Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи мухолифони Каримов ба ҳамсояҳои Узбакистон


Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон
Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон

Рӯзи шанбе, 30-юми июн, як гурӯҳ аз мухолифони Ислом Каримов дар шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чех мулоқот карданд.

Мухолифони режими Ислом Каримов дар хориҷа роҳҳои муносиби барканории раисиҷумҳури Узбакистонро ба баррасӣ гирифтаанд. Муҳаммад Солеҳ, яке аз раҳбарони мухолифони узбак, низ дар ин мулоқот ширкат дорад. Вай аз соли 1993-юм дар муҳоҷират ба сар мебарад ва соли 2001-ум дар Прага боздошт шуда буд, вале баъдтар, вақте мақомоти Ҷумҳурии Чех иттиҳомоти зидди вайро бепоя хонданд, аз боздошт раҳо шуд.

Мулоқоти гурӯҳи мухолифони узбак дар шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чех дувумин мулоқоти онҳо дар солҳои ахир аст. Соли гузашта чунин мулоқот бори аввал дар Олмон баргузор шуда буд. Дар ин мулоқот аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Узбакистон иттиҳоди Ҷунбиши мардумии Узбакистонро таъсис доданд.

Муҳаммад Солеҳ: "Мо раҳбарияти Узбакистонро “режими Каримов” ном мебарем ва бо ин ном мешиносем. Ин режим тағйир наёфтааст ва яке аз режимҳои саркӯбкунанда на танҳо дар минтақа, балки дар тамоми ҷаҳон боқӣ мондааст. Ҷавоби мо ба чунин режим ҳамин гуна сахт хоҳад буд. Дар ин бора мо соли гузашта барномае ба тасвиб расонда будем. Муттаассифона, соли гузашта муяссар нашуд, ки ҳамаи моддаҳои ин барномаро дар амал татбиқ кунем, вале ҳоло иҷрои ин барнома наздик мешавад. Дар давоми як сол мо тавонистем, то андозае бо мардум тамос барқарор кунем ва ба онҳо моҳияти барномаи худро фаҳмонем."

Радиои Озодӣ: Оё ҷунбиши Шумо омода ҳаст, ки номзади худро дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии Узбакистон пешбарӣ кунад?

Муҳаммад Солеҳ
Муҳаммад Солеҳ
Муҳаммад Солеҳ: "Албатта, агар интихоботи солим баргузор шавад, ҷунбиши мо номзади худро пешбарӣ хоҳад кард. Вале то замоне ки Каримов дар сари қудрат аст, мо фикр мекунем, чунин интихобот баргузор нахоҳад шуд. Барои ҳамин, барои баргузории чунин интихоботи озод, шарти аввали мо ин аст, ки Каримов бояд аз мақомаш равад."

Радиои Озодӣ: Вале чӣ тарз?

Муҳаммад Солеҳ: "Вайро бояд аз ҳокимият дур кард, аз роҳҳои баргузории ҳар гуна тазоҳурот ва роҳҳои демократӣ. Ҳатто аз роҳҳои қатъӣ, яъне аз роҳҳои итоат накардан."

Радиои Озодӣ: Ба назари Шумо, чаро Каримов нисбат ба кишварҳои ҳамсояи худ сиёсати хусуматомезро пеш гирифтааст, дар сурате, ки мардуми ин минтақа аз гузаштаҳо бо ҳам зиндагӣ кардаанд?

Муҳаммад Солеҳ: "Каримов аз рӯзи аввали расидан ба қудрат сиёсати хасмона бо ҳамсоягонашро оғоз кард. Дар аввали солҳои 1990-ум вай хеле тарс дошт, ки озодии баён ва демократия аз кишварҳои ҳамсояи мо ба Узбакистон роҳ меёбад. Барои он ки дар авоили он солҳо дар Тоҷикистону Қирғизистон ва Қазоқистон озодии баён нисбат ба Узбакистон бештар буд. Дар вуҷуди Каримов тарс дар баробари озодии баён ва демократия дар ҳамон солҳо ҷой шуда буд. Чунин тарс вайро маҷбур сохт, ки ҳамаи дарҳои Узбакистонро бибандад. Барои он ки агар озодии баён ва демократия мавҷуд бошад, Каримов ҳатто се моҳ дар сари қудрат истода наметавонад. Дарҳоро баст ва ин тактикаи вай то ҳол давом дорад. Сабаби дигар нест."

Радиои Озодӣ: Бубинед, Каримов ҳамеша бар зидди сохтмони нерӯгоҳҳои Роғун ва Қамбарота дар Тоҷикистону Қирғизистон изҳори ақида мекунад. Фикр намекунед, ки бо чунин рафтор мехоҳад мардуми Узбакистонро бар зидди кишварҳои ҳамсояаш шӯр андозад ва умри ҳокимияти худро бақои бештар бубахшад?

Муҳаммад Солеҳ: "Барои ҳалли ин масъала мешавад бо Тоҷикистон ё бо миёнравҳо паси мизи музокира нишаст ва ин масъаларо ба таври мусбат ҳал кард. Дӯстона ва бародарона мешавад ин масъаларо баррасӣ намуд. Вале дар табиати Каримов чунин сифатҳои инсонӣ нест, ба ҳамин сабаб вай наметавонад бе моҷаро ва бидуни таҷовуз ин масъаларо ҳал кунад. Агар мо ба сари қудрат оем, ин масъаларо метавонем ҳал кунем. Бояд сари мизи музокира нишаст ва ин масъаларо ба нафъи ҳамаи мардуми Осиёи Марказӣ ҳал кард."

Радиои Озодӣ: Яъне, агар Шумо - мухолифон ба сари ҳокимият оед, ҳамкорӣ бо ҳамсояҳо тағйир хоҳад кард, ё он гуна, ки дар давраи Каримов ҳаст, боқӣ мемонад?

Муҳаммад Солеҳ: "Мо вазъи имрӯзаро комилан тағйир медиҳем. Аввалан, мутмаин ҳастем, ки ҳамаи мардуми Осиёи Марказӣ аз гузаштаҳо бо ҳам зиндагӣ кардаанд ва онҳо бародари якдигаранд. Мо сиёсати хориҷии худро нисбат ба ҳамсояҳо бо назардошти ҳамин маҳфум пеш мебарем, ҳам бо Тоҷикистон, ҳам бо Қирғизистон ва ҳам бо Қазоқистон. Ниёкони мо дӯстона бо ҳам зистаанд ва мо низ ба он сазовор ҳастем. Агар мо ба сари қудрат оем, ин анъанаро барқарор мекунем."
XS
SM
MD
LG