қариб 15 сарбози боқимондаро ҳам ба ҳалокат мерасонданд. Мо он вақт расидем, ки онҳо ба парондани сарбозони захмиву нимҷон машғул буданд."
Радиои Озодӣ: Ба назари Шумо, чаро маҳз сарбозонро ҳадаф қарор доданд, масалан, ба шӯъбаи милиса ҳуҷум накарданд?
Мустафо Рустамов: "Аввал ин ки кормандони милиса таҷрибадоранд ва метавонанд ба ҳамлаи онҳо ҷавоб гардонанд. Дувум ин ки ин ҳамла ҳадафмандона буд, то дар кишвар боз нооромӣ ва тарсро ба вуҷуд оранд. Медонистанд, ки агар сарбозони бетаҷрибаро ҳадаф қарор диҳанд, ба мақсади нопоки худ мерасанд. Ин ҳамлаи супоришӣ буд. Душманони Тоҷикистон аз ин гурӯҳҳои дохилӣ истифода карданд."
Радиои Озодӣ: Агар дар хотир дошта бошед, пас аз марги Аловуддин Давлатов як навор пайдо шуда буд, ки ӯ зинда аст ва пурсупос мешавад. Ин наворро таҳқиқ кардед?
Мустафо Рустамов: "Вазифаи мо - торумор кардани гурӯҳи ӯ буд, ки 4-уми январи соли 2010-ум ӯро бо 8 шарикаш нобуд кардем. Таҳқиқи ин навор дар ихтиёри мо набуд. Ман ба ин боварам, ки он сохта ва воқеӣ нест."
Радиои Озодӣ: Ҳамкориҳоятон бо ду собиқ фармондеҳи ИНОТ - Шоҳ Искандаров ва Мирзохӯҷа Аҳмадов чӣ гуна аст? Қаблан ҳарфҳо дар ин бора буданд, ки Аҳмадов ҳам ба сафи милиса ҷалб карда мешавад. Оё ин масъала то куҷо ҳалли худро ёфтааст?
Мустафо Рустамов: "Полковник Искандаров ҳоло бо мо ҳамроҳ аст. Муовини ман дар Раёсати ВКД дар минтақаи Рашт аст. Вазифаҳои худро хеле хуб иҷро мекунад. Таҷрибаи бой дорад. Аҳмадов ҳаёти мулкӣ ба сар мебарад. Ҳастанд аз гурӯҳи ӯ нафароне, ки арзанда буданд ва ҳоло дар шӯъбаи милиса кор мекунанд."
Радиои Озодӣ: Аз тарҷумаи ҳолатон бармеояд, ки бештар таҷрибаи кор дар ноҳияи Турсунзода ва шаҳри Душанберо доред. Аммо чаро маҳз Шуморо дар чунин давраи ҳассос, аввал, сарвари шӯъбаи милисаи ноҳия ва сипас, сарвари раёсати минтақаи Рашт таъйин карданд?
Мустафо Рустамов: "Ҳангоми кор дар вазорати корҳои дохилӣ ман куратори минтақаи Рашт будам. Масалан, соли 2002-юм вақте хабар омад, ки Сафарбек Холматов, фармондеҳи собиқи ИНОТ дар дараи Ясман силоҳ гирифта, ба кӯҳ фирор кардааст. Маро вазифадор карданд, ки рафта ӯро баргардонам. Чандин бор ба Рашт омада, ӯро пайдо карда натавонистам. Бо як-ду нафар бесилоҳ ниҳоят ӯро пайдо карда, силоҳҳояшро гирифтем ва ҳоло қатори мардум зиндагӣ карда гаштааст. Он чӣ марбут ба корам дар Турсунзода аст, ҳамин мегӯям, ки хеле даврони вазнин буд. Гурӯҳҳои ҷиноӣ зиёд буданд. Хонаамро чанд маротиба рокет мавриди ҳадаф қарор дода буданд. Аммо ниятам, ки соф буд, Худованд зинда нигоҳ дошт."
Радиои Озодӣ: Гуфтед, ки Сафарбек Холматовро бо роҳи музокира ба ҳаёти мулкӣ баргардондед. Оё бо дигар гурӯҳҳо, масалан, Абдулло Раҳимов ва Аловуддин Давлатов ҳам намешуд, ки музокира кунед?
Мустафо Рустамов: "Музокираҳо буданд, аммо қабл аз ҳамла ба онҳо. Аз ҳарду чанд маротиба даъват кардем, ки силоҳҳояшонро бигзоранд ва таслим шаванд, зеро роҳи дигар надоранд. Аммо онҳо розӣ намешуданд. Медонистанд, ки мардум ва қонун онҳоро барои ҷиноятҳояшон намебахшанд."
Гузориши видеоии моро дар бораи авзоъ дар минтақаи Рашт бубинед: