Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерали рус: "Созишномаи тамдиди пойгоҳ ба хатар рӯ ба рӯ шудааст"


Генерали рус, Владимир Чиркин.
Генерали рус, Владимир Чиркин.

Владимир Чиркин, фармондеҳи нирӯҳои хушкигарди Русия аз мушкилоти имзои қарордод бо Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард.

Владимир Чиркин, гуфтааст, имзои Созишномаи тамдиди пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба мӯҳлати 49 сол ба хатар рӯбарӯ шудааст.

Ин генерали рус, ки дар нишасти Кумитаи Шӯрои Федерацияи Русия оид ба мудофеа ва амният сӯҳбат мекард, гуфт, "мушкилоти зиёде мавҷуд аст, ки тамдиди қарордоди истиқрори нерӯҳои низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон ба муддати 49 солро ба хатар мувоҷеҳ кардааст", - менависад РИА Новости.

Чиркин дар идома афзудааст, Тоҷикистон пешниҳод кард, ки қарордод танҳо ба мӯҳлати 10 сол имзо шавад. Русия дар Тоҷикистон ҳудудан 7 ҳазор нерӯи низомӣ дорад, ки қисме дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, гурӯҳи дигар дар Қӯрғонтеппа, 100-километрии ҷануби пойтахт ва бахше ҳам дар Кӯлоб, 200 километр, дуртар аз Душанбе ҷойгир шудаанд.


Ин нерӯ бузургтарин воҳиди низомист, ки Русия берун аз қаламрави худ мустақар кардааст. Пойгоҳи низомии Русия аз замони Шӯравӣ ба ин сӯ дар Тоҷикистон ҳузур дорад. Баъд аз эъломи истиқлолият музокироте бо мақомоти рус дар бораи ба ихтиёри Тоҷикистон гузаштани ин пойгоҳ матраҳ буд, аммо бо мухолифати Узбакистон ва ба дунболи он ҷанги дохилӣ баҳси ин пойгоҳ ба итмом расид ва дар ихтиёри Русия монд.


Ҳамзамон бо ин, Чиркин бурузи эҳтимолии ташаннуҷ дар Осиёи Марказӣ, баъди берун рафтани нирӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистонро пешгӯи кард ва гуфт, ба низоъҳои маҳдуд кашида шудани се кишвари минтақа - Ӯзбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро аз эҳтимол дур намедонад.


Ибтидои моҳи марти соли гузашта дар Душанбе ва баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури собиқи Русия, Дмитрий Медведев, эълон дошт, ки пойгоҳи низомии 201-и Русия то 49 соли дигар дар Тоҷикистон хоҳад монд. Аммо иддае аз қишрҳои рӯшанфикри Тоҷикистон ин изҳороти раисиҷумҳури Русияро таҳқири мардуми Тоҷикистон хонда ва тақозо карданд, ки ин мӯҳлат то 7 сол кӯтоҳ карда шавад.

Аммо моҳи апрели соли ҷорӣ Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон гуфт, ду тараф ба мувофиқа расидаанд, то музокирот сари ин созишнома суръат бахшида шавад. Ҷаноби Лавров илова кард, раҳбарияти Тоҷикистон барои нигоҳдории пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави кишвари худ манфиатдоранд.

Бино ба гузоришҳо, Тоҷикистон аз Русия мехоҳад, баъд аз соли 2014-ум солона барои ҳузури пойгоҳаш дар Тоҷикистон 300 миллион доллар бипардозад, аммо Маскав ба ин талаб розӣ нест.

Назари сокинон: Пойгоҳи низомии Русия 49 соли дигар монад?

Пойгоҳи низомии Русия 49 соли дигар монад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:21 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG