ББС хабар дод, ки дар Бадахшон ба як гурӯҳи ОМОН – воҳиди вижаи милиса – ҳамла шудааст. Бино ба ин гузориш, ҷамъи аъзои ин воҳид аз 25 то 28 нафар буда, се тани онҳо захмӣ шудаанд. Захмиёнро ба бемористони маркази ноҳияи Ванҷ интиқол додаанд, вале сарнавишти боқӣ маълум нест. Ин воҳид дар роҳ ба сӯи Хоруғ – маҳалли амалиёти низомӣ алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ – дар рустои Калоди ноҳияи Рӯшон ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст. Вале манобеи наздик ба Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ин хабарро тасдиқ накарданд.
Маҷаллаи бритониёии “Экономист” навишт, дар Бадахшон маъмулан ба пешвои исмоилиҳо Оғохони чорум эҳтироми бештар қоиланд, то ба раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон. Ба навиштаи маҷалла, дар паси даргириҳо дар ин вилояти дурдаст ғолибан қочоқи маводи мухаддир ва ҳам сиёсат истодааст ва оқои Раҳмон ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад, ки ин мардум дар солҳои ҷанги хунини шаҳрвандӣ аз ӯ ҳимоят накард.
Аксари расонаҳо ҳамин тавр, аз масдуд шудани дастрасӣ ба сомонаи Ютюб дар Тоҷикистон хабар додаанд. Ин иқдом дар пайи нашр шудани ахбори алтернативӣ дар бораи ҳаводиси Хоруғ тавассути ин сомона сурат гирифта, сомонаи Евразиянет навишт, ҳадафи ин иқдом чун қатъ кардани иртиботи телефонӣ ё маҳдуд кардани дастрасӣ ба сомонаи “Азия Плюс” дар авоили ҳафта якест: маҳдуд кардани дастрасӣ ба иттилоъ дар бораи ин буҳрон.
Евразиянет тафсири раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Зуҳуровро, ки гӯё ба як сими иртибототӣ бархӯрдани як тири дайдуро сабаби қатъ шудани алоқа бо Бадахшон номид, тафсире “боварнокарданӣ” номида, мегӯяд, шарҳи ӯ баръакс ба оташи нигаронии мардуме равған мерезад, ки имкони иртибот бо пайвандони худро гум кардаанд. Ба гуфтаи ин расона, дар пасманзари шоеъоти бархоста, бисёриҳо ин суолро матраҳ мекунанд, ки оё ҳукумат чи чизеро мехоҳад пинҳон кунад?
Нашрияи “Коммерсант”, чопи Маскав навишт, ки мухолифини Эмомалӣ Раҳмон дар Бадахшон ба раисиҷумҳури Русия Владимир Путин муроҷиат кардаанд, ки дар амри хатми низоъ кӯмак кунад. Иқболшоҳ Муборакшоев, намояндаи ҳизби демократи Тоҷикистон (ҷиноҳи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров) ба “Коммерсант” гуфтааст, Русия танҳо нирӯи мӯътабарест, ки метавонад ба таври воқеъӣ ба вазъи пешомада дар Помир таъсир кунад. Муборакшоев музокиротеро, ки дар Хоруғ ҷараён дорад, “музокирот таҳти мили автомат ва ғайривоқеъӣ” номида, аз мавқеъи вазорати хориҷаи Русия изҳори таассуф кардааст, ки ба гуфтаи ӯ, аз Душанбе ҳимоят мекунад.
Фёдор Лукянов, сардабири маҷаллаи “Россия в глобалной политике” дар матлабе таҳти унвони “Осиёи марказии бесоҳиб” навишт, ташаннуҷи вазъ дар Тоҷикистон шореҳонро ба ёди ҷанги шаҳрвандие бурд, ки расман ҳанӯз 15 сол пеш анҷом ёфта буд.
Михаил Тишенко матлабаш дар “Лента.ру” –ро “Мутеъ кардани Помир” ном гузошта, менависад, мақомот танҳо ба як қисми аҳдофи амалиёти Хоруғ ноил шуданд, вале раҳбари гурӯҳи худсар ғайб задааст. Тишенко баҳонаи расмии оғози амалиётро машкук ва ҳатто бемаънӣ унвон карда, менависад, ба хотири боздошти 4 гумонбар дар қатли генерали амниятӣ Абдулло Назаров ба майдони муҳориба табдил додани маркази як вилоят шеваи дурусти таҳқиқи куштор нест.
Таҳлилгари рус Аркадий Дубнов ба ин расона гуфтааст, ки “ҳатто агар Назаровро намекуштанд, пас ҳатман баҳонаи дигаре мебофтанд, то дар як соли боқимонда то интихоботи навбатӣ, ки Раҳмон рақиби ҷиддие , ба ҷуз аз мухолифини мусаллаҳаш надошт, ин нешро берун кунанд.” Ба ақидаи Дубнов, як ҳадафи бӯҳрони Хоруғ шояд талоши тақсими бозори қочоқи маводи мухаддир бошад.
Александр Храмчихин, таҳлилгари Пажӯҳишгоҳи таҳлилҳои сиёсиву низомии Русия гуфтааст, “ҷанги шаҳрвандӣ дар Бадахшон амалан ҳеҷ гоҳ қатъ нашуда буд, танҳо каме таскин ёфта буд ва бо хуруҷи нирӯҳои Ғарб аз Афғонистон ва бурузи Толибон ин ҷанг метавонад дубора дар бигирад.”
Леонид Ивашов, мудири Академияи масоили геополитикии Русия гуфтааст, “Тоҷикистон имрӯз осебпазиртарин кишвари Осиёи Марказӣ аз нигоҳи низоъҳои дохилист”, вале аз нигоҳи ӯ, ҳукумати Раҳмон бояд бо сари худ ин мушкилашро ҳалл кунад, на инки боз ҳам ба умеди дасти ёрии Маскав шавад.
Пажӯҳишгоҳи ҷанг ва сулҳ оташбас дар Бадахшонро “оташбаси мушкил” ба қалам дода, навишт, акнун чирикиҳо талабҳои худро пеш гузоштаанд, ки аз ҷумла аз бомҳо барчидани снайперҳо ва хуруҷи нирӯҳои эъзомӣ аз Хоруғ ва теппаҳои атрофи онро дар бар мегирад.
Расонаҳо ҳамин тавр, тасмими раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои лағви сафараш ба расми ифтитоҳи Бозиҳои олимпии Лондонро ба вазъи Хоруғ бастагӣ дода, менависанд, ба дарозо кашидани ҳалли ин буҳрон ихтиёри дигареро ба ҷуз аз лағви сафари Лондон барои оқои Раҳмон боқӣ намегузорад.
Ройтерс аз қавли як манбаъаш дар мақомҳои амниятӣ навишт, ки онҳо дар музокирот аз чирикиҳо ба давлат супурдани ҳамаи 4 гумонбар дар қатли Абдулло Назаров, бо шумули Толиб Аёмбеков, фармондеҳи қитъаи марзии Ишкошимро талаб мекунанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, оташбас ба хотири музокирот шояд як ило ду ҳафта идома кунад, вале ба таъбири ӯ, оташбас, ба ҳар сурат, беҳтар аз ҷангу даргирист.