Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Мерседес»-ҳои ба яғморафтаи Олмон дар Тоҷикистон?


Тоҷикистон ва Ӯзбакистон аз ҷумлаи кишварҳое унвон шудаанд, ки мошинҳои рабудашудаи Олмон бештар аз ҳама дар бозори онҳо ба фурӯш гузошта мешавад.

Ин нуктаро мақомоти пулиси Олмон дар як сӯҳбат бо маҷаллаи маъруфи «Шпигел» баён доштаанд. Ба гуфтаи онҳо, мизони қоҷоқи мошин аз Олмон 22 дарсад афзоиш ёфта, мошинҳои дуздӣ аксаран аз тариқи кишварҳои Аврупои Шарқӣ ба Осиёи Марказӣ, махсусан ба Тоҷикистону Узбакистон интиқол меёбанд.

Дар ҳамин ҳол мақомоти Тоҷикистон ҳам ахиран аз ошкор шудани даҳҳо мошине хабар додаанд, ки аз Олмон рабуда ва бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон оварда шудаанд. Барои ҷилавгирӣ аз ин падида дар Тоҷикистон ҳайати муштараки Кумитаи гумрук, Вазорати корҳои дохилӣ ва намояндагии пулиси байналмилаллӣ таъсис ёфтааст.

Аммо масъулони Бозрасии давлатии автомобилӣ дар ин мавзӯъ ақидаи дигар доранд. Онҳо мегӯянд, имкони импорти мошинҳои дуздӣ ба Тоҷикистон ва он ҳам бо ташаббуси шаҳрвандони Тоҷикистон хеле кам аст. Юсуф Гадоев, як масъули Бозрасии давлатии автомобилии ин кишвар дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то овардан ба Тоҷикистон, воситаи нақлиёт чандин кишвару сарҳадҳоро убур мекунад:

«Маълум аст, ки мо бо бисёр кишварҳо ҳамсарҳадем ва воситаҳои нақлиёт ҳам танҳо бо роҳи автомобилгард ё роҳи оҳан ба кишвар оварда мешаванд ва аз назари масъулини гумруки кишварҳои зиёде мегузарад. Барои ҳамин ин иддао, ки мошинҳои қоҷоқии зиёде аз Аврупо ба Тоҷикистон ворид мешаванд, чандон асоси воқеӣ надорад».

Аз сӯйи дигар ба қавли ҷаноби Гадоев ҳар мошине, ки то ба Тоҷикистон мерасад аллакай соҳиби ҳуҷҷату асноди қонунист ва аз сӯйи масъулони ин кишвар бояд ба қайд гирифта шавад. Ифшои чунин мошинҳо, дар ҳоле ки онҳо асноди нав ва боварбахш доранд, кори мушкил аст. Барои ин бояд мақомоти Тоҷикистон ба кишварҳое, ки он василаи нақлиётиро содир кардааст, дархост фиристоданд ва агар посух манфиву шубҳанок буд, он мошин ба рӯйхати сиёҳ ворид шуда, шӯъбаҳои ҷустуҷӯӣ ё пулиси байналмиллалӣ аз паяш мешавад.

Валиҷон Раҳматов, як сокини Душанбе, ки солҳои зиёдест мошинҳои фурӯширо аз кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Олмон, ба Тоҷикистон ворид мекунад, мегӯяд, солҳои пеш шумори ронандаҳое, ки бо овардан ва тиҷорати мошин машғул
Мошинбозори Душанбе
Мошинбозори Душанбе
буданд кам буд, вале ҳоло теъдодашон хеле зиёд шудааст ва мошинҳоеро ворид мекунанд, ки гаронарзишанд ва ин то ҷое шубҳаангез аст. Ба гуфтаи Валиҷон Раҳматов, имкони иштибоҳан харидани мошинҳои рабудашуда дар он кишварҳо кам нест, бинобар онҳо бояд тавонанд мошини аслро аз тақаллубӣ фарқ кунанд.

«Ҳар мошине, ки мо мегирем онро бо ҳуҷҷаташ ҳатман хуб тафтиш мекунем. Дар бриф ё ҳамон техпаспорти мошинҳои олмонӣ рақами муҳаррик ё матор, ранги мошинро иваз кардан мумкин, аммо муҳи​м инҷо рақами кузов аст, ки онро тағйир додан имкон надорад. Зери курсие, ки назди ронанда ҷой гирифтааст чанд ҳарфу баъдан рақам аст, ҳамон рақамҳо бояд ба аркоми ҳуҷҷати мошин мувофиқат кунад. Ҳамин тавр мешавад қоҷоқӣ будан ё набудани мошинро муайян кард.», гуфт Валиҷон Раҳматов.

Гуфта мешавад ҳодисаҳои қоҷоқ ё рабуда шудани мошин дар ҷаҳон, ба вижа дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва давлатҳои собиқ иттиҳоди шӯравӣ зиёд ба мушоҳида мерасад. Аммо Ҳайдар Шодиев сармуҳарири маҷаллаи «Автостайл» мегӯяд, ошкор кардани ин ҷиноятҳо кори осон нест. Зеро дар ин кор бештар гурӯҳҳои муташаккили байнулмилалӣ даст доранд ва эҳтимолан онҳо бо ёрии ҳомиёни худ дар миёни кормандони сохторҳои давлатӣ амал кунанд. Барои ворид кардани мошин аз сарҳади чандин кишварҳо ин гурӯҳҳо маблағи зиёде харҷ мекунанд, аммо маблағи даромад аз ин кор низ хеле зиёд аст.

«Ҳуҷҷатҳо барои ҳар як мошин тартиб дода мешавад, мутахассисони хубе барои ин кор ҷалб мешаванд, онҳо серияҳои мошинҳоро иваз мекунанд ва хеле душвор аст қоҷоқӣ будани ин мошинҳоро муайян кардан. Онҳо каналҳои хуб доранд. Инҷо фасоду ва харидани мансабдорони масъул ҳам вуҷуд дорад. Аммо ба ҳар ҳол бо дигар давлатҳо муштарак кор кард ва интерполу ходимони гумруку сарҳади кившарҳоро ҷалб кард, мешавад пеши роҳи ин ҷиноятро гирифт. Бояд сарҷамъ шуд», афзуд Ҳайдар Шодиев.

Бо ин ҳол гуфта мешавад теъдоди мошинҳое, ки ба Тоҷикистон ворид мешаванд сол то сол меафзоянд. Бино ба иттилои Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон, дар 6 моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 24 ҳазор воситаи нақлиётӣ ба кишвар ворид карда шудааст. Аксари ин мошинҳо дасти дуввум ва истифодашудаанду аз кишварҳои зиёде аз ҷумла Русияву давлатҳои арабӣ бо асноди ин кишварҳо оварда мешаванд.
XS
SM
MD
LG