Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи ҳаракати "Хуҷанд-Саратов" ва "Душанбе-Конибодом"


Ҳаракати қатори мусофирбар дар хатсайри "Хуҷанд-Саратов" аз 23-юми июни соли ҷорӣ қатъ карда мешавад.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Карим Мӯминов, муовини сардори корхонаи мусофирбарии Роҳи оҳани Тоҷикистон, рӯзи 15-уми июн хабар дод.

Ин манбаъ афзуд, ҳамчунин дар мавсими тобистон ҳаракати қатор дар хатсайри "Душанбе- Конибодом" низ ба муддати номаълум мутаваққиф карда хоҳад шуд.

Аммо муовини Сардори корхонаи мусофирбарии Роҳи оҳани Тоҷикистон овозаҳо дар бораи қатъи ҳаракати қатор дар масири "Душанбе-Маскав"-ро бепоя хонд. Ҷаноби Мӯминов гуфт, дар ин масир имкон дорад, як қатор дигаргуниҳо ворид шавад. Аз ҷумла, гуфт ӯ, то ҳоли ҳозир дар ин масир ҳафтае чаҳор маротиба қатор ҳаракат мекард, вале ҳоло шояд дар ҳафта се ва ё ду маротиба ва ҳамин тавр шумори вагонҳо аз ҳайати қатор коҳиш дода шавад.

Ин манбаъ афзуд, ин дигаргуниҳо танҳо ангезаи молиявӣ доранд. Зеро шумори мусофирон ба маротиб кам мешавад ва Идораи Роҳи оҳан наметавонад бар зарари худ кор кунад.

Манбаъ афзуд, қарори мазкури Идораи Роҳи оҳан муваққатист ва баробари афзоиши мусофирон он бекор карда мешавад.
XS
SM
MD
LG