Ойиша Мирзоева, хоҳари бузурги собиқ фармондеҳи Фронти Халқӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ба муносибати авфе, ки эҳтимол ба хотири 15-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва 20-умин солгарди иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар Хуҷанд сурат гирад, аз раҳбари кишвар илтимос мекунад, ки лоақал як сабукие дар ҳукми бародараш дода шавад.
Вай гуфт, бовар дорад, агар ҷиноятҳои Ғаффор Мирзоевро бо хизматҳояш рӯи тарозуи адолат гузоранд, маълум мешавад, ки бародари ӯ ба халқу миллат бештар аз ҷиноят хизмат кардааст.
Ғаффор Мирзоев 8 сол ба ин сӯ дар зиндон ба сар мебарад. Додгоҳ ӯро бо иттиҳоми кӯшиши табадуллоти давлатӣ, куштор ва ғайра ба ҳукми абад маҳкум кардааст. Ба қавли хонум Мирзоева, дар ҳоли ҳозир 3 нафари дигар аз оилаи онҳо дар зиндон ба сар мебаранд, ба шумули писари худи ӯ - Бобоҷон Шарифов, домодаш - Равшан Лақаев ва бародараш - Абдурасул Мирзоев.
Муроҷиати наздикони Ғаффор Мирзоев дар ҳолест, ки қаблан намояндагони пешини Фронти Халқӣ хостори авфи аъзои зиндонии худ шуда буданд. Фронти Халқии Тоҷикистон як созмони сиёсиву низомӣ дар замони ҷанги дохилӣ буд, ки алайҳи Ҳукумати Мусолиҳаи миллӣ ташкил шуда ва баъд аз Иҷлосияи 16-уми Хуҷанд, ки намояндаи худро сари кор овард, дар моҳи феврали соли 1993-юм аз тарафи роҳбари он Сангак Сафаров пароканда эълон гардид. Артиши миллии Тоҷикистон дар заминаи ҳамин Фронти Халқӣ ташкил ёфтааст. Ахиран бархе намояндагони ин созмон эълон доштанд, ки дар талоши "эҳё"-и Фронти Халқиянд, аммо бидуни силоҳ.
Дар оғози моҳи майи соли ҷорӣ Муҳиддин Кабирӣ , раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо ирсоли як нома ба унвони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, хоҳиш кард, то ба муносибати 15-солагии таҷлил аз Иди Ваҳдат размандагони собиқи Иттиҳодияи нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик (ИНОТ)-ро афв кунад. Масъулони ҲНИТ гуфтанд, ки ин нома бо замимаи ному насаби 161 нафар аз размандагон ва аъзои собиқи оппозитсиюн ба президенти Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Баъд аз он бархе аз размандагони собиқи ИНОТ изҳори норизоӣ карданд, ки номи онҳо дар ин феҳристи Ҳизби Наҳзати Исломӣ ҷо нагирифтааст.