Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ ҳанӯз интизори посух аст


Ҳизби наҳзати исломӣ аз шеваи муносибати дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва додгоҳи ноҳияи Сино ба муроҷиатҳои худ изҳорӣ нигаронӣ мекунад.

Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси ҳизб ба радиои «Озодӣ» гуфт, ба дархости вакилони ҲНИТ дар парлумон, ки як моҳ пеш ба дастгоҳи иҷроияи президент дар мавриди воқеият доштани протоколи ҷаласаи ҳукуматӣ аз 24 ноябри соли 2011 фиристода шуда буд, то ба ҳол посух нагирифтаанд.

Вай афзуд, ҳамчунин додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 2 моҳ ба ин сӯ ду аризаи даъвогии ҳизб дар мавриди аз эътибор соқит донистани супориши Додситонии кулл дар мавриди санҷиши ҳизбро, ба истилоҳ «футбол» мекунад. Оқои Ҳайит гуфт, аз 27 банди ин супориш, 21 банд ба салоҳиятҳои Додситонии кул ворид намешавад.

Муҳаммадалӣ Ҳайит, аз раҳбарони ҲНИТ
Муҳаммадалӣ Ҳайит, аз раҳбарони ҲНИТ
Муроҷиати вакилони ҲНИ дар парлумон ба дастгоҳи президент 5-уми июн ва аввалин аризаи даъвогии ҳизб 7-уми майи соли равон ба суди ноҳияи Сино супорида шудаанд. Масъулини ҳизб мегӯянд, новобаста аз муроҷиатҳои пайдарпай ба мақомоти давлатӣ, иҷроиши протоколи 32-20, ки дар расонаҳои русӣ нашр шуд, аз сӯи ниҳодҳои ҳукуматӣ дар кишвар идома дорад.

Дар ин протокол дар бораи рӯи даст гирифтани тадобири фишор ба аъзои ҲНИТ дар Тоҷикистон сӯҳбат мешавад. 9 апрели соли равон дар посух ба номаи ҲНИТ дар бораи воқеият доштан ё надоштани ин протокол Доситонии кулл гуфта буд, ки мӯҳтавои санади нашршуда аз асли он комилан фарқ дорад.

Муҳаммадалии Ҳайит мегӯяд, имрӯзҳо аризаи саввуми даъвогии худро ба додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт ироа хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG